Раёсати илм ва навоварии техникӣ

 

Раёсати илм ва навоварии техникӣ сохтори таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ташкил гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро дар донишгоҳ ба танзим медарорад.

Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишгоҳ ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ  дар Донишгоҳ аз рӯйи нақшае, ки онро Шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад.

Вазифаи асосии раёсати илм ва навоварии техникӣ аз инҳо иборат аст:

·ташкил ва инкишоф додани фаъолияти илмии устодон, кормандон, докторантон, аспирантон, унвонҷӯён, донишҷӯён;

 ·назорати иҷроикорҳоиилмиютаҳқиқотӣ дардонишгоҳ;

 ·истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар раванди таълим баҳри баланд бардоштани сифати дониши мутахассисони ба талаботҳои замони пешрафти илмӣ-техникӣ ҷавобгӯ;

 ·тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати устодону кормандон;

·ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯёни лаёқатманд ва мусоидат баҳри мустақилона иҷро кардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби онҳо;

 ·инкишофи тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои амалӣ;

 ·ҳалли масоили илмии муҳим баҳри рушди таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ;

 ·таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияҳо ва институтҳои тадқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи кишвар;

 ·амалӣ гардонидани фаъолияти таҳрирӣ ва интишороти дар донишгоҳ;

 ·ташкил ва гузаронидани олимпиадаҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва машваратҳои илмӣ;

 ·ташкили роҳҳои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар раванди илм ва таълим;

·муҳокима ва баррасии натиҷаи корҳои таҳқиқоти илмиро ташкил менамояд;

·назорати иҷрои саривақтии корҳои илмию таҳқиқотиро таъмин менамояд;

·ташхиси саривақтии корҳои илмию таҳқиқотӣ, рисолаҳои илмии унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон;

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org