ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Аз 13 то 15-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Маскави ФР бахшида ба 80 –умин солгарди фаъолияти илмӣ-эҷодии академик В.А.Садовничий конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар конференсия олимони равияҳо назарияи операторҳо ва таҳлили функсионалӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи функсияҳо ва ҳисобкунии математикӣ, геометрия ва физикаи математикӣ, механика ва моделсозии математикӣ аз Россия, Казоқистон, Белорусия, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғистон, Амрико, Олмон ва Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Олимони тоҷик Ҷангибеков Гулхоҷа – доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Назарияи Нётеровии операторҳои дученакаи сингулярӣ бо характеристикаи ҷуфт аз рӯи соҳаи маҳдуд», Илолов Мамадшо – доктори илмҳои физикаю математика, академик, профессори кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ДМТ дар мавзӯи «Ҳосилаҳои умумишудаи касрии Лиувил-Лизоркин ва баъзе хосиятҳои онҳо», Шабозов Мирганд – доктори илмҳои физикаю математика, академик, профессори кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ДМТ дар мавзӯи «Оиди нобаробариҳои намуди Колмогоров барои функсияҳои дутағйирёбанданок дар L2», Исматӣ Муҳаммадҷон - доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Оиди қариб даврӣ будани ҳалли масъалаи панҷуми (шашуми) омехтаи системаи муодилаҳои Ламе», Абдукаримов Маҳмадкарим – номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Оид ба ҳалли як масъалаи идоракунии сарҳадӣ, ки бо муодилаҳои боршуда алоқаманд аст» суханронӣ намуданд.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org