ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ-ПЕШСАФТАРИН ДОНИШГОҲИ ҶУМҲУРӢ


10

Санаи 8 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016” эълон гардид.

 

Раиси ҳайати мушовара ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур дар оғози суханронии худ  роҳбарони вазорат, муассисаҳои таълимӣ ва илмии Тоҷикистон, хулоса тамоми ҳозиринро  ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла, иброз дошт, дар рӯзномаҳои “Тоҷикистон”, “Аргументи и факты в Таджикистане”, сомонаи “Tajikistantimes.сom” маводҳои зиёде дар таблиғи дастоварҳои донишгоҳу донишкадаҳо чоп ва дастраси хонандагон гашт. Мувофиқи пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон” ҳудуди се миллион  хонандагони дохилӣ ва хориҷи кишвар аз фаъолияти донишгоҳҳо огоҳӣ пайдо карданд ва ин донишкадаҳо тарғиб гаштаанд.

Дар ҷаласа ғолибони озмунро  муовини вазири  маориф ва илми ҶТ Одиназода Бозоралӣ Неъмат эълон кард. Ҷоиза ва дипломҳоро ба ғолибон ва барои истироҳат ба пешоҳангон 2 роҳхат ба осоишгоҳи “Баҳористон” ва як роҳхат ба “Сароб” –ро Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шариф Ҳамдампур, раиси ҳайати мушовара, сармуҳаррири “Тоҷикистон” тақдим намуданд.

-Аз рӯйи номинатсияи универсалӣ (мавҷудияти номгӯи васеи ихтисосҳо ва дастоварҳои кул) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи шароити мусоид (фароҳам овардан барои таҳсил ва зист) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи  устодони соҳибсалиқа  (соҳибтаҷрибагии  омӯзгорон) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Сароб» Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

-Аз рӯйи номинатсияи як кас барои ҳама, ҳама барои як кас (муттаҳидии коллективи  донишҷӯён) Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;.

-Аз рӯйи номинатсияи рақобатпазири мутахассисон ( талабот ба кадрҳои мактаби олӣ  дар бозори меҳнат) Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи илм дар амал (татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот) Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ:

-Аз рӯйи номинатсияи шуҳрат ва ифтихор (дастовардҳои донишҷӯён) Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;

-Аз рӯйи номинатсияи маъруфият ва робита (ҳамкорӣ бо макотиби олии хориҷӣ) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино;

-Аз рӯйи номинатсияи мавқеи фаъол  (иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ) Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;

-Аз рӯйи номинатсия пешоҳанг (татбиқи инноватсия ва технология) Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"