ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

Бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. бонувонро ба ин рӯзи саид табрик гуфта, аз дастгириҳо бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуд.

Сипас ансанбли халқии “Наврӯз” баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарҳангиро намоиш доданд, ки дар баробари донишҷӯён, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Фотима Машрапова, Нишонаи Рустам ва Ситораи Кароматулло иштирок ва сурудхонӣ намуданд. 

Чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд доир гардида, тараннумгаи бузургӣ, меҳрубонӣ ва шуҷоатмандии модарон буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл доктори илмҳои таърих С.Акрамова дар КОА назди Президенти ҶТ рисолаи докторӣ ҳимоя намуда буд ва дар ҷараёни чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ба ӯ шаҳодатномаи докторияшро супорид.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org