Нашрияи "Ба қуллаҳои дониш"

sarmuharriri nashriyaсармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»
Исмонов Кароматулло Бадриддинович
            22-юми июни соли 1982 дар ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Соли 2005 факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз сентябри ҳамон сол то охири соли 2013 дар вазифаи ассистенти кафедраи филологияи араб дар факултети шарқшиносӣ (ҳоло забонҳои Осиё ва Аврупо) кор кардааст. Солҳои 2008-2013 унвонҷўи ДМТ буд, ҳоло номзади илмҳои филология, донандаи забонҳои арабӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Аз моҳи августи соли 2008 то моҳи декабри соли 2013 дар ҳафтанома ва маҷаллаи «Рисолат» ба ҳайси муҳаррир фаъолият намуда, аз аввали соли 2014 то ҳол муаллими калони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои   Осиё ва Аврупои ДМТ ва ҳамзамон аз моҳи феврали соли 2014 сармуҳаррири рўзномаи «Ба қуллаҳои дониш» мебошад.

Аз таърихи нашрия

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст, ки аввалин сармуҳарририи онро устоди факултети забон ва адабиёти рус В. Петрушков ба уҳда дошт. В. Петрушков барои чопи нашрия аз Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, аввалин шумораи онро 7-уми ноябри соли 1956 чоп намуд. Баъдан сармуҳаррир ва муҳаррирони тоҷикиву русии нашрия Абдураҳмон Латифович Бухоризода - дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳ, Худойдод Ҳусейнов - дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, Иван Леонтьевич Николаев устоди факултети забон ва адабиёти рус, иштирокчии ҶБВ, Виктор Аркадьевич Ойгензихт - профессори факултети ҳуқуқшиносӣ, Воҳид Мирашўрович Асрорӣ - профессори факултетҳои филология ва журналистика, Хоҷабек Зулфиқоров - устоди факултети журналистика, Мўсо Мавлавӣ – рўзноманигори варзида, Насрулло Асадуллоев - нависанда ва рўзноманигори машҳур ва чанде дигарон буданд. Тибқи маълумоти ба дасти мо расида дар рушди фаъолияти нашрия саҳми устодони донишгоҳ, аз қабили Б.Камолиддинов, Х.Ҳусейнов, О.Мухторова, А. Маҳмадаминов, С. Худойдодова, А. Кўчаров ва дигарон хеле назаррас аст.

Дар аввал нашрия дар ҳаҷми 2 саҳифа нашр мешуд. Баъдан бо ташаббуси сармуҳаррири он Иззатмоҳ Афѓонова (соли 1978), ки беш аз сӣ сол дар ин вазифа фаъолият кардааст, ба 4 саҳифа расонида шуд. Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» дар аввал гоҳнома, баъдан моҳнома ва ахиран ба ҳафтаномаю рўзнома табдил ёфт. Ҳамин тавр дар солҳои ахир роҳбарии онро Сангин Гулов ва Ҳафиз Раҳмонов ба дўш доштанд, ки дар давраи фаъолияти онҳо нашрия аз 4 саҳифа ба 16 саҳифа, аз як ранг ба чаҳор ранг ва аз сатҳи донигоҳӣ ба сатҳи ҷумҳуриявӣ расонида шуд.

Дар умум нашрия дар ташаккули худшиносӣ ва маърифати донишомўзону омўзгорони Донишгоҳ аз ибтидо то ин дам хидмати нотакрор кардааст. Феълан нашрия дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ВАО», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иттилоот» қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи Донишгоҳ, амру фармоишиҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Ба мансаби сармуҳаррири нашрия шахсе таъйин карда мешавад, ки дорои маълумоти олӣ, собиқаи умумии корӣ аз рўйи ихтисос на камтар аз 5-10 сол дошта бошад. Кормандони нашрия аз ҷумлаи мутахассисони соҳаи журналистика, ки малакаву маҳорати корӣ бо компютер доранд, бо иҷозати сармуҳаррир, роҳбари бахши илми донишгоҳ ва бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор таъйин карда мешаванд. Нашрия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои Донишгоҳ ба роҳ мемонад. Ба роҳбарияти нашрия сармуҳаррир ва муовини сармуҳаррир дохил мешаванд. Кормандони он дар вазифаҳои мухбир, котиби масъул, тарроҳ ва ҳуруфчин адои вазифа менамоянд. Тибқи ҷадвали барориш нашрия моҳе ду маротиба чоп мегардад

Сармуҳаррири нашрия:

Вазифаҳои асосии сармуҳаррири нашрия аз инҳо иборатанд: татбиқи амалии фармону супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (вобаста ба низоми маориф ва иттилоот); роҳбарии умумӣ ва назорати иҷрои вазифаҳои кормандони нашрия; иштирок дар ҷаласаҳои Шўрои илми методии Донишгоҳ ва аз номи нашрия баромад ва масъалагузорӣ намудан; масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои дохилӣ ва ё берунӣ дар мавриди Донишгоҳ ва ё нашрия гуфта мешавад, таҳлили он дар байни кормандони нашрия; сари вақт баррасӣ намудани маводи ба нашрия воридшуда; иштирок дар озмун (тендер)-ҳо вобаста ба чопи нашрия; назорати тайёр намудани гузориш ва ҳисобот ба ҷаласаи Шўрои илмӣ-методии Донишгоҳ; ташкил ва гузаронидани суҳбатҳо бо кормандони нашрия дар мавриди гирдоварии мавод; таҳлилу таҳрир ва ба чоп омода намудани маводи нашрия ва ҷавобгарӣ молу амволи он.

Кормандони нашрия                            

Вазифаҳои асосии кормандони нашрия (мухбир, котиби масъул, тарроҳ (дизайнер), ҳуруфчин-Талабшоҳ Иҳромов, Нигора Худойдодова, Ҷавҳар Шарифзода, Ҳамидулло Азизов) аз инҳо иборатанд:

МУХБИР . Татбиқи амалии супоришҳои роҳбарияти нашрия; сари вақт омода намудани маводи журналистӣ ва супоридани он ба роҳбарияти нашрия; иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои Донишгоҳ; гирд овардан ва навиштани мавод дар шакли ҳам хабару ҳам мақолаҳои таҳлиливу интиқодӣ аз Шўрои олимони ДМТ, ҷаласаҳои раёсат, Шўрои методӣ, ҷаласаҳои назоратии назди ректори ДМТ ва вохўриву мулоқотҳои расмии раёсати Донишгоҳ; дар шакли мақола ва ё мусоҳиба инъикоси ҳаёти илмиву таълимӣ ва тарбиявии Донишгоҳ; таҳияи мақолаҳое, ки марбут ба баҳсҳои маънавиянд; кумак расонидан ба котиби масъул дар вақти тақсимоти нашрия ба сохторҳои Донишгоҳ;

КОТИБИ МАСЪУЛ. Ба нақшагирӣ ва ҷобаҷогузории мавод дар саҳифаҳои Нашрия; тайёр намудани саҳифаҳо ва супоридани онҳо ба тарроҳи нашрия; чоп намудани нашрия ва ба Донишгоҳ расонидану дастраси хонандагон намудани он; дар ҳолати ҳамзамон омадани вақти чорабиниҳои донишгоҳ ҳамчун хабарнигор кор кард.

            ТАРРОҲ (ДИЗАЙНЕР). Иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти нашрия; ҷобаҷогузории маводи таҳриршуда; интихоби дурусти аксҳо дар нашрия; саривақт саҳифабандӣ намудани нашрия; пас аз иҷрои тарроҳӣ супоридани макет ба роҳбарияти нашрия ва сипас ислоҳи он. 

                ҲУРУФЧИН. Ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатгузории нашрия; қабули шакли электронии маводи ба нашрия воридшаванда; ба котиби масъул расонидани маводи воридшуда; ҳуруфчинӣ намудани факту далели хабару мақолаҳое, ки дар шакли коѓаз ва ё сабтанд; тайёр кардани ҳуҷҷатҳо оид ба тақсимоти нашрия; дар ҳолати ҳамзамон омадани вақти чорабиниҳо, ҳамчун хабарнигор амал кардан; кумак расонидан ба котиби масъул дар вақти тақсимоти нашрия; ҷавобгў дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва тартиби молу амволи нашрия.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org