ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ


IMG 6511

Ҳамасола дар ватани азизамон – Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ - 1-уми сентябр ботантана гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи муборак ба ин ё он муассисаи олӣ ва миёнаи кишвар ташриф оварда, роҷеъ ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат - мактабу маориф изҳори назар  менамояд. Имсол Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дониш ва дарси сулҳро дар донишгоҳи навтаъсис – Донишгоҳи давлатии Данғара таҷлил намуд.

Чун анъана субҳи он рӯз аҳли илму маориф суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар толори калони донишгоҳ ҷамъ омада, суханронии Пешвои миллатро бо диққат тамошо менамуданд.

Пас аз суханронии Пешвои миллат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи дониш чун анъанаи солҳои гузашта бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуд. Дар ин санаи муборак Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, намояндакони Вазорати маориф ва илми кишвар ва ВКД ба донишгоҳ ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ин ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аҳли нишастро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Ҳамрализода Фаррух  зимни суханронии хеш ба донишҷӯён аз бар намудани илму донишро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар донишҷӯ номида, ҳамзамон таъкид намуд, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, ки мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯроIMG 6521 ба камол расонанд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух масъалаи баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнатии ватаниву хориҷӣ ҷавобгӯро яке аз проблемаҳои муҳимтарини соҳаи маориф арёбӣ кард.

Дар ҳамоиш мудири кафедраи филологияи Эрон, профессор У.Сафаров зимни суханронии хеш қайд кард, ки маориф ва кори таълиму тарбия ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Мавсуф афзуд, ки тақозои замон аст то сифати таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ пайваста баланд бардошта шавад.

Дар интиҳо намояндаи донишҷӯёни курси панҷум ба хотири такмилиIMG 6528 минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ супорид.

Нишаст бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ба охир расид.

Т. ИҲРОМОВ

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"