ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ АЗ ҶОНИБИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ


parchamДонишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо як қатор корҳоро ба сомон расонид, ки муҳимтарини онҳоро иҷрои корҳои зерин ташкил медиҳад:

       -дар дарсҳои тарбиявии 594 гурӯҳҳои академии факултетҳо бо ҷалби мутахассисон бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатӣ» доир ба мавзӯи «Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ» ва ғ. соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд;

  -рӯзи 23.11.2016 дар толори калони маҷлисгоҳи бинои марказии донишгоҳ чорабинии маърифатию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ифтихор» бо ҷалби доираи васеи ҳайати омӯзгорону кормандон, донишҷӯён, мутахассисону коршиносон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғафуров Х., мудири кафедраи муносибаҳои байналмилалӣ Нуриддинов Раймалӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Диноршоев Азиз баромад намуданд. Инчунин, барои ба навор гирифтани  чорабинии мазкур намояндагони телевизионҳои   «Шабакаи якум», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Пойтахт» ва Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» иштирок доштанд;

        -дар ҳамаи хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ин ҷашнвора мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он мутахассисони соҳаи ҳуқуқ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посух гуфтанд;

    -саҳни бинои асосӣ ва дигар биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳ бо Парчами давлатӣ насб гардонида шуда, ҳамчунин бо шиору лавҳаҳои ба «Рӯзи Парчами давлатӣ» алоқаманд оро дода шуд;

    -дар шумораи ҷашнии рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» ва нашриҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳои илмии устодон ва донишҷӯён марбут ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва нақши он дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятию давлатдорӣ рӯи чоп оварда шуд;

    -тавассути садову симои кишвар дар мизҳои мудаввар оид ба ин санаи муҳим сӯҳбату мулоқотҳои телевизионӣ бо ҷалби устодону кормандони донишгоҳ гузаронида шуд;

    -устодони факултети ҳуқшиносӣ, молиявию иқтисодӣ, таърих ва ғ. бо даъвати масъулини вазорату кумитаҳо, мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад намуданд;   

    -дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 нафар донишҷӯён ва мактуби Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур 1000 нафар донишҷӯёни донишгоҳ бо либоси расмӣ ва дар даст байрақҳои хурд дар чорабинии идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рӯзи 24.11.2016 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, таъмин карда шуд;

    -дар ҳамаи факултетҳо мизҳои мудаввар ва конференсияҳои илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ҷалби мутахассисону коршиносон ва уормандони сохторҳои давлатӣ ташкил ва гузаронида шуд.

         -инчунин, санаи 24.11.2016 дар маркаи ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» 100 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иштирок намуданд.