ФМ ДМТ бо МТО Белорус

ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ БЕЛОРУС


 ҚОДИРЗОДА ФАРҲОД АНВАР

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус

ҚОСИМОВ ИСМОИЛ ЛАТИПОВИЧ 

номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мушовири академии дараҷаи I-уми декани факултет

 ПИРОВА МЕҲРИНИГОР ҚУРБОНАЛИЕВНА

мушовири академии дараҷаи II –юми декани факултет

Факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус соли 2015 дар асоси шартномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии

 Белорус таҳсис ёфтааст. Дар соли аввали таҳсисёбӣ номи факултет, Факултети муштараки технологияи инфарматсионии ДДБ ва ДМТ номгузорӣ шуда буд, ки ҳамагӣ се ихтисос:
 31030700 – информатикаи тадбиқӣ;
 31080200 – математика ва технологияҳои иттилоотӣ;
 98010101 – амнияти компютерӣ, дошт.

Ин ихтисосҳо дар ҳайъати факултети механикаю математикаи ДМТ кушода шуда буданд. Баъд соли 2016 дар ҳайъати факултети Физикаи ДМТ ихтисосҳои:
 10001010 – амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ;
 43010600 – техгологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ, кушода шуд, ки ин ихтисосҳо дар факултаҳои Донишкадаи
байналмиллалии давлавтии экологии ба номи академик А.Д. Сахоров донишгоҳи давлатии Белорус ҳамроҳ мебошанд. Соли 2017 дар ҳайъати факултети Тиббӣ, ихтисоси:
 80020100-кори тиббӣ-биологӣ, кушода шуд, ки ин ихтсос ҳам дар
ҳайати Донишкадаи давлатии байналмилалии экологии ба номи академик А.Д. Сахаров шомил мебошад. Инчунин соли 2017 ихтисосҳои:

 57010100-ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ;
 48010200-технологияи химиявии модаҳои органикӣ, маҳсулот ва металҳо;
 48010100-технологияи химиявии модаҳои ғайриорганикии, маҳсулот ва металҳо, дар ҳайъати факултети Химия ва Биология кушода шуд.
Ихтисосҳои мазкур дар Ҷумҳурии Белоруссия ба факултетҳои Донишгоҳи давлатии техникии Белорус шомил ҳастанд.
Моҳи августи соли 2018 дар асоси қарори Шурои олимони донишгоҳ, Факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус таъсис дода шуд, ки дар бинои 17-ум, ошёнаи 5-ум ҷойгир шудааст. Нахустин декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирзода Фарҳод Анвар таъин гардид.
Бо ташабуси раёсати донишгоҳ соли 2018 ду ихтисос:
 03040300 – психологияи амалӣ;
 89010100 – сайёҳӣ ва меҳмондорӣ;
 26020500 – логистика.

Ихтисоси логистика соли 2019 кушода шуд. Ин ихтисосҳо ба ҳайъати
факултетҳои Донишгоҳи давлатии полотскии Белорус шомил мебошанд.
Айни замон аз рӯи 11 ихтисос дар факултет зиёда аз 800 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Фанҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии донишогоҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус ба роҳ монда шудаанд. Дарсҳо бо забони русӣ гузаронида мешаванд. Зинаи таҳсил бакалавр мебошад ва донишҷӯён дар асоси шартнома таҳсил менамоянд. Аз рӯи шартнома донишҷӯён ду соли аввал, яъне курсҳои 1-ум ва 2-юмро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва курсҳои 3-юм ва 4-умро дар муасисаҳои олии Белоруссия идома медиҳанд. Донишҷӯёни ихтисоси 80020100-кори тиббӣ биологӣ аз рӯи нақшаи таълимӣ 5-сол таҳсил мекунанд, яъне курсҳои 1-ум ва 2-юмро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва курсҳои 3-юм, 4-ум ва 5-умро дар муасисаҳои олии Белоруссия идома медиҳанд. Донишҷӯён дар Ҷумҳурии Белорусия бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Маблағи таҳсил дар Ҷумҳурии Белоруссия ҳамон маблағе мебошад, ки донишҷӯ соли дохилшавӣ дар ДМТ шартнома баста аст, яъне бетағир мемонад. Баъди хатм, хатмкунандагони ҳамаи ихтисосҳои факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус, соҳиби ду диплом мешаванд.

Донишгоҳи давлатии Белорус

Ихтисоси: 1-31030802 –математика ва технологияҳои иттилоотӣ (аз рӯи самт)
Соҳаи ихтисос: 1-31030802–Математик. Мутахасиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ
Самти ихтисос: Таъминоти математикӣ ва барномавии таҷҳизотҳои мобилӣ

Ихтисоси 1-310307 – Информтикаи тадбиқӣ (аз рӯи самт)
Соҳаи ихтисос: 1-310307– Системаи тақсимоти коркарди додаҳо
Самти ихтисос: Информатикаи тадбиқӣ (Таъминоти барномавии системаҳои компютерӣ)

Ихтисоси: 1-98010101– Амнияти компютерӣ (аз рӯи самт)
Соҳаи ихтисос: 1-98010101 – Усулҳои математикии ҳимояи иттилоот. Ҳимояи системаҳои иттилоотӣ
Самти ихтисос: Амнияти иттилоотӣ (усулҳи математикӣ ва системаҳои барномавӣ)

Донишгоҳи байналмиллалии давлатии экологии ба номи академик Сахоров А.Д. Донишгоҳи давлатии Беларус

Ихтисоси: 1-430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менедҷменти энергетикӣ
Соҳаи ихтисос: 1-430106 – Муҳандис барқчӣ-менеджмент
Самти ихтисос: Технологияи энергияи самарабахш ва менедҷменти энергетикӣ

Специальность: 1-800201 – Медико-биологическое дело (аз рӯи самт)
Квалификация: 1-800201 – относится к профилю образования L “Здравоохранение” – Биолог-аналитик. Цитология, Биохимия, Иммунология, Гематология
Направление специальность: Технико-лабораторное обеспечение

Ихтисоси: 1-1000101– Бехатарии радиатсионӣ ва ҳаста
Соҳаи ихтисос: 1–1000101-Муҳандис
Самти ихтисос: Бехатарии экологӣ

Ихтисоси: 1-570101–Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ
Соҳаи ихтисос: 1-570101–Муҳандис-химик-эколог
Самти ихтисос: Ҳифзи муҳити зист

Донишгоҳи давлатии технологии Белорус

Ихтисоси: 1-480101 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриораникӣ, мавод ва маҳсулот
Соҳаи ихтисос: 1-480101-Муҳандис-химик-технолог.
Самти ихтисос: – Химияи саноатӣ

Ихтисоси: 1-480201 – Технологияи химиявии моддаҳои ораникӣ, мавод ва маҳсулот
Соҳаи ихтисос: 1-480201– Техник ва технолог.
Самти ихтисос: –Химияи саноатӣ

Донишгоҳи давлатии Полотски Белорус

Ихтисоси: 1-890101 – Сайёҳат ва меҳмондорӣ
Соҳаи ихтисос: 1-890101 –Турагент. Экскурсовод
Самти ихтисос: –Сайёҳат. Меҳмондорӣ

Ихтисоси: 1-030403 – Равоншиноси амалӣ
Соҳаи ихтисос: 1-030403 –Омӯзгор-равоншинос
Самти ихтисос:
• таълимӣ-тарбиядиҳанда;
• таълимӣ-методӣ;
• равоншиносӣ;
• илмию-тадқиқотӣ;
• роҳбарӣ-идоракунӣ;
• фарҳангӣ-фаҳмондадиҳӣ;
• коммункативӣ.

Ихтисоси: 1-260205 –Логистика
Соҳаи ихтисос: 1-260205 –Логистик-иқтисодчӣ
Самти ихтисос:
– саноат;
– хоҷагии қишлоқ;
– сохтумон;
– нақлёт ва алоқа;
– савдо в хизматрасонӣ;
– соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ;
– мақомоти идоракунии давлат;
– тиҷорати хурд;
– молиявӣ-қарздиҳӣ ва ғ.