Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С.: Донишгоҳ ҷавонони боистеъдоду донишмандро интизор аст


 

Миллат маҳз бо фарзандони таълимдидаву тарбиятгирифтаи худ устувор гаштаву оламшумул мегардад. Ба вижа дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки илму технология ба таври беназире инкишоф ёфтааст, кадрҳои баландихтисос дар посдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Воқеан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамон макони босалоҳияту бомасъулиятест, ки муҳассилини он ояндасозӣ хоҳанд кард. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд:

«Агар мо хоҳем, ки ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сифату сатҳи зиндагонии мардумамон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таъмини ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгў равона кунем». Дар ин ҷода Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун калонтарин муассисаи таълимии кишвар нақши муассир дорад.

Донишгоҳ беш аз 2 ҳазор нафар устодону кормандон ва беш аз 20 ҳазор нафар донишҷўёнро муттаҳид мекунад. Имрўз дар 18 факултети донишгоҳ бо фарогирии 93 ихтисос донишҷўён ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таҳсил ҳам бо усули анъанавӣ ва ҳам бо усули кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Синфхонаву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо технологияи навтарин, хобгоҳҳои замонавии донишҷўёну аспирантон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаҳои хизматрасонии фарҳангиву маишӣ дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд.

Дар Донишгоҳи миллӣ қариб 600 нафар устодони унвони илмидошта фаъолият мекунанд, ки аз онҳо қариб 200 нафарашон академикҳо, профессорону докторони илм мебошанд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ дар ҷавоби ѓамхориҳо ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи рақами аввали кишвар тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро барои тарбияи насли наврас ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол истифода мебаранд.  
Довталабони азиз!
Раёсати Донишгоҳи миллӣ барои довталабон ҳама шароитро фароҳам овардааст ва умед дорем, ки ба донишгоҳи мо ҷавонони донишманду ҳушманд ва заковатманд ба хотири ояндаи сазовори ҷомеа ҳуҷҷат месупоранд. Бовар дорем, ки ҳадафи асосии шумо аз интихоби Донишгоҳи миллӣ танҳо гирифтани дониши ҳаматарафа ва саҳм гузоштан дар рушди Ватани соҳибистиқлоламон мебошад. Зеро ин макони илму таълим, маънавияту тарбия, хулоса, макони ташаккули ҳамаҷонибаи шахсиятҳоест, ки ояндаи неку мутараққии Тоҷикистони соҳибистиқлолро фароҳам сохта метавонанд.

 

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"