ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ


DNРектори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият ба даст овардан дар давраи ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ табрику шодбош менамояд.

«Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпиии Рио-де-Жанейрои Бразилия партавафшон гашт ва ин ба талошҳои варзишгари шинохта Дилшод Назаров тааллуқ дорад.

Донишгоҳи миллӣ бо шумули тамоми устодону донишҷӯён, аспирантону докторантон ин пирӯзиро ба Дилшод Назаров ва ба ҳама шаҳрвандони кишвар табрик намуда, барояш дар зиндагиву варзиш тани сиҳат ва комёбиҳои навбанав таманно доранд.

Бигзор Парчами тоҷик ҳамеша партавафшону оламгир бошад!»