ДМТ  - ғолиби «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм ҳамасола бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол санаи 14-15-уми марти соли ҷорӣ олимпидаи мазкур баргузор гардид, ки дар он дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани панҷ ҷойи аввал, панҷ ҷойи дувум ва се ҷойи сеюм ғолиб баромада, сазовори диплому ғолиби «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.

Файзулло Исматов – донишҷӯи курси 4-уми факултети механикаю математика аз фанни математика, Осиф Сафоев – донишҷӯи курси 4-уми факултети биология аз фанни биология, Шарифҷон Шамсов – донишҷӯи курси 2-уми факултети молиявию иқтисодӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Самандари Қаландар – донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ аз фанни ҳуқуқ, Эшонқул Қулов-донишҷӯи курси 3-юми факултети фалсафа аз фанни сиёсатшиносӣ ғолиби ҷойи аввал, Собирҷон Бобоев – донишҷӯи курси 4-уми факултети механикаю математика аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, Бузургмеҳр Мавлонов – донишҷӯи курси 3-юми факултети физика аз фанни астрономия, Файзалӣ Каримов – донишҷӯи курси 2-юми факултети геология аз фанни геология, Маъруф Ҳомидов – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих аз фанни таърих ва Нуриддин Маҳмадиев – донишҷӯи курси 4-уми факултети фалсафа аз фанни фалсафа сазовори ҷойи дувум ва Бежан Ниёзов – донишҷӯи курси 4-уми факултети физика аз фанни физика, Ҷумабой Қурбонов – донишҷӯи курси 2-юми факултети химия аз фанни химия, Рухшона Намозова – донишҷӯи курси 2-уми факултети филологияи тоҷик аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ғолиби ҷойи сеюм гардиданд.

Бад-ин тартиб ДМТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар ин олимпиада иштирок доштанд, сазовори ҷойи аввал гардид.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org