ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДМТ САЗОВОРИ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИД


 

fb1Моҳи ноябри соли 2016 дар варзишгоҳи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илм идома баргузор гардид.

Дар даври нимфиналӣ дастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон -1 бо дастаи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва ДМТ бо коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе бо ҳам сабқат карданд.

Ҳамин тариқ, ба даври финалӣ дастаҳои ВМИ ҶТ-1 ва коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе роҳ ёфтанд. Бозӣ барои ҷойи сеюм байни дастаҳои ДМТ ва ЛБХБ шаҳри Душанбе сурат гирифт. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 2 ҷамъбаст гардид. Дар қисми дуюми бозӣ дастаи ДМТ бартарӣ нишон дода, ба дарвозаи ЛБХБ шаҳри Душабе 3 тӯб ворид намуд. Дар натиҷа бо ҳисоби 5 бар 3 ДМТ мақоми сеюмро соҳиб гардид. Дар финали мусобиқа дастаҳои ВМИ ҶТ-1 ва коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе бозии ҷолибу диданӣ нишон доданд. ВМИ ҶТ-1 бо ҳисоби 11 бар 9 коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо мағлуб намуда, Ҷоми вазири маориф ва илмро ба даст овард.

fb2

Баъди анҷоми мусобиқа дар толори мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе маросими супоридани туҳфаҳо баргузор шуд. Дар он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода ва муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума, роҳбари мудирияти Федератсияи футболи Тоҷикистон Аҳмадов иштирок карданд. Ҳамин тариқ, ВМИ ҶТ-1 бо медал ва 10 ҳазор сомонӣ, коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ бо медал ва 6 ҳазор сомонӣ, ДМТ бо медал ва 4 ҳазор сомонӣ ва ЛБХБ шаҳри Душанбе бо медал ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.