НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДМТ


IMG 8268Соати 10:00 рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ дар бинои марказии ДМТ нишасти матбуотӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С., ноибони ректор, устодони факултети журналистика ва намояндагони ВАО-и кишвар, аз ҷумла, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизонии ҷумҳурӣ, рӯзноманигорону кормандони нашрияҳову сомонаҳои давлативу хусусӣ иштирок намуданд. Нахуст шакли чопии ҳисоботи солонаи  ректори ДМТ дастраси ҳама намояндагони ВАО гардонида шуд. Аз ин рӯ, ректори донишгоҳ ба хондани ҳисобот напардохта, баъд аз ёдрас шудани чанд нуктаи муҳимме аз дастовардҳои Донишгоҳи миллӣ дар соли 2016 бевосита ба қисмати саволу ҷавоб бо иштироккунандагон гузашт.

Ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки раёсати ДМТ тасмим гирифтааст, ки аз оғози мавсими зимистонаи таҳсил низоми назорати онлайнӣ ё назорати виртуалӣ дар бархе факултетҳо ҷорӣ ба таври пилотӣ ҷорӣ карда шавад, то падару модар иштироку рафтори фарзандашонро дар дарсҳо ба таври мустақим назорат кунанд. Ҳамзамон, ба рафти дарс ва чи гуна таълим додани омӯзгор ошноӣ пайдо намоянд. Дар оғози соли  таҳсили 2017-2018 дар нақша аст, ки  тамоми синфхонаҳои донишгоҳ ба ин низом пайваст карда шаванд.

Бештари саволҳои рӯзноманигорон ба нақша-чорабиниҳои донишгоҳ дар Соли ҷавонон, роҳкорҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳсили донишҷӯёни донишгоҳ дар донишгоҳҳои дигар кишварҳо ва баръакс, таъмини биноҳои таълимӣ бо оби гарм, сатҳи ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар донишгоҳ ва ғайра алоқаманд буд.

Рӯзноманигорон ба ҳама саволҳои худ аз ҷониби ректори ДМТ ва ноибони ректор ҷавобҳои муфассалу қаноатмандкунанда гирифтанд.

Нишаст соати 11 35 ба анҷом расид.