НАМОИШГОҲ


 

IMG 2946Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастовардҳои илмию таълимӣ ва технологию фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи пойтахт намоиш дода мешавад. Дар ин чорабинӣ масъулини Донишгоҳи миллӣ як қатор дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳро манзури тамошобинон намуданд.

Дар намоишгоҳ натиҷаи корҳои илмию таълимии устодони донишгоҳ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ намоиш дода шуд. Мушоҳида гардид, ки сокинони пойтахт аз дастовардҳои олимону ихтироъкорони ин ё он муассисаи олию миёна ва аз маҳорати варзишии варзишгарон хушнуд гашда, ба ташкилшунандагони ин ҳамоишҳо изҳори сипос менамуданд.

IMG 2939

 

Ёдовар мешавем, ки пешкаш намудани дастовардҳои илмию техникӣ ин роҳи расидан ба истеҳсолот ва огоҳ шудани мардум аз дастовардҳои даврони Истиқлолият мебошад. 

 

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"