КӢ СТИПЕНДИЯ МЕГИРАД?

Сухан аз фаъолияти стипендияҳо

Баъд аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати гирифтани стипендияҳои номӣ ва муқаррарӣ барои як гурӯҳ донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, ба тасвиб расид.

Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2019, дар асоси пешниҳод садорат ва қарори Шӯрои олимони факултетҳо стипендияҳои номии ДМТ барои нимсолаи баҳории соли таҳсили 2018-2019 тасдиқ карда шуд, ки дар асоси ин қарор раёсати таълим фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.

Дар асоси Низомномаи стипендияҳои номии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 14 нафар, стипендияи Шӯрои олимони ДМТ барои 6 нафар, стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ барои 10 нафар, стипендияи ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ барои 1 нафар, Стипендияи ба номи профессор Ҳабиб Муродов барои 1 нафар, стипендияи ба номи Исмоил Давлатов 1 нафар, стипендияи ба номи профессор Б.Н. Нарзуллоев 1 нафар, стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев 1 нафар муайян карда шуд.        

Барои гирифтани маълумоти бештар дар мавриди талаботу қоидаҳои муайяннамоии довталабони стипендияҳои номӣ ва муқаррарӣ, то чи андоза фаъолият доштани стипендияҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо мо суҳбате доштем бо намояндагони раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

-Устоди муҳтарам, аввалан каме дар мавриди низоми муқарраргардида ва дигар меъёрҳои гирифтани стипендия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумот медодед.

Азиззода Убайдулло – сардори раёсати таълим: Стипендия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси “Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни мактабҳои  таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи 60%-и шумораи умумии донишҷӯён муқаррар карда шуда, ин таносуб ба донишҷӯёне рост меояд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар донишгоҳ ду шакли стипендия мавҷуд аст: стипендияҳои муқаррарӣ ва стипендияҳои номӣ.

Стипендияи муқаррарӣ дар як сол ду маротиба аз натиҷаи сессияи санҷишию имтиҳонӣ ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавӣ дода мешавад. Вобаста ба дараҷаи азхудкунии донишҷӯ андозаи стипендияи муқаррарӣ дар донишгоҳ ба таври зерин  ба нақша гирифта мешавад:

-ба донишҷӯёне, ки сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019-ро бо баҳои «аъло» ҷамъбаст намудаанд, 208 сомонӣ дар як моҳ;

- ба донишҷӯёне, ки сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019-ро бо баҳои «хуб» ва «аъло» ҷамъбаст намудаанд, 150 сомонӣ дар як моҳ;

   -ба донишҷӯёне, ки сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019-ро бо баҳои «аъло», «хуб» ва «қаноатбахш» ҷамъбаст намудаанд, дар мавриде, ки миқдори баҳои «қаноатбахш» -и онҳо аз 25 % зиёд набошад, 56 сомонӣ дар як моҳ мебошад.

-Ғайр аз донишҷӯёне, ки сессияро ба баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд, оё имтиёзи дигаре барои гирифтани стипендия ба донишҷӯён вуҷуд дорад?

           -Албатта, ба таври имтиёз аз тарафи комиссияи стипендиядиҳӣ ба донишҷӯёне, ки маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, кар, гунг, нобино, беморони сил ва тарбиягирифтагони хонаи бачагон, мактаб-интернатҳо, ятимони кулл мебошанд,  стипендия дода мешавад.

          -Меъёрҳои гирифтани стипендия ба донишҷӯёне, ки тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд чи гуна аст? 

          -Низомнома дар бораи тартиби таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни мактабҳои  таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳама ҳуқуқи баробар ҷиҳати гирифтани стипендияро фароҳам овардааст. Ҳам донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ ва ҳам тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда барои гирифтани стипендия имтиёзҳои баробар доранд.

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки дар ҳолати вайрон кардани тартибот ва қоидаҳои донишҷӯӣ донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ дохил шудаанд, аз стипендия маҳрум карда мешаванд. Раёсати донишгоҳ дар ин хусус ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба қатъ гардидани стипендиядиҳӣ ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

        ***

        -Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як қатор стипендияҳои номӣ амал мекунанд, ки аксарияташон стипендияҳои соҳавӣ мебошанд. Мехостем каме дар мавридӣ ин ва дигар стипендияҳои номии амалкунанда дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маълумот медодед.

      Қосимов Солеҳ – муовини сардори раёсати таълим: Стипендияҳои номӣ дар донишгоҳ дар асоси «Низомномаи стипендияҳои номии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таъйин карда мешавад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон стипендияҳои номии зерин вуҷуд доранд:

          - стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 14 нафар

          - стипендияи Шӯрои олимон барои 6 нафар

- стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ барои  10 нафар

- стипендияи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои 1 нафар 

- стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ барои 1 нафар

- стипендияи ба номи Бобоҷон Ғафуров барои 2 нафар

- стипендияи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои 2 нафар

- стипендияи ба номи Мирзо Турсунзода барои 1 нафар

- стипендияи ба номи А.П.Марковский барои 1 нафар

- стипендияи ба номи С.Б.Эргашев барои 1 нафар

- стипендияи ба номи Б.Н.Нарзуллоев барои 1 нафар

- стипендияи ба номи Н.Ҳувайдуллоев барои 1 нафар

- стипендияи ба номи З.Ш.Раҷабов барои 1 нафар

- стипендияи ба номи И.Қ.Нарзиқулов барои 1 нафар

- стипендияи ба номи С.А.Раҷабов барои 1 нафар

- стипендияи ба номи И.Д.Давлатов барои 1 нафар

- стипендияи ба номи Ҳ.М.Сафаров барои 1 нафар

- стипендияи ба номи М.Назаршоев барои 1 нафар

-Тартиб ва меъёрҳои гирифтани стипендияҳои номӣ чи гуна аст?                                                                                   

          -Тибқи Низомнома бо стипендияҳои номӣ донишҷӯёни фаъолу ташаббускори курсҳои 2-5-и гурӯҳҳои буҷавии шакли таҳсили рӯзона, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ, озмунҳои гуногунсатҳи зеҳнӣ-фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд, инчунин, дорои ахлоқи ҳамида мебошанд, сарфароз гардонида мешаванд.

          - Стипендияи  номии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ барои донишҷӯёни факултети филология;

          - Стипендияи  номии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои донишҷӯёни факултети журналистика;

          - Стипендияи  номии ба номи Мирзо Турсунзода барои донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо;

          - Стипендияи  номии ба номи Бобоҷон Ғафуров барои донишҷӯёни факултетҳои таърих ва забонҳои Осиё ва Аврупо;

          - Стипендияи  номии ба номи Н. Ҳувайдуллоев барои донишҷӯёни курси 5-уми факултети ҳуқуқшиносӣ;

          - Стипендияи  номии ба номи З.Ш. Раҷабов барои донишҷӯёни факултети таърих;

          - Стипендияи  номии ба номи И.Қ. Нарзиқулов барои донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора;

          - Стипендияи  номии ба номи С.А.Раҷабов барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ;

          - Стипендияи  номии ба номи А.П.Марковский ва С.Б.Эргашев барои донишҷӯёни факултети геология;

          - Стипендияи  номии ба номи Б.Н.Нарзуллоев барои донишҷӯёни факултети физика;

          - Стипендияи  номии ба номи И. Д. Давлатов барои донишҷӯёни факултети баҳисобгирию иқтисодӣ;

          - Стипендияи  номии ба номи Ҳ.М. Сафаров барои донишҷӯёни факултети биология;

          Стипендияи  номии ба номи М. Назаршоев барои донишҷӯёни факултети биология;

Мутаассифона дар донишгоҳ як қатор стипендияҳои номие, ҳастанд, ки зиёда аз 6 нимсола боз донишҷӯён барои гирифтани ин стипендия мушарраф намешаванд. Аз ҷумла, стипендияҳои ба номи А.П.Марковский ва С.Б.Эргашев барои донишҷӯёни факултети геология, стипендияи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои донишҷӯёни факултети журналистика, стипендияи ба номи Мирзо Турсунзода барои  донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ва стипендияи  ба номи З.Ш. Раҷабов барои донишҷӯёни факултети таърих. Стипендияи номии ба номи М.Назаршоев, ки барои донишҷӯёни факултети фалсафа муайян гардидааст муддати 5 соли таҳсил мешавад, ки довталаби худро пайдо намекунад.  

-Ғайр аз ин стипендияҳое, ки муддати 6 нимсола боз бе довталаб мондаанд, дар нимсолаи баҳории соли таҳсили 2018-2019 ҳастанд стипендияҳое, ки аз ҷониби садорати факултетҳо барои гирифтани онҳо довталабон пешниҳод нагардида бошад.

-Бале, ҳолати мазкур дар ин нимсола низ ба назар мерасад. Масалан, аз ҷониби факултетҳои фалсафа, таърих, иқтисод ва идора, филологияи тоҷик ва ҳуқуқшиносӣ  барои стипендияҳои зерин довталаб пешниҳод нагардидааст:

 - стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ 1 нафар

- стипендияи ба номи Бобоҷон Ғафуров 2 нафар

- стипендияи ба номи И.Қ.Нарзиқулов 1 нафар

- стипендияи ба номи С.А.Раҷабов 1 нафар

- стипендияи ба номи М.Назаршоев 1 нафар

-Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияи №1 ба ҳисоб меравад барои гирифтани он талабот ва меъёрҳои душвортаранд. Каме дар бораи ҳамин стипендия маълумот медодед?

-Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Низомномаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2013,№203 тасдиқ шудааст, ба донишҷӯён дода мешавад. Низомномаи мазкур мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 «Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳия гардида, тартиб ва шартҳои таъйину пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯёни шакли таълими рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи мазкур ба донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавии шакли таҳсили рӯзона, ки муваффақиятҳои назаррас дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ доранд, дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ дода мешавад.

        Яъне,  донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзонаи ихтисосҳои донишгоҳ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар чор нимсолаи хониш, курсҳои 1 ва 2 танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил намудаанд ва дар таҳқиқоти илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, довталабони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли таҳсил, аз 1 сентябр то 30 июн таъйин карда мешавад.

        Мутобиқи муқаррароти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишгоҳ ба 14 нафар гирифтани стипендия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Рӯйхати довталабон дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ бо имзои ректор ва замимаи маълумотнома дар бораи таҳсил, нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ, тавсифнома, нусха аз суратмаҷлиси ҷаласаи Шӯрои олимон, нусхаи мақолаҳо, патентҳо ва шаҳодатномаи ихтироъ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 август пешниҳод карда мешавад ва рӯйхати гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 август барои як соли таҳсил тасдиқ карда мешавад.

          -Донишҷӯ дар кадом ҳолат аз гирифтани стипендияи номӣ маҳрум  гардонида мешавад?

          -Донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳолати вайрон кардани талаботи Оинномаи донишгоҳ, интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии  Донишгоҳ, барои содир кардани ҷиноят ва бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум  шудан,  ҳангоми фавтидан ва ё барои идомаи таҳсил ба муассисаи олии  таълимии дигар гузаштан, барои давомоти  нокифоя зоҳир кардан ба машғулиятҳои дарсӣ, ба таври лозима иштирок накардан дар корҳои илмӣ ва  ҷамъиятӣ, дар ҳолати ба рухсатии академӣ рафтан ва ҳангоми хориҷ шудан аз сафи донишҷӯёни донишгоҳ аз гирифтани стипендияи номӣ маҳрум  гардонида мешавад?

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org