Шуъбаи аспирантура ва докторантура

Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои бонуфузтарини илм, маданият, маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. 

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ  ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳ нақши муҳимро аспирантура, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, мебозад. Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти №152 аз 05.10.1950 с. Вазифаи мудири шуъбаи аспирантура муваққатан ба уҳдаи дотсент Шибаев Ю.А. вогузошта шуд. Дар соли аввали таъсисёбии аспирантура дар он ҳамагӣ 5 нафар аспиранти соҳаи гуманитарӣ таҳсил мекарданд. Соли дигар ба аспирантура боз 6 нафар аспирантони ҳамон соҳа қабул шуда буданд. 

Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ нақши муҳимро марказҳои бузурги илмии собиқ Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Воронеж, Новосибирск, Тбилисӣ ва ғайра бозиданд. 

Аввалин ҳимояҳои номзадӣ соли 1951 дар Донишгоҳ шуда гузашт. Аввалин диссертанти Донишгоҳ ин В.И. Ченишев, ки рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: “ Млекопитающие тугаев Таджикистана ” буд, 3 июли соли 1951 барои гирифтани унвони илмии номзади илми биология ҳимоя кард ва С.Д. Арзуманов рисолаи  номзадиашpo аз рӯи “Китоби забони тоҷикӣ барои калонсолон” 28 сентябри соли 1951 ҳимоя карданд. 

Бо сабаби набудани Шӯрои диссертатсионӣ солҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ диссертатсияҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон дифоъ карда мешуданд. 

Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи тоҷик Нарзуллоев Б.Н., Тоҷиев Д.Т., Ёқубов Х.М., Каримов Ҳ.К., Ҳусейнзода Ш.., Мелкумов В.Г., Баҳоваддинов А.М., Юсупов С.М., Субҳонқулов М.А., Назаршоев М.Н., Асрорӣ В.М., Сафаров Ҳ.М.,  Усмонов О.У. ва дигарон саҳми зиёде гузоштаанд. 

Олимони ДМТ ба кишварҳои хориҷӣ низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ кумаки башардӯстона мерасонад. Ҳоло дар аспирантураи ДМТ аспирантон ва унвонҷӯён аз Ҷумҳуриҳoи Исломии Эрон, Афғонистон, Хитой, Ироқ, Туркманистон, Амрико ва ғайра таҳсил ва фаъолияти илмӣ мебаранд. 

Масъалаи тайёр намудани докторҳои илм мақоми махсусеро ишғол мекунад. Сараввал барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос – докторони илм бо роҳи гузаронидани устодон ба сифати Ходими калони илмӣ (ХКИ) то 2 сол барои навиштан ва ҳимоя намудани рисолаи докторӣ, ба амал оварда мешуд. 

ДДТ ба номи В.И.Ленин аз соли 1960 сар карда ба Вазорати маорифи халқии СССР муроҷиат намудааст, то ки ба Донишгоҳ барои дифоъи рисолаҳои докторӣ аз рӯи ихтисосҳои таърихи ССР, таърихи Тоҷикистон, филологияи тоҷик ва биология иҷозат диҳанд. Дар натиҷа, танҳо соли 1964 ба Эркаев М.И. барои ҳимояи яквақтаи (разовая защита) рисолаи докторӣ дар ДДТ иҷозат дода шуд ва ҳамчун рисолаи докторӣ китоби М.И.Эркаев «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон», ки ба забони русӣ нашр шуда буд, пешниҳод шуд. 

Cоли 1987 ДДТ ба номи В.И.Ленин ба қатори мактабҳои пешқадами мамлакат дохил карда шуд, ки ин масъулияти Донишгоҳро дар тайёр кардани кадрҳoи илмӣ-педагогӣ хеле зиёд мекард. 

Масъалаи кушодани докторантура дар ДДТ ба номи В.И.Ленин дар қисми илмии Донишгоҳ омӯхта шуд ва дар ҷаласаи Шӯрои олимон муҳокима карда шуд. Дар натиҷа ба хулосае омаданд, ки дар Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои зерин кушодани докторантура лозим аст: таҳлил математикӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математикӣ, иқтисод, ташкили идоракунӣ ва банақшагирӣ дар истеҳсолот, таърихи СССР, адабиёти халқҳои СССР, забонҳои халқҳои СССР. 

Дар натиҷа бо фармони Кумитаи давлатии маорифи халқи СССР таҳти №267 аз 10.08.1988 c. дар Донишгоҳ докторантура таъсис ёфт. Худи ҳамон сол бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 26.12.1988 c. 4 нафар ба докторантура қабул шуданд. 

Агар соли 1950 дар аспирантураи Донишгоҳ 5 нафар аспирант таҳсил карда бошанд, шумораи онҳо то 1-уми январи соли 2014  ба 47,6 маротиба афзуда, ба 374 нафар расид (174 нафар шуъбаи рӯзона ва 160 нафар шуъбаи ғоибона). 

Айни ҳол дар 17 факултети Донишгоҳ аз рӯи 16 самт ва 125 ихтисос кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тайёр кардани мешавад. Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи Донишгоҳ Раҷабов Н.Р., Қосимова М.Н., Набиева Р.Н., Аминҷонов А.О., Юсупов З.Н., Шарипов Х.Ш., Ғаниев Т.Б., Кӯчаров А., Холиқов Ш.Х., Имомов М.С., Тоҳиров Ф.Т., Маҳмудов М.А., Ёқубова М.М., Менглиев Ш.М., Туйчиев Ш.Т. ва дигарон саҳми худро  мегузоранд. 

Шуъбаро мудир роҳбарӣ менамояд. Солҳои тӯлонӣ роҳбарии шуъбаи аспирантура ва докторантураро кормандони донишгоҳ Г.Д. Захарова (то соли 1986) ва Венеров Н. (1987) Лозинская Л.П.  (солҳои 1987-1995), Шукурова С.М. (1995-2000), Зуҳурова М.Б. (2000-2009), Комилов Р.С. (2009-2010), Холиқова Л.Р. (2010-2012) ба уҳда доштанд. Аз соли 2012 инҷониб мудири шуъбаи аспирантуpа ва докторантура Манонов К.А. мебошад.

 

 

ДОКТОРАНТОНИ Ph.D, ДОКТОР АЗ РӯИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

 

 

 

т/р

Номгӯи ихтисос

Рамз

 
 

1

Педагогика ва психология

6D010300

 

2

Математика

6D010900

 

3

Физика

6D011000

 

4

Информатика

6D011100

 

5

Кимиё

6D011200

 

6

Биология

6D011300

 

7

Таърих

6D011400

 

8

Асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт

6D011500

 

9

География

6D011600

 

10

Забон ва адабиётитоҷик

6D011700

 

11

Забон ва адабиёти рус

6D011800

 

12

Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ

6D011900

 

13

Таълими касбӣ (аз рӯи ихтисос)

6D012000

 

14

Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайритоҷикӣ

6D012100

 

15

Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайрирусӣ

6D012200

 

16

Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ

6D012300

 

17

Арзёбии педагогӣ

6D012400

 

18

Фалсафа

6D020100

 

19

Муносибатҳои байналхалқӣ

6D020200

 

20

Таърих

6D020300

 

21

Фарҳангшиносӣ

6D020400

 

22

Филология

6D020500

 

23

Диншиносӣ

6D020600

 

24

Кори тарҷумонӣ

6D020700

 

25

Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ

6D020800

 

26

Шарқшиносӣ

6D020900

 

27

Филологияи хориҷӣ

6D021000

 

28

Забоншиносӣ

6D021300

 

29

Адабиётшиносӣ

6D021400

 

30

Исломшиносӣ

6D021500

 

31

Ҳуқуқшиносӣ

6D030100

 

32

Ҳуқуқи байналхалқӣ

6D030200

 

33

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

6D030300

 

34

Кори гумрукӣ

6D030400

 

35

Иҷтимоӣ

6D050100

 

36

Сиёсатшиносӣ

6D050200

 

37

Психология

6D050300

 

38

Рузноманигорӣ

6D050400

 

39

Минтақашиносӣ

6D050500

 

40

Иқтисодӣ

6D050600

 

41

Менеҷмент

6D050700

 

42

Баҳисобгирӣ ва аудит

6D050800

 

43

Молия

6D050900

 

44

Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

6D051000

 

45

Маркетинг

6D051100

 

46

Омор

6D051200

 

47

Иқтисодиёти ҷаҳон

6D051300

 

48

Бойгонишиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳуҷҷатнигорӣ

6D051500

 

49

Рузноманигории байналхалқӣ

6D051600

 

50

Менеҷменти инноватсионӣ

6D051700

 

51

Идоракунии лоиҳаҳо

6D051800

 

52

Ташкил ва бамеъёргирии меҳнат

6D051900

 

53

Бизнес-маъмуриятчигӣ

6D052000

 

54

Математика

6D060100

 

55

Информатика

6D060200

 

56

Механика

6D060300

 

57

Физика

6D060400

 

58

Физикаи ядро

6D060500

 

59

Химия

6D060600

 

60

Биология

6D060700

 

61

Экология

6D060800

 

62

География

6D060900

 

63

Гидрология

6D061000

 

64

Астрономия

6D061100

 

65

Метеорология

6D061200

 

66

Геоботаника

6D061300

 

67

Биотехнология (аз рӯи соҳаҳо ва татбиқ)

6D070100

 

68

Автоматикунонӣ ва идоракунӣ

6D070200

 

69

Системаҳои иттилоотӣ (аз рӯи соҳаҳо)

6D070300

 

70

Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ

6D070400

 

71

Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ

6D070500

 

72

Геология   ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок

6D070600

 

73

Кӯҳкорӣ

6D070700

 

74

Корҳои нафту газ

6D070800

 

75

Масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳҳои навин

6D071000

 

76

Геодезия

6D071100

 

77

Энергетикаи электорикӣ

6D071800

 

78

Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия

6D071900

 

79

Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ

6D072000

 

80

Технологияи химиявии моддаҳои органикӣ

6D072100

 

81

Физикаи техникӣ

6D072300

 

82

Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист

6D073000

 

83

Технологияи химиявии моддҳои тарканда ва маҳсулоти пиротехникӣ

6D073400

 

84

Ғанигардонидани канданиҳои фоиданок

6D073700

 

85

Технологияи коркарди масолеҳ таҳти фишор

6D073800

 

86

Химияи нафт

6D073900

 

87

Наномасолеҳҳо ва нанотехнологияҳо (аз рӯи соҳаҳои татбиқ)

6D074000

 

88

Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданок

6D074700

 

89

Технологияи истеҳсолоти фармасевтӣ

6D 074800

 

90

Кори маркшейдерӣ

6D 074900

 

91

Метрология

6D 075000

 

92

Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ

6D 075100

 

93

Система ва шабакаҳои муҳандисӣ        

6D075200

 

94

Технологияи химиявии масолеҳи душворгудози ғайриметаллӣ ва силикатӣ

6D075300

 

95

Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ

6D075500

 

96

Туризм

6D090200

 

97

Логистика (аз рӯи соҳаҳо)

6D090900

 

98

Китобдорӣ

6D091000

 

99

Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат

6D091100

 

100

Системаи иттилоотии амният

6D100200

 

101

Фарматсевтӣ

6D110400

 

                                         

НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАД:

- ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет    

(ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

- нусхаи шиноснома;

- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва  

баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ  

карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

- маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

- 6 расми андозаи 3х4

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. 

Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

 

АСПИРАНТОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ

 

ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

 

т/р

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисос

 
 

1

01.01.01

Таҳлили риёзӣ

 

2

01.01.02

Муодилаҳои дифференсиалӣ

 

3

01.01.07

Математикаи ҳисоббарорӣ ва механика

 

4

01.04.02

Физикаи назариявӣ

 

5

01.04.05

Оптика

 

6

01.04.07

Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

 

7

01.04.16

Физикаи ҳастаи атомӣ

 

8

02.00.01

Кимиёи ғайриузвӣ

 

9

02.00.02

Кимиёи аналитикӣ

 

10

02.00.03

Кимиёи органикӣ

 

11

02.00.04

Кимиёи физикӣ

 

12

02.00.06

Пайвастҳои калонмолекулӣ

 

13

03.00.04

Биокимиё

 

14

03.00.05

Ботаника

 

15

03.00.08

Зоология

 

16

03.00.12

Физиологияи растаниҳо

 

17

03.00.13

Физиология

 

18

03.00.16

Экология

 

19

05.13.18

Моделсозии математикӣ

 

20

05.13.19

Усулҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот, бехатарии иттилоот

 

21

05.17.01

Технологияи моддаҳои ғайриузвӣ

 

22

07.00.02

Таърихи ватанӣ

 

23

07.00.03

Таърихи умумӣ

 

24

07.00.09

Таърихнигорӣ, манбашиносӣ ва усулҳои тадқиқотҳои таърихӣ

 

25

07.00.15

Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна

 

26

08.00.01

Назарияи иқтисодӣ

 

27

08.00.05

Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳо)

 

28

08.00.10

Молия, муомилоти пулӣ ва қарз

 

29

08.00.12

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор

 

30

08.00.13

Усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт

 

31

08.00.14

Иқтисодиёти ҷаҳон

 

32

09.00.03

Таърихи фалсафа

 

33

09.00.11

Фалсафаи иҷтимоӣ

 

34

10.01.03

Адабиёти мамолики хориҷӣ (бо нишондоди ихтисос)

 

35

10.01.08

Назарияи адабиёт. Матншиносӣ

 

36

10.01.10

Журналистика

 

37

10.02.20

Забонишиносии қиёсӣ-таърихӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва забоншиносии типологӣ

 

38

10.02.22

Забонҳои мамолики хориҷи Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (бо нишондоди забони ихтисос)

 

39

12.00.01

Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат

 

40

12.00.02

Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии   конститутсионӣ ва ҳуқуқи   мунисипалӣ

 

41

12.00.03

Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ,   ҳуқуқи байналхақии хусусӣ

 

42

12.00.08

Ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

 

43

12.00.11

Ҳокимияти судӣ; назорати прокурорӣ; ташкили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура

 

44

13.00.01

Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика
ва маориф

 

45

13.00.02

Назария ва методикаи омӯзиш ва тарбия (бо нишондоди ихтисос)

 

46

19.00.01

Психологияи умумӣ, психологияи шахсият, таърихи психология

 

47

22.00.01

Назария, методология ва таърихи сотсиология

 

48

23.00.02

Институти сиёсӣ, низоъшиносии сиёсӣ, технологияи сиёсӣ

 

49

25.00.04

Петрология, вулканология

 

50

25.00.05

Минералогия, кристаллография

 

51

25.00.07

Гидрогеология

 

52

25.00.08

Геологияи муҳандисӣ

 

53

25.00.09

Геохимия ва усулҳои геохимиявии канданиҳои фоиданок

 

54

25.00.11

Геология, ҷустуҷӯ ва инкишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения

 


НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА АСПИРАНТУРА

 

1.Ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет   (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

 

2.Нусха (копия) – и диплом бо замимаи баҳоҳо;

 

3.Варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4х6;

 

4.Шарҳи ҳол;

 

5.Хислатнома (характеристика);

 

6.Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба аспирантура супорида шуда бошад);

 

7.Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;

 

8.Тавсияи Шӯрои олимони факултет ба хатмкунандагони соли 2016 (бо баҳои 4 ва 5) ва тавсияномаи КАД (Комиссияи Аттестатсияи Давлатӣ)

 

9.Маълумотномаи духтур (Ф - 086);

 

10.Дафтарчаи меҳнатӣ барои аспирантони шуъбаи рӯзона (барои ғоибона нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ);

 

11.Нусхаи шиноснома (копияи паспорт) ;

 

12.Ҷузвдон (папка - файл)

 

Ҳуҷҷатҳои бо расм насбшуда танҳо дар маҷмааи бутун қабул карда мешавад;

 

Қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба аспирантура аз 30 август то 1 октябри соли 2016;

 

Оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантура аз 15 октябр то 20 ноябри соли   2016;

 

Ҳангоми супоридани имтиҳон ҳар як довталаб бо шиносномаи худ шахсан ба имтиҳон ворид мешавад.

 

Имтиҳонҳои қабул:

 

1.Фалсафа

 

2.Забони хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ)

 

3.Ихтисос

 

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба аспирантура ҳатман тибқи барномаву талаботи кафедраҳои марбут бо фанҳои зикршуда сурат мегирад.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Тел: 221-72-29

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org