ОМОДА НАМУДАНИ БОНУВОНИ ЛАЁҚАТМАНД ЗАН ВА ҶОМЕА


 

2Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз дар баробари  тарбияи фарзанд занҳо боз дар баробари мардон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ нақши бориз доранду симои зан ба як шахсияти созанда ва ободкор табдил ёфтааст. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъятию сиёсӣ ва иқтисодиву маънавии кишвар фаъолияти созандаву назаррас доранд.

 

Ин андешаҳо аз ҷониби иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявие, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ оид ба мавзӯи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд - самти муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  доир гардид, ироа шуд.

Дар ин конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ бонувони роҳбар ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Бо даъвати кумитаи тадорукот аз Донишгоҳи миллӣ раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Шукрона Содиқова ва донишҷӯдухтароне, ки шомили курсҳои таълимии «Сарварони сиёсӣ»-янд (Моҳрухсор Ҳабибулоева – донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ, Дилором Олимова - донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора,  Мавлуда Расулова – донишҷӯи курси 3-юми факултети физика, Тоҷиниссои Нурулло - донишҷӯи курси 5-уми  факултети кимиё ва Фарангис Мирзоева – донишҷӯи курси 5-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ) ширкат варзиданд.

Дар ин конфронс аз ҷониби бонувони роҳбар як зумра маърӯзаҳои гуногунмавзӯъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки маърӯзаҳои муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Назирӣ Латофат Қаҳҳор «Саҳми занон дар рушди соҳаи маориф ва илм», сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ Гулчаҳон Умарова «Вазъи риояи ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ.С. Лангариева «Нақши занону модарони пойтахт дар таҳкими Истиклолияти давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар нишаст таъкид шуд, ки барои татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» чораҳои зарурӣ андешида шуд. Сол то сол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи зан дар ҷомеа боло рафт. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат дар бораи мақоми зан санадҳои ҳуқуқиро ба тавсиб расонд. Қайд гардид, ки ҳанӯз соли 1997 барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаҳои президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷорӣ шуданд ва ҳазорон духтарон аз он баҳравар гашта, дар соҳаҳои гуногун бо сарбаландӣ фаъолият доранд.

Андеша

Мо имкон пайдо намудем, ки бо раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Ш.Содиқова перомуни мавзӯи мадди назар ва масоили омода намудани донишҷӯдухтарон дар сатҳи роҳбар ҳамсуҳбат шавем.

-Воқеан, тарбияи насли солим ва инсони комил кори душвор аст. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ қонуну барномаҳои муҳиммеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, духтарон дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Бояд қайд намуд, ки занони арҷманди мо пеш аз он ки ба зинаи роҳбарӣ бароянд, аввал аз мактаби аввалини ҳаёт – муҳити хона мегузарад ва баъдан муҳити донишгоҳу сатҳи роҳбарӣ. Барои омода намудани донишҷӯдухтарон муҳити донишгоҳӣ ниҳоят зарур ва натиҷаовар аст. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти омода намудани донишҷӯдухтарони болаёқат тадбирҳои муҳимми саривақтӣ андешида шудааст ва ин иқдом дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…

Ин ҷо мо аз яке аз самтҳои бахши кор бо занон ва духтарони шуъбаи тарбияи донишгоҳ ёдовар мешавем, ки ин ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯдухтарон мебошад. Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбия тӯли як моҳ бо донишҷӯдухтарони курсҳои аввал машваратҳои корӣ гузаронида шуд, ки мақсад аз ин нишастҳо тарбияи дуруст ва ба талаботи донишгоҳ ҷавобгӯ будани донишҷӯдухтарон ва дар ин замина омода намудани духтарони болаёқату соҳибхирад мебошад.   Бузургон гуфтаанд: «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Яъне, мақсади мо ҳам аз курсҳои аввал дуруст тарбия намудани донишҷӯдухтарон ва дар ҷомеа ба камол расонидани бонувони лаёқатманд мебошад. 

Агар ба зиндагӣ ба назари нек назар кунем, мебинем, ки айёми Истиқлолиият ба занону донишҷӯдухтарони тоҷик рӯҳи тоза, қудрату тавоноӣ, дӯстиву садоқат меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба миллат ва ватани азизамон бахшидааст. Сол то сол беҳтар гардидани вазъи шароити  рӯзгор, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа гувоҳи гуфтаҳои мо мебошад»- мегӯят Ш.Содиқова.

Бепарвоӣ  - беморӣ?

Сармутахассиси шуъбаи тарбия Зарина Бозорова дар робита ба ин мавзӯъ афзуд, ки «Беморие, ки моро ба пеш рафтан ва ба ҳадафи асосии худ расидан намемонад, ин бепарвоист. Имрӯз замони он расидааст, ки мо дар якҷоягӣ пайи тарбияи дурусти донишҷӯён шавем».

Масъулин бар он назаранд, ки мо бояд дар якҷоягӣ дар пайи рушди одобу ахлоқ, донишу малака ва ҳунари донишҷӯён, хусусан донишҷӯдухтарон шавем, то онҳо дар оянда мутахассисони хуби соҳа гардида, шомили бонувони роҳбар дар ҷумҳурӣ ва берун аз он гарданд.

Нигора Худойдодова

Сарчашма: Маҷаллаи "БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ"