АМАЛИЁТИ ОТАШНИШОНӢ

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои зиёнбор ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар вазорату кумитаҳо, иншооти сратегию ҳайётан муҳим ва муассисаву корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногунро   ба роҳ мондааст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои сарраёсати мазкур чанде қабл дар бинои №3 Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ чунин машқҳои амалии тактикӣ- оташнишонӣ гузаронида шуд.

Дар ин амалиёт кормандони ситоди фаврӣ-наҷотдиҳии ҳолатҳои фавқулода, ёрии таъҷилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуданд. Дар хотимаи амалиёт гуфта шуд, ки чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии ҳайати шахсӣ, ҳолати омодабошии дружинаҳои идоравии оташнишонии корхонаву иншоот ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо хадамоту мақомотҳои фаврию таъҷилии ҳамоҳангсозӣ дар таъмини ҳифзи молу мулк аз сўхтор ва бомуваффақият бартараф намудани ҳар гуна ҳодисаву воқеаҳои нохуши фавқулода ба шумор меравад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org