ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ФАРОНСА

Санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франонса Жан-Батист Лемуан зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикстон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот анҷом дод. Меҳмони олиқадрро сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар ва намояндагони соҳаи илму таълими фаронса ҳамроҳӣ намуда, бо ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С., инчунин, устодону донишҷӯёни риштаи забони фаронсафии Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ меҳмонон ҳадафи ташриф ва мулоқот ба устодону донишҷӯёни риштаи забони фаронсавиро дар таҳкими омӯзиши забони фаронсавӣ ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти илму таълим арзёбӣ намуданд.

Жан-Батист Лемуан аз имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои Фронса ва дар заминаи «Ҳафтаи забони фаронсавӣ» (Ҳафтаи франкофонӣ) рушд бахшидани муносибатҳо суханронӣ намуд. Меҳмонон мулоқоти навбатиро қадами аввалин дар самти рушди муносибатҳо дониста, аз дидору мулоқоти навбатӣ изҳори хушнудӣ карданд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org