РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ПОЙГОҲИ «ҶАВОНӢ»

666

Имрӯз (20.05.2021) дар доираи иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ДМТ дар самти назорати рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар пойгоҳҳои назди донишгоҳ гурӯҳи кории раёсат бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии «Ҷавонӣ», ки дар деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат воқеъ аст, боздид намуданд. Зимни сафар ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курси сеюми факултети фарматсевтӣ, ихтисоси дорусозӣ, ки дар давраи таҷрибаомӯзии саҳроӣ қарор доранд, ҳамсуҳбат шуда, оид ба рушди соҳаи фарматсевтӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он, инчунин, дастгирию иқдомҳои неки роҳбарияти олии кишвар дар робита ба соҳаи мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи фарматсевтӣ барои пешрафти саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.

Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба беҳтар намудани шароити пойгоҳи мазкур ба масъулини донишгоҳ, аз ҷумла ба мудири пойгоҳ Ҳалимов Ф. дастурҳои мушаххас дод. Тибқи иттилои мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Ҷ.Т. Абдуллоев дар ҷараёни сафар муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., сардори раёсати таълим Азиззода У., муовини сардори раёсат Қосимзода С., декани факултети фарматсевтӣ Мусозода С., устоди факултети мазкур Салимов С. иштирок ва бо донишҷӯён суҳбатҳои судманд намуданд.