Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ дар соҳаҳои илмҳои  табиатшиносӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар назди Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №28-09  соли 2009 таъсис дода шудааст. 

Ҳадаф ва вазифаҳои  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ аз инҳо иборат аст: 

1.Муайян намудани самт ва масоили фаъолияти илмии донишгоҳ. 

2. Баррасии пешниҳоди факултетҳо, кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои илмӣ оид ба  таҳқиқи мавзӯъҳои   корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ. 

3. Бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ, ҷустуҷӯӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ, ки дар факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои дигар иҷро карда мешаванд. 

4. Омода намудани пешниҳодҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои илмӣ мувофиқи қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва нақшаҳои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ. 

5. Таҳқиқ ва пешниҳоди нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии солона ва  дурнамо  барои тасдиқ дар Шӯрои олимони ДМТ бо тартиби муқарраршуда. 

6. Ташхиси мундариҷаи монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои  корҳои илмӣ, ки барои чоп омода шудаанд. 

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисиро дар ибтидо З.Ғ.Ҷӯраева (соли 2009), В.С. Абдуллоев (солҳои 2009-2013) роҳбарӣ намуданд. Аз  7 апрели соли 2013 сардори бахши шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ  Иноятова З.П. мебошад. 

Иноятова Зебинисо  22 декабри соли 1972  дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1989 мактаби миёнаи №48-и шаҳри Душанберо хатм намуда, соли 2007 факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2002 инҷониб дар вазифаҳои гуногуни донишгоҳ кор ва фаъолият кардааст. Аз  7 апрели соли 2013 сардори бахши шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ  мебошад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org