ҲАМКОРӢ БО АКАДЕМИЯИ ЧИН

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии мардумии Чин намояндагони Академияи муосири муносибатҳои байналхалқии Чин – Вон Конг, Динг Ксиа Синг ва Вон Минган ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда,  бо ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. мулоқот намуданд.  Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмӣ-технологӣ, эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Ректори донишгоҳ Имомзода М.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи тадқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳ шинос намуд. Меҳмонони олиқадр дар самти мустаҳкам намудани омӯзиши забони хитоӣ, табодули устодон, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои дипломатӣ, таҳлили мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Инчунин, тарафҳо оид ба дастовардҳо ва фаъолияти имрӯзаи Маркази таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот масъулини бахши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултетҳои муносибатҳои байналхалқию ҳуқуқшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org