Русский мир

ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН…


Мардуми Осиёи Марказӣ – тоҷикҳо, узбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва дигар қавму қабилаҳои эронитабору турктабор дар тӯли дуҳазор соли ахир муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоиро ба ҳам гузарониданд; сардию гармиҳои зиндагиро якҷо чашида, то имрӯз рӯзгори худро пеш мебаранд. Онҳо дар ҳазор соли ахир бо якдигар зиёд омезиш ёфтаанд.

Ба хусус тоҷикону узбекҳо дар ин минтақа нисбат ба дигар қавму миллатҳо бештар даромехтаанд. Онҳо чунон омезиш ёфтаанд, ки нишонаҳои неки онро дар тамоми рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум метавон пайдо кард. Беш аз ҳазор сол аст, ки таърих, забон, адабиёт, расму оин ва ба таври куллӣ фарҳанги ин ду миллат ба ҳамдигар таъсири мутақобила доштаанд. Фаъолияти муштараки ин ду миллат то ҷойе расидааст, ки дар аксари маврид онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мушкил аст.

Муфассалтар...