Муовини ректор оид ба илм

pr naukДоктори илмҳои химия, профессор Сафармамадов Сафармамад Муборакшоевич 19 июли соли 1965  таваллуд шудааст. Сафармамадов С.М.,  пас аз хатми шӯъбаи рӯзонаи факултети химияи ДДТ ба номи В.И.Ленин  соли 1990 ба ҳайси кормандони хурди илмии озмоишгоҳои  Синтез ва тадқиқи пайвастаҳои комплексӣ-и назди шӯбаи илми ДДТ ба номи В.И.Ленин ба кор шурӯъ намуд. Худи ҳамон сол дар асоси озмун ба вазифаи ассистенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ интихоб шуда, моҳи ноябр  ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳ дохил шуд. Соли 1994 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи Пайвастагиҳои комплексии рений (V) бо 4-метилтиосемикарбазид, 4-метил-1,2,4-триазолтиол-5 ва ҳосилаҳои онҳо дифоъ намуд.

        Соли 1996 Сафармамадов С.М., ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ  интихоб шуда, дар ин вазифа то соли 1999 кор кардааст. Соли 1999 ба докторантураи ДДМТ дохил шуда, онро соли 2001 хатм намудааст. Баъди хатми докторантура аз соли 2002 дар вазифаи доценти кафедраи химияи ғайриорганики кор кардааст. Соли 2008 Сафармамадов С.М., натиҷаи корҳои илмиашро ҷамбаст намуда рисолаи докториро дар мавзӯи Пайвастҳои комплексии рений (V) бо ҳосилаҳои тиомочевина, 1,2,4-триазолтиол ва соҳаҳои истифодабарии онҳо дифоъ намудааст.   Солҳои 2002-2004 ҷонишини декани факултет оид ба илм кор кардааст.  Соли 2008 аъзои Шӯрои методии Донишгоҳ интихоб гардид.                                                             
Моҳи апрели соли 2009 Сафармамадов С.М., дар асоси озмун ба  вазифаи профессор, мудири кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ интихоб гардида, дар ин вазифа то соли 2011 кор кардааст.  Солҳои 2011-2013  дар вазифаи сардори раёсати таълими ДМТ, аз соли 2013 муддате дар вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ кор карда, ҳоло муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм мебошад.
 Сафармамадов С.М., фаъолияти омӯзгорӣ, илмию таълимӣ ва ҷамъиятиашро дар кафедраи химияи ғайриорганикии факултаи химия ва Донишгоҳ бомувафақият пеш бурда, машғулиятҳои лексиониро ба донишҷӯёни факултетҳои химия, биология, геология ва физика аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ ва  умумӣ, ҳамчунин аз фаннҳои тахасуси усулҳои тадқиқӣ пайвастҳои комплексӣ, ҳалкунандаҳои ғайриобӣ, усулҳои тозакунии металлҳои қиматбаҳо мегузаронад.

     Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Сафармамадов С.М., дар зиёда аз 150 номгӯи корҳои илмӣ ва 5 дастури методӣ ифода гардидааст. Зери роҳбарии ӯ 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org