ОЗМУН ДОИР БА КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННОВАТСИОНӢ


IMG 8208

Рӯзи 6 январ дар ДМТ озмун доир ба корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Ин озмун моҳи ноябри соли 2016 эълон гардида буд. Сохторҳои бунёдӣ барои гузаронидани озмун – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Парки технологӣ, Институти илмию таҳқиқотӣ, литсейи ДМТ ва рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”.

Ба озмун корҳо аз рӯи самтҳо ва равияҳои зерин қабул карда шуданд:

- лоиҳаҳои амалӣ дар заминаи технологияи муосир;

 

- модернизатсияи (навсозии) ашё ва маҳсулоти муқаррарӣ;

- лоиҳаҳои амалӣ дар сарулибоси миллӣ, ороишот ва ашёи маишӣ;

- технологияи иттилоотиву иртиботӣ.

Барои ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ муқаррар шуда буд:

Дипломи дараҷаи I – мукофотпулӣ 2000 сомонӣ;

Дипломи дараҷаи II – мукофотпулӣ 1500 сомонӣ;

Дипломи дараҷаи III – мукофотпулӣ 1000 сомонӣ.

Дар озмун 8 нафар лоиҳаҳои худро пешниҳод намуданд. Мувофиқи баҳогузории ҳайати комиссия ҷойи аввал ба ассистенти кафедраи тарҳрезӣ ва низоми иттилоотии факултети механикаю математика Собиров Хуршед, ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3-и факултети механикаю математика Комронов Комрон ва ҷойи сеюм ба мутахассис-барномасози МТ ва МСТ Наимов Мирқурбон Юсуфҷонович дода шуд.