Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ

Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ дар асоси шартнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Дафтари марказии Институти Конфутсий аз 27.08.2008 таъсис дода шудааст. Дар асоси шартномаи мазкур Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии халқии Хитой ҳамчун донишгоҳи шарик дар таъсиси Марказ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Санаи 17.06.2009 ифтитоҳи расмии  Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ баргузор гардид.

Вазифаи асосии Марказ таълиму тадриси забони хитоӣ ба хоҳишмандон ва дар ин замина шинос намудани онҳо ба расму оин ва фарҳангу маданияти мардуми Чин аст. Дар ин самт новобаста аз синну сол хонандагон ба дарсҳо ҷалб мешаванд. Дар ибтидои таъсиси Марказ ҳамагӣ 4 нафар устодони забони чинӣ аз Ҷумҳурии халқии Хитой барои тадрис ҷалб шуда буданд, ки айни замон миқдори онҳо беш аз 30 нафарро ташкил медиҳад. Алҳол дар Марказ зиёда аз 400 нафар хонандагон дар 30 гуруҳ ба таълими забони хитоӣ ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 10 нафар устодон дарс мегӯянд. Дарсҳо мувофиқи хоҳиши толибилмон сурат гирифта, дар як ҳафта се рӯзро ташкил медиҳанд ва дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Боиси хушнудист, ки устодони Марказ дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба забономӯзон дарс мегӯянд.

Тавре маълум аст, ҳамасола ҷиҳати идомаи таҳсил дар Ҷумҳурии халқии Хитой барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин кишвар миқдори муайяни квотаҳо пешниҳод мегардад, ки хоҳишмандон метавонанд баъди гузаронидани суҳбат таҳсили худро дар донишгоҳҳои мухталифи Ҷумҳурии мардумии Чин идома диҳанд. Чунончи, аз соли 2009 то соли 2015 477 нафар донишҷӯёну толибилмони тоҷик тибқи бурсияҳои ҷудонамудаи Институти Конфутсий аллакай дар донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил намуда истодаанд. Аз ин миқдор 85 нафар дар риштаи докторантура, 47 нафар дар риштаи бакалавриат, 215 нафар дар самти забономӯзии яксола, 51 нафар ба забономӯзии шашмоҳа ва 79 нафар дар самти забономӯзии якмоҳа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар ин муддат Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий 144 нафар донишҷӯёнро барои гирифтани бурсияҳои ҷудонамудаи Ҳукумати ҶХХ пешниҳод намудааст, ки онҳо таҳсили худро идома дода истодаанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Марказро корҳои ташкилию тарбиявӣ ташкил медиҳанд, ки дар ҷода ҳамасола бо ибтикори Марказ ва дигар муассисаҳои дахлдор чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла баргузории озмуни «Пули Хитой» («Китайский мост») ҳамасола аз тарафи Марказ дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ сурат гирифта, ғолибон барои иштирок ба даври ниҳоӣ ба ҶХХ фиристода мешаванд.

Айни замон роҳбарии Марказро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филология Дӯстов Ҳамрохон Ҷумъаевич ба уҳда доранд. ӯ дар ҳамдастӣ бо Директори Марказ аз ҷониби ҶХХ муҳтарама Дзия Дзен Фан пайваста бар он талош доранд, ки сафи забономӯзон зиёд гардида, дар ин росто шумораи таҳсилкунандагон дар муассисаҳои олии ҶХХ аз ҳисоби толибилмони ватанӣ бештар гардад. Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий ғамхориву дастгириҳои мунтазами раёсати донишгоҳро эҳсос намуда, баҳри ҳарчи хубтару беҳтар гардидани ҷараёни таълими забони чинӣ дар Марказ аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода мебарад.    

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ яке аз нерӯҳои асосии тақвиятбахшандаи дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой маҳсуб меёбад.