Довталаб

 

1947– Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (Қарори Совети Вазирони СССР аз  21.03.1947, № 643).

1997 – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.1997, №669).

2008 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2008, №556).

biotech

Маркази биотехнологӣ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Донишгоҳ дорои 18 факултет, 114 кафедра, Институти илмию тадқиқотӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, Китобхонаи илмӣ ва электронӣ, 112 озмоишгоҳи илмию таълимӣ ва тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 кабинети лингофонӣ, зиёда аз 10 марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

studgorodok

Шаҳраки донишҷӯён

 

 

  

 

 

 

 

 

 

ДМТ аз рӯйи бакалаврият, мутахассис, магистр ва доктор Ph.D  кадр омода менамояд. 

nq 

Имрӯз теъдоди умумии донишҷӯён дар Донишгоҳ 21 990 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 16 889 нафар дар шуъбаи рӯзона, 5101 нафар дар шуъбаи ғоибона бо фарогирии дараҷаҳои академии бака-лавриат, мутахассис ва магистратура аз рӯи 99 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  

   Ҳайати омӯзгорони донишгоҳ:

   1248 нафар, аз ҷумла

   Академики АИ ҶТ           -      6   нафар       

   Узви АИ  ҶТ                     -     8   нафар

Доктори илм, профессор  -   151 нафар

Номзади илм, дотсент       -   528 нафар

Муаллими калон                           -   121 нафар

Ассистент                             -   434  нафар.

 Дар донишгоҳ 2527 адад компютер, 543 адад принтери лазерӣ, 169 адад принтери бисёрфунксионалӣ (3х1), 23 адад ксерокс, 23 адад сканерҳои тезсуръат, 97 адад тахтаи электронӣ ва 166 адад видеопроектор барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд. Аз теъдоди умумии компютерҳо 975 адад компютер ба шабакаи Интернет пайваст шудааст.

Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва илмии донишҷӯён дар донишгоҳ маҳфилҳои илмии «Хирадманд», «Зеҳн», «Ҳуқуқшинос» ва даҳҳо маҳфилҳои дигари илмии назди кафедраҳо амал мекунанд. Ҳамчунин дар донишгоҳ нашрияҳои «Ба қуллаҳои дониш», «Ҳуқуқшинос» ва маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» фаъолият доранд.

Дар донишгоҳ 385 нафар аспирант, аз ҷумла, 207 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 178 нафар дар шуъбаи ғоибона, 9 нафар докторанти анъанавӣ ва 21 нафар аз рӯи зинаи таҳсилоти Доктор PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар донишгоҳ ансамбли халқии «Наврӯз», клубҳо, дастаҳои варзишӣ, созмонҳои мухталифи занон, духтарон, ҷавонон, маҳфилҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ фаъолона амал мекунанд.

Айни замон, дар донишгоҳ 153 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, 33 нафар аспирант, 8 нафар унвончӯй, 23 нафар магистрант, 69 нафар донишҷӯ ва 23 нафар шунавандаи Маркази омӯзиши забонҳо таҳсил мекунанд.

Донишгоҳ бо 162 муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, донишгоҳи СҲШ (УШОС) ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи миллӣ бо Донишгоҳи давлатии Белорусия (ДДБ) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар асоси он донишҷӯён ду сол дар ДМТ ва ду сол дар ДДБ таҳсил намуда, ҳангоми таҳсил аз имтиёзҳои донишҷӯёни давлати Белорус бархурдор мегарданд.

 

МАРҲАБО БА ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ!

734025, ш. Душанбе,хиёбони Рӯдакӣ, 17

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тел: 221-62-25, 221-74-22

 

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org