ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ БУНЁДКОРӢ

Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳи миллӣ бо Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дохили толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таъмиру тармим қарор гирифт. Дар ифтитоҳи толори мазкур, ки санаи 17.04.19 доир гардид, намояндагони ТИКА дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Рафъат Куксал иштирок доштанд. Меҳмонони олиқадрро ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, аз корҳои анҷомдодаи толори мазкур боздид намуданд.

Баъд аз боздид меҳмонон бо намояндагони донишгоҳ дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар самти таҳким бахшидани муносибатҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ табодули афкор намуданд. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки ҷиҳати омода намудани курсҳои омӯзишии забони туркӣ ва ё ташкили Маркази омӯзиши забони туркӣ дар донишгоҳ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи шартнома дар ошёнаи дуюми толори мазкур синфхонаҳои дарсӣ аз ҷониби Агентии мазкур омода мешавад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, таълимию тарбиявӣ, ташкили ҳамоишҳои илмию назариявӣ ва муносибатҳои дипломатии ду кишвар – Тоҷикистону Туркия андешаҳои ҷолиб иброз дошта, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуданд ва ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ду ҷониб туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org