ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДМТ

Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию хоҷагидории донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, дар ҷаласа масъалаи озмуни ишғоли вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон ва мудирони кафедраҳо мавриди  баррасӣ қарор гирифта, 13 нафар ба вазифаи мудири кафедра таъйин гардиданд. Дар зимн, раиси Шӯрои олимон, ректори ДМТ академик Имомзода М.С. мудирони навинтихобшударо барои содиқона хизмат ва дар рушди донишгоҳ саҳм гузоштан даъват намуда, иброз дошт, ки донишгоҳ барои ҳамаҷониба дастгири кардани онҳо омода мебошад.

Дар интиҳо аз ҷониби Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа буда қарори дахлдор қабул шуд.

ТАДЖИКСКИЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org