Маркази табъу нашр ва БТ

SafaralizodaKhДиректори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ

Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ (тав. 25.06.1985, ноҳияи Ҳамадонӣ). Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (2007). Ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (2007-2008). Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008-2010). Ассистенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011-2014). Муовини декан оид ба илм (2012). Аз соли 2014 то инҷониб дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Котиби илмии Шӯрои олимони факултети фалсафа (2012-2017). Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон». Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Идеяи миллӣ ва хусусиятҳои муҳими он дар шароити ба даст овардани истиқлолият» аз рӯи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) соли 2011 дифоъ намудааст. Аз соли 2016 то инҷониб котиби илмии шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ ва доктори илмҳои сиёсӣ. Дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2017). Директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума (2017 то инҷониб).

Дар зери роҳбарии Сафарализода Х.Қ. ду нафар аспирантон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Айни замон ба корҳои илмию таҳқиқотии се нафар аспирантон ва унвонҷӯён роҳбарӣ намуда истодааст. Дар давоми нуҳ соли фаъолияти илмӣ зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, 10 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 2 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 1 монографияи илмӣ ва 12 барномаи таълимӣ омода ва чоп намудааст. Чунончӣ:

  1. 1.Методикаи таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ. –Душанбе: Эр-граф, 2012. – 220 с.;
  2. 2.Назарияҳои сиёсии муосир. Китоби дарсӣ. – Душанбе, 2014. –320 с.;
  3. 3.Методикаи таълими риторика. Воситаи таълимӣ. –Душанбе, 2015. – 110 с.;
  4. 4.Антропологияи сиёсӣ. Воситаи таълимӣ. –Душанбе, 2017. –240 с.;
  5. 5.Национальная идея и ее специфические особенности в условиях обретения независимости (на материалах Республики Таджикистан). Монографияи илмӣ. –Душанбе, 2015. –170 с.

 

Соҳаи табъу нашр дар ҳамаи давру замон барои ҳамагуна муассисаҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо ҳамчун оина маҳсуб гардида, барои мунтазам нигоҳ доштану пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимию методӣ мусоидат менамояд. 

Тавассути Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ устодону кормандон ва мутахассисон метавонанд маводи тадқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимию методии худро нашр намуда, бадин васила сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимию методии худро баланд бардоранд ва барои афзудани имкониятҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ саҳм бигиранд. 

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума соли 1980 аввал ҳамчун шуъбаи табъу нашр бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки устодони ин даргоҳ тавассути он ранҷу заҳмати қаламашонро ба ҳаводорони илму адаб пешкаш намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу малакаи шогирдон хизмати шоистаеро ба сомон расонидаанд. Ҳамин тариқ, бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фармони собиқ ректори донишгоҳ, профессор Саидов Нуриддин Саидович аз 4-уми феврали соли 2010, №51 – 09 шуъбаи табъу нашр ба Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума табдили ном карда шуд.        

Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» аз 27-уми декабри соли 1993 зери №898 фаъолият менамояд. 

Маркази табъу нашр дар навбати аввал барои ба нашр ва тавсиа намудани монография, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодону аспирантон ва кормандони донишгоҳро ба нақша гирифта, ҳамасола тибқи нақша тавсияи нашри онҳоро таъмин менамояд. Маркази табъу нашр дар амалӣ гардонидани фаъолияти таҳрирӣ ва интишори маводи нашршавандаи ДМТ ва дигар муассисаҳои илмии ҳавасманд саъю кӯшиш намуда, барои саривақт ва бо сифати баланд дастрас намудани онҳо мусоидат менамояд. 

Дар омода намудан ва гузаронидани намоишгоҳҳо, семинарҳо, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ Маркази табъу нашр чун дигар сохторҳои марбутаи донишгоҳ саҳмгузор мебошад. 

Айни замон дар Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ 10 - нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд.  

 Ибодова Моҳира Кароматуллоевна - мудири редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» 

Ибодова М.К. 22-юми июли соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1986 – 1996 донишҷӯи факултети забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода; 2004 тарҷумони шуъбаи табъу нашри ДМТ аз соли 2004 то ҳол мудири редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон». 

Дар соли 2009 Ибодова М. К. барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 2014 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар рушди илму фарҳанги кишвар бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст. 

Манонова Муслима Нусратовна - муҳаррири тоҷикӣ, ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ. 

Манонова М. Н. 27-уми декабри соли 1990 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. 

Солҳои 2008 – 2013 донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ; 2012 – 2013 ёвари коргардони дараҷаи 1-и Шабакаи якуми ТВТ аз соли 2013 то ҳол ба ҳайси муҳаррири Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад.  

Назарова Дилафрӯз Абдуҷаборовна – мутахассис  

Назарова Д. А. 3-юми июни соли 1976 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 2003 - 2008 донишҷӯи факултети химияи ДДМТ; 2004 – 2005 муҳандиси калони озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Таълиф ва таҳқиқи пайвастаҳои координатсионӣ» (ВМ - 6) ДМТ; 2005-2006 муҳандиси калони озмоишгоҳи илмӣ - тадқиқотии «Таълиф ва таҳқиқи пайвастаҳои координатсионӣ» (ВМ-6)-и Иниститути илмию тадқиқотии илмҳои табиатшиносии ДДМТ; 2007-2008 лаборанти калони шуъбаи «Муодилаҳои дифферионсиалӣ ва татбиқи амалии он»; 2008-2009 нозири шуъбаи кадрҳои устодону кормандони ДМТ; 2009 то ҳол ба ҳайси мутахассиси Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад.       

           Латипова Почохонум Ҳомидовна – мусаҳҳеҳ 

Латипова П. Ҳ. 20-уми феврали соли 1973 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таваллуд шудааст. 

Солҳои 2001-2006 донишҷӯи факултети филологияи ДМТ; 2009-2010 оператори шуъбаи аспирантураи ДМТ аз соли 2010 то ҳол ба ҳайси мусаҳҳеҳи Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад. 

Абдуллоева Шаҳло Партововна – муҳаррири тоҷикӣ. 

Абдуллоева Ш. П. 17-уми августи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1987-1992 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон); 1992-2002 омӯзгори Гимназия-парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ; 2003-2012 омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Душанбе аз соли 2012 то ҳол ба ҳайси муҳаррири Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад.  

Шовалиева Фотима Саидаҳмадовна – мусаҳҳеҳ 

Шовалиева Ф. С. 25-уми октябри соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2003-2008 донишҷӯи факултети филологияи ДМТ; 2009 – 2012 ҷонишини директори Китобхонаи муосири пойтахти Ҳукумати шаҳри Душанбе аз соли 2012 то ҳол ба ҳайси мусаҳҳеҳ-ҳуруфчини Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад.   

Одинаева Сураё  Ҷалолиддиновна – мусаҳҳеҳ, аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ.  

Одинаева С. Ҷ. 23-юми июли соли 1989 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 2008-2013 донишҷӯи факултети фалсафаи ДМТ аз соли 2013 то ҳол ба ҳайси мусаҳҳеҳи Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ кор мекунад.   

Набиева Меҳрангез Назаровна – мусаҳҳеҳ 

Набиева М.Н. 21 ноябри соли 1982 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 2001-2006 донишҷӯйи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2008-2009 аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДМТ. Солҳои 2005-2014 омӯзгори мактаби миёнаи рақами 7 ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Аз 1 сентябри соли 2014 мусаҳҳеҳи Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума. 

Дар назди Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ нашриёти «Сино» ва редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Нашриёти «Сино» бо фармони Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 22-юми июли соли 1991, №125 дар сохтори ДДМТ (ДМТ) таъсис дода шуда, бо Қарори Комитети иҷроияи Шӯрои вакилони халқии ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳозира ноҳияи Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе аз 13-уми декабри соли 1991, №24-740-3 ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 87-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2000, №92 нашриёти «Сино»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Саридораи давлатии ҷумҳуриявии нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрасти №21Р-357 аз нав ба қайд гирифта шуд ва ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бо мақсади беҳдошти кори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума ва хушсифату пурмӯҳтаво нашр гардидани маводи илмӣ ва дастовардҳои таълимӣ-методии устодони ДМТ бо фармони ректори донишгоҳ аз 10-уми июни соли 1999, №172-09 Шӯрои табъу нашр ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми ДДМТ» (ҳоло ДМТ) созмон дода шудааст, ки аз рӯзи таъсисёбиаш ба фаъолияти мунтазам оғоз намуда, барои беҳдошти кори Марказ ва нашри мунтазами маводи чопии донишгоҳ ва маҷалла, ки дар он мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандон, аспирантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаҳои мухталифи кишвар ва берун аз он чоп мешаванд, саҳмгузор мебошанд. 

Ҳайати шӯрои Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз ҳисоби профессорону дотсентон ва устодони ботаҷрибаи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ созмон дода шудааст.

                             

Мудири редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ибодова Моҳира Кароматуллоевна

Ибодова Моҳира Кароматуллоевна 22-юми июли соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Солҳои 1986 – 1996 донишҷӯи факултети забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода; 2004 тарҷумони шуъбаи табъу нашри ДМТ аз соли 2004 то ҳол мудири редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон».

Ибодова М. К. дар соли 2009 барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 2014 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар рушди илму фарҳанги кишвар бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.

Бо дастигириву талошҳои Раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо қарори собиқ бюрои Кумитаи марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки моҳи июли соли 1989 қабул гардида буд, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) иҷозат дода шуд, ки барои нашри мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» (ҳоло «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон») шурӯъ намоянд. Дар донишгоҳ дар ин самт ҳама корҳои ташкилӣ-тайёрӣ ба анҷом расида, чопи маҷалла ба роҳ монда шуд, ки дар он мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандон, аспирантони донишгоҳ ва муҳаққиқони дигар муассисаҳои кишвар нашр мегардид.

Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ва то ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишварамон, солҳои 1992-1993 фаъолияти шуъбаи табъу нашр ва  нашриёти «Сино» якчанд муддат қатъ гардида, боиси саривақт нашр нагардидани маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон» гардид.

Хушбахтона, аз моҳи майи соли 1999 бо ташаббусу кордонии собиқ ректори донишгоҳ, академики АИ ҶТ, профессор Сафаров Ҳабибулло Муродович ва талошҳову кӯшишҳои некбинонаю дурнамои собиқ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Аминҷонов Азимҷон Олимович шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз нав ба фаъолият оғоз намуд ва пас аз танаффуси  кутоҳ бо кӯшиши роҳбарияти қисми илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ нашри маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» дар панҷ бахши мухталиф ба роҳ монда шуда, аз 27-уми октябри соли 1999, №503 ҳамчун нашрияи даврӣ дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.  

Аввалин шумораи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» соли 1999 ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди профессор Моёншо Назаршоев аз чоп баромад, ки дар таъсиси  маҷаллаи мазкур саҳми ин олими тоҷик хеле назаррас аст.

Айни замон дар омода намудани маводи ба нашр расидаи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» вобаста ба бахшҳо 8-нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо донандаи хуби кор худ мебошанд.

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» вобаста ба бахшҳо ҳамасола дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби устодону профессорони варзида созмон дода шуда, чопи мунтазами он ба роҳ монда мешавад.

Маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» бо фармони собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович аз 12-уми майи соли 2012, №153-09 ба бахшҳо ҷудо карда шуда, ин тарзи коргузорӣ дар пешрафти кори маҷалла ва сатҳу сифати он мусоидат намуд.  

Имрӯзҳо маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз рӯи бахшҳои:

1. Бахши табиӣ

2. Бахши иқтисодӣ

3. Бахши гуманитарӣ

4. Бахши «Филология» ба роҳ монда шудааст. 

Шурӯъ аз соли 2014 дар бахши илмҳои табиӣ як қисмати нав зери унвони тиб ва дорусозӣ ворид карда шуд, ки ин ба мутахассисони соҳаҳои мазкур имкон медиҳад, ки дастовардҳои илмии худро дар саҳифаҳои маҷалла ба табъ расонанд.

Фаъолияти редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (пештара «Паёми ДДМТ») аз соли 1990 оғоз гардида, то имрӯз 132 шумораи он бо миқдори 16000  нусха дар бахшҳои мухталиф ба нашр расидааст.

Ҳамасола маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз 20 то 25 шумора ба нашр расида, он фарогири мақолаҳои илмии на танҳо устодону кормандон ва аспирантони донишгоҳ, инчунин устодону кормандони дигар муассисаҳои мухталифи кишварамон ва Пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ва берун аз он (Москва, Санкт-Петербург, Челябинск, Владивосток, Украина, Озарбойҷон, Полша, Қирғизистон, Қазоқистон, ӯзбекистон, Самарқанд, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон) мебошад.

Маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия эътироф гардидааст.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org