ФЕСТИВАЛ: САД РАНГИ ЧАКАН

Ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ ва атлас дар рушди мероси фарҳанги миллӣ, инчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) бо ташаббуси сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ оид ба тарғиб ва муаррифии либоси миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад. Дар ин чорабиниҳо масъулон, толибилмон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Чанде қабл бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани либоси миллӣ дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон» Аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ва бо ибтикори Мақомоти мазкур ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр) зери унвони «Сад ранги чакан» фестифали шаҳрӣ баргузор гардиданд.  Ҳамзамон, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 21-уми «Ҷадвали баргузории фестивал-намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, дар пояи Маҷмааи давлатии «Нишони давлатӣ» таҳти унвони «Сад ранги чакан» фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо масъулон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ иштироки фаъол намуданд. Тибқи иттилои Набиева Д.   - раиси кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар ҳамоишҳои мазкур беш аз 300 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Н.Худойдодова

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org