ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДМТ

Санаи 13-уми март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Аз ҷумла ба бинои марказии донишгоҳ аз 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 300 нафар хонандаву омӯзгор ташриф оварданд. Барои иштирокдорон дар саҳни бинои марказӣ дастовардҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда, баъд аз тамошои он вохӯрии хонандагон бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Тоир Хоҷаев баргузор гардид. Зимни суҳбат бо хонандагон зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  маркази бузурги таълимию  илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад.  Донишгоҳи миллӣ дар рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №101 қарор дорад.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org