АМАЛИ ХАЙР ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола ва махсусан дар арафаи ҷашнвораҳои миллӣ кӯшиш менамояд, ки ба маъюбон, ашхоси яккаву танҳо, бепарасторон ва дигар ниёзмандон кумак расонад. Аз ҷумла бо ташаббус ва иқдоми хайрхоҳонаи раёсати донишгоҳ дар баробари силсилахайрияҳои ҷашни наврӯзӣ дар таърихи 14.03.2019 ин гунна амали хайриявӣ амалӣ карда шуд. Дар ин рӯз аз ҷониби раёсати ДМТ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор кумакҳои хайриявӣ, аз қабили маводи хӯрокворӣ ва асбобҳои хоҷагидорӣ тақдим карда шуд.

Намояндагони донишгоҳ, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов дар рафти суҳбат бо роҳбарияти Мактаб-интернати мазкур аз шароити ҷойи хобу дарсхонӣ, ошхонаю ҷойҳои истироҳати хонандагон ва мушкилоту норасоии ин ниҳод пурсон шуданд. Ба ин иқдоми Раёсати донишгоҳ масъулини Мактаб-интернат бо миннатдорӣ изҳор доштанд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони хайрхоҳи кишвар баъзе мушкилиҳои ҷойдоштаи Мактаб-интернат ҳалли худро ёфтаанд.

Н. Худойдодова

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org