РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамасола дар сартосари кишвар Рӯзи ғалаба – 9-май барои пос доштани хотираи шаҳидон дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар Донишгоҳи миллӣ ҷамъомади ботантанаву пуршукӯҳе баргузор гардид, ки дар он собиқадорони меҳнат, устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок карданд. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ифтитоҳ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод кард.

Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва иқдоми раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, дотсент Т.Раҷабов ба чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнат мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ҷамъомад ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо таронаҳои ҷолиби хеш хотири иштирокчиёнро болида намуд.

Ҳамзамон, ба ин муносибат бо ибтикори садорати факултети иқтисод ва идора аз 4 то 8-уми майи соли равон иқдоми хайриявӣ таҳти унвонӣ “Қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ – мактаби далерию ватандӯстӣ барои насли ҷавон” бароҳ монда шуд.  Дар ин рӯзҳо ба ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ба аёдати 7 нафар иштирокдорони ҶБВ рафтанд. Зимни аёдат омӯзгорони факултет нахуст онҳоро  ба муносибати ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, аз ғамхории доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан раёсати донишгоҳ нисбат ба маъюбону иштирокчиёни ҶБВ ёдовар шуда, ба онҳо як миқдори муайян кӯмаки озуқаворӣ расониданд.  

 Н. Худойдодова

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org