РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ДАР ДМТ


vichСанаи 5 декабри соли 2016 дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусензода бо иштироки намонядгони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии иттилоотию таблиғотӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар қисмати ҷамъбастии вохӯри аз ҷониби меҳмонон озмун  байни донишҷӯён, ҷавонон оид ба хавфи ин беморӣ, роҳу усулҳои мубориза ва пешгирии он гузаронида шуд. Дар натиҷа аз миёни иштирокчиён се нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ки инҳо Нурматов Фируз, Ҷамолова Шаҳноза, Шарипов Унвониддин мебошанд, барои иштирок дар даври финалии озмун, ки дар «Россотрудничество» баргузор мегардад, интихоб гардид.

 

Лозим ба ёдоварист, ки СПИД (аломати норасоии масьунияти одам) бемориест. ки онро вируси норасоии масьунияти одам - ВИЧ ба вуҷуд меорад. ВИЧ - (вируси норасоии масьунияти одам) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам ворид гаштани вирус наҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешаванд. Аммо он нафарон метавонанд дигаронро сироят кунанд.