ҶОИЗА МУБОРАК, УСТОДОНИ АЗИЗ!

IMG 6361Санаи 29-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Ҳамин тариқ бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 91 нафар бо Медали хизмати шоиста, 9 нафар бо Медали Ҷасорат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Ватан, 2 нафар бо рутбаҳои навбатии махсуси навбатӣ, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи I, 1 нафар бо медали Шафқат, 5 нафар бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардида, ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 12 нафар ва ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар мушарраф гардиданд.

         Боиси хушнудист, ки дар ин миён устоди донишгоҳ Назрулло Саидов – декани факултети фарматсевтӣ ба Медали хизмати шоиста ва дотсенти кафедраи филологияи араб, сармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и ДМТ Кароматулло Исмонов, мудири кафедраи таърихшиносӣ ва архившиносии факултети таърих Тоҷиддин Ѓуломов, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Анвар, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Парвиз Маҳмадов ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

         Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ устодони гиромиро барои сазовор шудан ба ин дастовардҳо самимона табрик гуфта, ба эшон саломатӣ ва дар корҳои илмию таълимияшон комёбиҳо таманно доранд.

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"