Таърихи ДМТ

Таъсиси “Университет” барои Тоҷикистон маҳсули давраи навини таърихи он мебошад. То инқилоби октябри соли 1917 тоҷикон ба монанди дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо чунин ном мактаби олӣ надоштанд. Университет муассисаи илмию таълимӣ мебошад ва дар он фанҳои гуногуни бунёдию амалӣ ва назариявию таҷрибавӣ мавриди таълим ва таҳқиқ қарор мегиранд. Дар мамлакатҳои Аврупо аввалин университетҳо дар асрҳои ХII-ХIII дар Италия, Испания, Фаронса, Англия ва сипас дар Чехия, Полша, Россия, кишварҳои назди соҳилҳои Балтика ташкил карда шуданд. Дар мамлакатҳои Осиё бошад, дар Эрон ҳануз дар замони салтанати сулолаи Сосониён (солҳои 226-652) чунин муассисаи илмиву таълимӣ бо номи Гундишопур амал мекард ва он “академия” назария ва амалияи тиб ва илмҳои дигарро дарбар мегирифт. Ин “академия” дар роиҷу густариши илму фарҳанг дар Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик нақши бузурге дошт.

Заминаҳои таъсиси Донишгоҳ

Тамаддуни оламшумули аҷдодони тоҷику форс дар замони ҳуҷуми хилофати араб хароб гардид. Дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷику форс Бармакиён, Тоҳириёну Саффориён ва хусусан сулолаи Сомониён чунин донишгоҳҳо эҳё шуданд. Дар аҳди Салчуқиён, солҳои дар вазифаи вазир будани Абўалӣ Ҳасан ибни Алӣ бини Исҳоқ- Низомулмулк (1063-1092) дар як қатор шаҳрҳо: Бағдод, Нишопур, Ҳироту Балх, Марв ва ғайра бо ташаббуси ӯ мадрасаҳои сифатан нав таъсис ёфтанд, ки онҳо  бо номи Низомия машҳур мебошанд. Дар мадрасаҳо ба ғайр аз Қуръони маҷид, ҳадисҳои набавӣ, инчунин илмҳои ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт, нуҷум ва ғайра таълим дода мешуданд. Онҳоро мутафаккири бузург Карл Маркс академия номидааст. Чунин академияҳо баъдтар дар нимаи дуввуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар зери таъсири дигаргунихои матлуби илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Қуқанду Бухоро пайдо шуданд. Ҳатто бо ташаббуси бухориёни бомаърифат чунин мадрасаҳо дар Сибири Ғарбӣ низ ташкил ёфтанд, ки яке аз онҳо бо номи мадрасаи Ембаево (маҳали сукунати бухориён) шуҳрат пайдо карда буд. Онҳо дар ҷаҳони ислом нақши университетро доштанд. Ин ҳама таълимгоҳҳо дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик нақши тақдирсоз гузоштанд.

Тамаддуни аҷдодон ва худи тоҷикону форсизабонон дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиниён, Сосониён, Сомониён бузургтарин олимон, адибон ва мутафаккирон, ба монанди Абўҳафси Суғдӣ,  Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммади Сарахсӣ, Абдуллоҳи Марвазӣ, Абўмуҳаммади Хуҷандӣ, Абўабдуллоҳи Хоразмӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўалӣ ибн Сино, Алоуддин Муфтии Бухороӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва дигаронро ба арсаи ҷаҳон  овард. Вале таассуботи мазҳабию  кашмакашҳои сулолавии асримиёнагӣ  дар  Осиёи Марказӣ  садди  нашъунамои минбаъдаи илму  фарҳанг  гаштанд. Кашфиёти  бузурги  ҷуғрофӣ  ба вусъати минбаъдаи роҳи  бузурги  абрешим то андозае нақши  манфии худро  гузошт. Хусусан  Осиёи  Миёна  аз  роҳҳои  савдою  тиҷоратии  ҷаҳонӣ дар  канор  монд.  Ба  ҳайати  Россия  дохил  шудани  ин   сарзамин  дар  сарнавишти  таърихии  тоҷикон   нақши мусбӣ  гузошт.  Вале  он  мардуми   кишварро  ба  шоҳроҳи  тамаддуни ҷаҳонӣ  ворид  карда  натавонист,  зеро гумоштаи Россияи подшоҳӣ-аморати Бухоро кўшиш мекард, ки сарзамини  аморатро дар  ҷаҳони  асримиёнагӣ  нигоҳ  дорад.

  Танҳо   ба  шарофати  ғалабаи Инқилоби Октябр,  барпо  шудани  сохти  нави шуроҳо бо  вуҷуди  тазоду  ихтилофҳо,  тоҷикон имкон  пайдо карданд,  ки давлати  миллии  худ - Тоҷикистонро  ташкил  намоянд.  Маҳз  дар  ин  давра  барои  ба  таври  куллӣ  тағйир  додани  сохти  иқтисодӣ, фарҳангӣ  ва  сиёсии  кишвар  заминаҳои  зарурӣ  пайдо  шуданд.  Яке  аз  омилҳои  дар  оянда  дар  Тоҷикистон ба вуҷуд омадани мактабҳои ҳамагонӣ, омузишгоҳҳо, мактабҳои олӣ ва билохира университет дар байни мардум барҳам додани бесаводӣ мебошад. Барои маҳви бесаводӣ ба воя расонидани мутахассисон зарур буд. Дар солҳои 20-ум дар як қатор шаҳрҳои тоҷикнишин - Самарқанду Хуқанд, Кулобу Душанбе бо мақсади аз байни тоҷикон тайёр намудани муаллимон курсҳои махсус таъсис дода шуданд. Соли 1926 бошад, дар пойтахти ҷумҳурӣ аввалин техникуми чорсолаи муаллимтайёркунӣ таъсис ёфта ба фаъолият шуруъ намуд. Охири соли 1924 дар шаҳри Тошканд институти муаллимтайёркунии тоҷикӣ таъсис ёфта аз нимаи соли 1927 ба ихтиёри Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дода шуд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар институт чеҳраҳои намоёни онвақтаи тоҷик шоир Абулқосим Лоҳутӣ, комиссари ояндаи маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммадов, Отаев, Ҷабборӣ, Шарифов, олимони намоёни шўравӣ Краснобоев, Белковский ва инчунин олимони ҷавону умедбахши тоҷик Зариф Раҷабов (оянда аввалин ректори ДДТ ), Шарифҷон Ҳусейнзода (оянда поягузори ДМТ, мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳ) ба шогирдон аз фанҳои гуногун дарс мегуфтанд. Институти номбурда ҳамзамон барои мактабҳои тоҷикии Узбекистон ва ҷумҳуриҳои дигар ҳам муаллим тайёр мекард. Мавриди зикр аст, ки Институти муаллимтаёркунии Тошканд барои ба камол расонидани зиёиёни тоҷик нақши муҳимеро бозидааст. Шоири халқии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, нависанда ва олими маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, доктори илм, профессор ва мудири кафедраи таърихи партияи ДДТ, аввалин академики Академяи илмҳои педагогии СССР Мулло Эркаев, профессор В.Асрорӣ ва дигарон дастпарварони ҳамин институт мебошанд.

Аввалин мактабҳои маҳви бесаводӣ

 Солҳои 20-30-ум ба таърихи халқи Тоҷикистон чун солҳои муборизаи шадиди маҳви бесаводӣ ворид гаштааст. Дар саросари кишвар курсҳои маҳви бесаводӣ амал мекарданд. Илова бар ин, барои ноил шудан ба ин мақсад чораҳои ғайриоддиро низ истифода мекарданд. Намунаи онро дар рузномаи «Бедории тоҷик» аз 27-уми декабри соли 1925 дидан мумкин аст: Дар Fарм мактаби ибтидоӣ кушода шуд. Ба вай 25 касро қабул карданд. Ба ҳар як хонанда як сар собуни ҷомашуӣ дода мешуд, то онҳо мактабро тарк накунанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор  қабул кард, ки мувофиқи он барои нарафтани бачаҳо ба мактаб аз волидайн ё шахсони масъули онҳо аз тариқи шуроҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми аз 5 то 100 сум ҷарима ситонида шавад, ё онҳоро ба муҳлати як моҳ ба меҳнати маҷбурӣ сафарбар намоянд.  

      Мубориза баҳри маҳви бесаводӣ дар ҷумҳурӣ бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда натиҷаҳои назаррас дод. Дар шароити тезутунди маҳви бесаводӣ барои донишомузӣ моҳи сентябри соли 1923 дар мамлакат ҷамъияти «Нест бод бесаводӣ» ва дар ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон шуъбаҳои он соли 1925 таъсис дода шуданд. Ин ҷамъиятҳо дар корхонаҳои саноатӣ, совхозҳо, дар аввалин кооперативҳои деҳқонӣ ячейкаҳои худро доштанд. Шумораи мактабҳои маҳви бесаводӣ сол аз сол меафзуд. Гуфтан кифоя аст, ки дар давоми панҷ соли хониш (1925-1926 то 1931-1932) шумораи шуъбаҳои маҳви бесаводӣ ба 3360 ва шумораи талабагони он ба 134772 расид. Ба ибораи дигар, дар ин муддат шумораи шуъбаҳои маҳви бесаводӣ 500 маротиба, талабагони онҳо қариб 1000 маротиба зиёд гардид. Ба таълим ҷалб кардани занон 500 маротиба афзуд. Шумораи умумии одамони саводноки ҷумҳурӣ то 25% расид.

      Дар инкишофи маорифи кишвар қарори КМ ПК Тоҷикистон «Дар бораи маорифи халқи тоҷик» аз 6 апрели соли 1930 аҳамияти калон дошт. Афзоиши шумораи мактабҳои ибтидоӣ ва мактабҳои маҳви бесаводӣ, дар навбати худ зиёд шудани кадрҳои муаллимонро талаб мекард. Ба ин мақсад мебоист дар муддати кутоҳ донишкадаҳои педагогӣ: курсҳои кутоҳмуддати педагогӣ (курсҳои яксола, дусола ва курсҳои тобистонаи азнавтайёркунии муаллимон ва ғайра), техникумҳои педагогии статсионарӣ кушода мешуданд. Дар воқеъ, дар муддати солҳои хониши 1928/1929 то 1932/1933 шумораи техникумҳои педагогӣ аз 3 то 17 расид, курсҳои педагогӣ бошад аз 4 то 36 афзуд. Ҳамзамон шумораи хатмкунандагони техникумҳо аз 360 то 2020 ва хатмкунандагони курсҳои педагогӣ аз 274 то ба 2779 расид.

Танҳо тули ин солҳо барои мактабҳои тоҷикӣ 5522 нафар муаллимон тайёр карда шуда буданд.

Дар солҳои зикршуда яке аз муҳимтарин ҷамъбастҳои панҷсолаи якум дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф аз он ибрат буд, ки таълими умумии ибтидоӣ асосан амалӣ гашт ва он барои инкишофи минбаъдаи таълими ҳафтсола ва миёна заминаи устувор гузошт.

    Дар солҳои минбаъда низ ривоҷ додани теъдоди муаллимони маълумоти миёна ва олии педагогӣ ба мисли пешин,то ҳатто аз он бештар яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф боқӣ монд.

    Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ низ тайёр намудани кормандони  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон: агрономҳо, зоотехникҳо, духтурҳо, коркунони муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ, воситаҳои ахбори умум ва ғайра низ вазифаҳои бузургтарин ба ҳисоб мерафт.

    Барои ноил гаштан ба ин мақсад дар як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон донишкадаҳои миёнаи махсус, факултетҳои коргарӣ, техникумҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: хоҷагии қишлоқ (Сталинобод, Ленинобод ва Кулоб), тиббӣ дар Ленинободу Сталинобод ва ғайра  ташкил  дода  шудаанд. Ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон шумораи техникумҳо ва мактабҳои махсуси миёна ба 30 адад расид, ки дар онҳо қариб 6 ҳазор нафар талабагон касбҳои гуногунро меомухтанд.

Ҳамзамон зарурати дар ҷумҳурӣ таъсис додани мактаби олӣ мушоҳида карда мешуд. Бори аввал дар маҷлиси президиуми кумитаи инқилобии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон 30-юми сентябри соли 1925 дар бораи таъсиси институти педагогии Тоҷикистон сухан рафта буд.

Таъсиси аввалин донишкадаи олӣ дар Тоҷикистон ба Университети давлатии Осиёимиёнагӣ (Средниазиатский Государственный Университет (САГУ)) вобаста аст. Дар заминаи шуъбаи таърих, иқтисодиёт ва забони Донишгоҳи номбурда, ки ба шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд, Институти агропедагогии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Он дорои шуъбаҳои физикию техникӣ, агробиологӣ ва ташкилӣ- педагогӣ буда, фаъолияти худро аз 1-уми сентябри соли 1931 оғоз намуд. Моҳи ноябри ҳамон сол ин донишкада ба комбинати таълимии агропедагогӣ табдил дода шуд. Он институти педагогӣ ва техникуми педагогӣ курсҳои тайёрии кадрҳои ташкилотҳои ноҳиявӣ ва методистони халқро дар бар мегирифт. Аз моҳи сентябри соли 1932 агрокомбинат унвони академияи педагогиро гирифт. Қайди чунин далели таърихӣ бамаврид аст, ки Зариф Шарифович Раҷабов ректори ояндаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1932 мудири қисми илмӣ ва омузишии ҳамин академияро бар уҳда дошт. Баъдтар моҳи апрели соли 1934 академия ба институти педагогии Душанбе табдил дода шуд.

Соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд  институти педагогӣ таъсис ёфт, ки он номи С.М.Кировро гирифт, (ҳоло Университети давлатии ба номи Бобоҷон Fафуров мебошад).

Таърихи таъсиси институти имрузаи кишоварзии Тоҷикистон ҳам ба номи Университети давлатии Осиёи Миёна зич алоқаманд аст. Соли 1930 дар Тошканд дар асоси факултети ҳамин Донишгоҳ институти зироати Осиёи Миёна ташкил ёфт. Баъди як сол факултети обчакории он ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва он бо қарори ҳукумати марказии шуравӣ ба институти зироати Тоҷикистон табдил ёфт. Солҳои сиюм дар Тоҷикстон институти тиббӣ низ таъсис ёфт. Таърихи таъсисёбии он ба соли 1933 рост омад. Вале аз сабаби нарасидани омузгорон ва камии теъдоди донишҷуён он соли 1935 баста шуд. Баъди муддате бо сабаби фарорасии заминаҳои зарурӣ соли 1939 дар шаҳри Сталинобод аз нав ба номи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.

Ҳамин тавр, дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон институтҳои педагогӣ, тиббӣ, зироат, ду институти муаллимтайёркунӣ ва 29 техникум амал мекарданд, ки теъдоди донишҷуёни онҳо аз  7 ҳазор нафар беш буданд. Ҳамзамон беш аз як ҳазор нафар писарону духтарони маҳалии ҷумҳурӣ дар мактабҳои олии шаҳрҳои Маскав, Ленинград (Санк-Петербурги имруза), Тошканд таҳсил карда дар соҳаҳои илму фарҳанг ихтисос ва  маълумоти олӣ мегирифтанд.

Талошҳои аввалин барои таъсиси Донишгоҳ

Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон барои ташкили донишгоҳҳои олӣ бо номи Университет заминаҳои воқеӣ пухта расиданд. Таҳкурсии таърихии онро фарҳанги баланди аҷдодони ориёӣ ва худи халқи тоҷик гузоштааст, ки он дар масири таърих ҳазорсолаҳо боз ташаккул ёфтааст. Онҳо таҳкурсии маънавии хоси мардумони ориёӣ мебошанд. Дар замони ҳукмронии мардуми ғайр, зери фишори сангини сулолаҳои бегона дар тули таърих онҳо тавонистанд бархилофи сиёсати бисёрасраи туркгароӣ бузургтарин нишонаи миллат-забон, фарҳанги хоси худро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Сохти шуравӣ, бо вуҷуди тазодҳои сиёсӣ ва мафкуравии худ имконияти зарурӣ фароҳам овард, ки тоҷикон соҳиби давлати миллии худ бишаванд ва барои маҳви бесаводӣ ва камсаводӣ чораҳои воқеиро ба миён оваранд. Ёрии амалии Давлати шуравӣ ва ҷумҳуриҳои бародарии он дар Тоҷикистон барои ба миён омадани аввалин Университет хуб мусоидат карданд ва дар таҳкими минбаъдаи  заминаҳои воқеии он фаъолона ширкат варзиданд. Чунин буданд, баъзе аз омилҳое, ки боиси ибтидои солҳои 40-уми асри ХХ дар Тоҷикистон кушодашавии университет гаштанд.

Вале Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ки идомаи ҷанги дуюми ҷаҳон буда, 1418 шабонаруз давом кард, садди иҷрои нақшаҳои бузург ва наҷибонаи тамоми мардуми советӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гашт. Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дур аз корзори набард буд, чун узви таркибии Иттифоқи Шуравӣ зидди хатари асорати фашизм ба по хест. Беш аз 260 ҳазор Тоҷикистониён ба даст яроқ гирифта, баҳри ҳифзи Ватани азизи худ ба корзори ҷанг рафта зидди фашизми гитлерӣ қаҳрамонона мубориза бурданд.

Дар ақибгоҳ бошад, аз ҳисоби захираҳои мавҷуда Тоҷикистон барои артиши шуравӣ ёрии калони моддӣ расонд. Саҳми Тоҷикистон дар ташкили ҷамъоварии маблағ барои сохтани колоннаҳои танкӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ калон аст. Ин солҳо фикру амали мардумони кишвар ба як мақсад- озод намудани заминҳои муқаддаси советӣ аз асорати фашизм, торумор ва решакан кардани он дар руи замин равона карда шуда буд. Баъд аз ғалаба аз болои фашизм халқи советӣ дар шароити ниҳоят душвори барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакат дилгармона умр ба сар мебурд. Дар ҳама ҷои шаҳру деҳоти мамлакат оқибати харобиоварии ҷанги хонумонсуз ба чашм мерасид. Дар чунин шароит 21-уми марти соли 1947 дар бораи таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон қарори № 643-и Шурои Вазирони СССР  бо имзои Раиси он И.Сталин ба тасвиб расид.

Аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигарон

Таъсиси аввалин университет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он ба номи аллома Бобоҷон Fафуров - сарвари онвақтаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон марбут аст. Маҳз бо ташаббуси эшон КМ ПК Тоҷикистон ва Шурои Вазирони ҶСС Тоҷикистон (Ҷ.Расулов) ба Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки дар бораи дар Тоҷикистон ташкил намудани Университет мусоидат намояд. Дере нагузашта Бобоҷон Fафуров ва Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов ба роҳбарияти ҳизбӣ ва Шурои Вазирони СССР дар бораи зарурати дар Тоҷикистон ташкил намудани Университети  давлатӣ таклиф пешниҳод карданд. Пешниҳоди сарварони РСС Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи Шуравӣ мусбӣ пазируфта шуд. 21-уми марти соли 1947 дар Маскав қарори Шурои Вазирони СССР таҳти рақами №643 оид ба таъсис додани Университети давалатии Тоҷикстон аз ҷониби Раиси Шўрои Вазирони СССР И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расид.

 Қарори мазкур таъсиси 4 факултет: физикаю математика (бо шуъбаи химия); хокшиносӣ-геологӣ-география; биология; таъриху филология ҳамроҳ бо шуъбаи  шарқшиносиро пешбинӣ мекард.

Вале мувофиқи имконияти он замон сохтори Университет соли 1948, тавре ки дар урфият мегуянд «маслиҳати хона ба бозор рост намеояд»,  андаке тағйир ёфт, ки оид ба ин масъала поёнтар  таваққуф хоҳем кард. Масъалаи ташкили проблемаҳои хеле зиёди пешомада ва ҳалли онҳо ҳамеша дар маркази диққати устод Бобоҷон Fафуров қарор дошт. Дар ин бора далелҳои сершумор, аз ҷумла, хотираҳои аввалин ректори Университет Зариф Шарифович Раҷабов шаҳодат медиҳанд. Аз хотираҳои Зариф Раҷабов «Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи ташкили Университет дар ҷумҳурӣ ба миён омад ва Бобоҷон Fафуров чун котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон  борҳо ба Совети Вазирони СССР муроҷиат намуд. Дар асоси ин пешниҳод моҳи марти соли 1947 Совети Вазирони СССР дар хусуси ташкили Университети давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард».

Табиист, ки баъди имзои қарор оид ба таъсиси Университет дар назди роҳбарияти Тоҷикистон, дар навбати аввал котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров масъалаи ба вазифаи ректор пайдо кардани шахси баобруву боэътибор, кордону ботаҷриба, олиму корманди масъулиятшинос истода буд. Пайдо кардани чунин шахсият дар он солҳои душвори баъдазҷангӣ кори басо душвору сангин буд. Интихоби Бобоҷон Fафуров ба Зариф Раҷабов афтод, ки ин бесабаб набуд. Бино ба маълумоти олими шинохта муаллифи китобҳои хеле пурарзиш оид ҳам ба аллома Бобоҷон Fафуров ва ҳам устод Зариф Раҷабов профессор Усмонҷон Ғаффоров ҳануз солҳои  20-ум бо ҳам чун комсомолони аввалини Хуҷанд шинос буданд. Ҳарду дар солҳои 30-юм дар як вақт яке- Б.Ғафуров дар Маскав дар Институти умумииттифоқии журналистика ва дигаре -З.Раҷабов дар Ленинград дар аспирантура таҳсил намуда, ҳарду дар вақти таътил ба Хуҷанд омада, дар рузномаи «Ба роҳи ленинӣ» кор мекарданд. Б. Ғафуров хуб медонист, ки З.Раҷабов бо тавсияи академик С.Ф.Олденбург –аввалин раиси базаи Тоҷикистонии АИ СССР ба  аспирантураи Институти шарқшиносии АИ СССР қабул шуда буд. З. Раҷабов соли 1937 аз байни тоҷикон нахустин шуда ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих мушарраф гашта буд.

Илова ба ин Бобоҷон Fафуров огоҳ буд, ки З.Раҷабов ҳанӯз охири солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юм дар Самарқанду Тошканд омӯзгору мудири кафедраи таърихии СССР-и институти муаллимтайёркуниро ба уҳда дошт, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, вазифаи масъули директории Институти таърихи АИ Узбекистонро иҷро мекард. Ин ҳама дар бораи таҷрибаи бои донишмандию ташкилотчигии мавсуф  шаҳодат медод.

Баъдтар устод Зариф Раҷабов ба ёд меорад, ки аввали моҳи апрели соли 1948 баъд аз ба итмом расидани мўҳлати докторантура мебоист барои кор ба Тошканд бармегашт. Вале ин вақт аз котиби якуми КМ ПК Б.F.Fафуров дар бораи баъди хатми докторантура ӯро дар Тоҷикистон кори масъуле интизор аст, барқия мерасад. “Он замон,  - менависад  эшон, - чӣ маънӣ доштани барқияро нафаҳмидам. Дере нагузашта дар Маскав бо мудири шуъбаи КМ ПК(б) Тоҷикистон К.Г.Кулков мулоқоте ба зуҳур омад. Мавсуф  хоҳиши Б. F. Fафуровро оид ба вазифаи ректории университети навтаъсисёбанда розигии худро диҳад, расонид”.

Дере нагузашта, Вазири маълумоти олии СССР С.В.Кафтанов бо фармони худ 27-уми феврали соли 1948 З.Ш.Раҷабовро ректори Унивреситети давлатии Тоҷикистон таъин кард. Қайди чунин маълумот ҷолиб аст, ки хабарнигори рузномаи «MoscowNеws» дар Вазорати мазкур аз ин хушхабар огоҳ гашта, ректори навтаъиншудаи Университети давлатии Тоҷикистон Зариф Раҷабовро пайдо намуда, оид ба Донишгоҳ суҳбат орост ва мазмуни онро дар рўзномаи номбурда 4-уми апрели соли 1948 ба табъ расонд. Ин аввалин мақолае буд оид ба ин Донишгоҳ ва ректори он. Дар мақола оид ба университети ояндаи Тоҷикистон ва ректори он ба забони англисӣ ба таври муфассал маълумот оварда шуда буд.

Устод Зариф Раҷабов дар бораи ин масъала меафзояд. «Баъди чанде ман баъди гирифтани фармони Вазир оид ба ректори Университет таъин гардиданам ба Сталинобод омадам ва ҳамоно маро Б.Ғафуров қабул кард. Дар вақти суҳбат вазифаҳои асосиро оид ба ташкили Университет муайян кардем. Б.Ғафуров маро огоҳонид, ки дар ҷараёни кори ташкилӣ мушкилот пеш ояд, Кумитаи Марказӣ тайёр аст,  мадад  расонад.

Дар  ҳақиқат, дар  тўли  шаш  соли  ректори  УДТ  буданам  ман  ҳамеша  ёрии  КМ  Тоҷикистон,  Совети  Вазирони  РСС  Тоҷикистон,  ташкилотхои  ҳизбӣ  ва  советии  Душанбе,  дигар  шаҳру  районҳои  ҷумҳуриро  ҳис  мекардам.  Бидуни  кўмаки  бевоситаи  онҳо  ягон  масъалаи  муҳиме,  ки  ба  фаъолияти  университет  дахл  дошт,  наметавонистем  ҳал  намоем.  Маҳз  ҳамин  ғамхорӣ  буд,  ки  бинои  университет,  кадрҳои   болаёқат  ва  дигар   проблемаҳо  ҳал  карда  шуданд. Ҳамаи  ин  дар  маркази  диққати  КМ ПК  Тоҷикистон,  Совети  Вазирони  ҷумҳурӣ  ва  шахсан  Бобоҷон  Ғафуров  буд».

Барои  амалӣ  гаштани  Қарори Шўрои  Олии СССР  оид ба таъсиси  Университет дар Тоҷикистон  мебоист  корҳои  зиёди  ташкилӣ:  дарёфти  бинои  таълимию  маъмурӣ,  таҷҳизонидани  он,  ҷалб  намудани  устодон,  шогирдони  оянда,  хобгоҳ барои  эшон ва  ғайраву ҳоказо  истода  буданд.  Иҷрои  ин  ҳама   вазифаҳои  хеле  масъул  дар  навбати  аввал  аз  истеъдоди  ташкилотчигии   ректор  ва  хислатҳои дар  чунин  вазъият  зарури доштанаш алоқаманд буд.  Ояндаи  наздик   собит сохт, ки  аллома Бобоҷон Ғафуров дар  интихоби  худ  хато накардааст: устод Зариф Раҷабов дорои чунин хислатҳои наҷиб будааст, ки онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар пешистода зоҳир гардиданд. Аз ҷумла, дар ҷалб намудани довталабони оянда мавсуф тамоми чораҳои заруриро андешид. Дар ин бора дар хотираҳои устод («Страницы прошлого») метавон маводи зиёде пайдо кард.

Ба мақсади ҳарчӣ бештар ба Университет ҷалб намудани шогирдони оянда,- менависад З.Раҷабов,- ба мактабҳои миёнаи  ҷумҳурӣ дар бораи дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Университет эълонҳо ва ба хатмкунандагон даъватномаҳо фиристода шуданд. Инчунин, китобчаеро ба чоп расониданд, ки дар он оид ба Университет маводи зарурӣ чоп шуда, дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ ва ноҳияҳо низ чунин маълумотҳо ба табъ расиданд. Кормандони Университет ба воситаи радио ва дар ҷаласаҳои гуногуни ноҳиявию ҷумҳуриявӣ оид ба таъсиси Университет баромад мекарданд. Илова  ба  ин ҳама Зариф  Раҷабов  шахсан ба  мактаб-интернатҳо  ташриф  меовард.  Эшон дар  хотираҳои худ дар бораи ба  мактаб -интернати шаҳри Сталинобод, ки  вазифаи директории  онро  Мақсуд   Раҳматуллоевич  Шукуров - оянда олими  маъруфи Тоҷикистон, мудири  кафедраи таърихи  СССР-и Университет ба ўҳда  дошт,  менависад.  Ташрифи  З.Раҷабовро  ба  ин  мактаб-интернат талабаи  он-олим ва арбоби  минбаъдаи  давлатии  Тоҷикистон Ҳабибулло  Саидмуродов  низ  хеле  самимӣ  ва  бо як  ҷаҳон  эҳтиром  нисбати  устод  З.Раҷабов  ба  қалам  додааст.

Донишҷӯёни аввалин, академикҳои оянда

Ректори  Университет  ба  мактаб-интернати  №3, ба номи  «20-солагии  Октябр»-и  шаҳри Ленинобод  низ  ташриф  оварда, таассуроти  худро  аз  мулоқот  бо  хатмкунандагони  ин  мактаб ба  таври  зайл  изҳор  намуда буд: «Ман  чун  ректор  бо  мақсади  ба  Университет  ҷалб  намудани  хатмкунандагони  мактаб  борҳо  ба  ноҳияҳо  сафар  намуда  бо  хатмкунандагон мулоқотхо оростам, дар  бораи зарурати  маълумоти  университетӣ  суҳбат  намуда  онҳоро  ба  Университет  дохил  шудан ташвиқот  бурдам. Аз  ҷумла,  ба  шаҳри Ленинобод  омада,  ба  мактаб-интернати ба  номи  «20-солагии  Октябр»  меҳмон  шуда,  бо  хатмкунандагони  мактаб  суҳбат  намудам.  Пеш  аз  оғози  суҳбат ба  ман  газетаи девории хеле  хуб  орододаи  мактабро  нишон  доданд.  Дар  яке  аз  синфҳои  калон  вохўрии  ман  бо   хатмкунандагон  оғоз  ёфт. Аз  номи  36 нафар хатмкунандагон талабае  бо  номи  Абдуқодир  Маниёзов  баромада  гуфт, ки  мо  хама  ба  Университети  нав  ба  Сталинобод  меравем. Оё ў он вақт  медонист, ки  як  рўз ба  Университет  дохил  мешаваду  онро  аъло  хатм  мекунад. Минбаъд  ба  дипломи  унвони  илмӣ  сохиб  шуда  то ба  дараҷаи  директори  Институти  забон  ва  адабиёти  ба  номи  Рўдакии АИ  Тоҷикистон  мерасад ва узви  вобастаи  АИ  ҷумҳурӣ  интихоб  мешавад.  Оё  он  вақт  дигар  хатмкунандаи  мактаби  номбурда  Мансур  Бобохонов медонист, ки  баъд  аз  хатми  Университет  ба  унвони  доктори  илм  соҳиб шуда,  сарвари  факултети  таърих  мегардад?»

Дар  натиҷаи чорабиниҳои  кормандони  Университет,  пеш аз  ҳама,  фаъолияти  сарвари он  имтиҳонҳои  қабул  моҳи  августи  соли  1948 ба  итмом  расиданд  ва Донишгоҳ соҳиби  донишҷўёни  соли  аввали  хониш гашт.

Дар бораи он  рўзҳо  яке  аз  аввалин  донишҷўёни  Донишгоҳ  ба  муносибати  50-солагии  аввалин хатмкунандагони  Донишгоҳ чунин  ба  ёд  меорад:

«Аз  100  нафар  хатмкунандагони мактаб-интернати  шаҳри Хуҷанд 36 нафарашон  хоҳиши  ба  Университет  рафтанро  карданд. Темур  Каримов-аспиранти  ҷавон бо  супориши  ректори  Донишгоҳ  моро  ба  қатора  савор  карда  аз  ҳисоби  давлат  то  ба  стансияи  роҳи  охани  Чиптура  оварда  фаровард .  Аз  он ҷо  ба  мошинхо савор  карда, ба  Қаратоғ-хонаи  истирохат  оварданд. Ин рўзи 12-августи  соли  1948  буд. Дар  он  ҷо  12- рўз  истироҳат  кардем . Ин ҳам  аз  ҳисоби  давлат.

Он рўзҳо дар университет айни долу зарби имтиҳоноти қабул буд. Роҳбарияти Универитет кўшиш ҳам кард, ки дар осоишгоҳ аз мо имтиҳони дохилшавиро ҳам гирад. Бо ин мақсад чанде аз муаллимони мактаби пойтахтро ба Қаратоғ фиристоданд. Ёд дорам аз забон ва адабиёти тоҷик суҳбат ҳам карданд.

24 август моро ба Душанбе  оварда, дар хобгоҳи навакак таъмиршуда (кўчаи собиқ Кўйбишев дар паҳлўи чапи Вазорати молия) ҷой кард.

Дар чанд рўзи боқимонда ҳар кас мувофиқи ихтисоси интихоб- кардааш гоҳ ба бинои мактаб, гоҳ ба хонаи муаллимон гурўҳ-гурўҳ имтиҳон супоридем. Ёд дорам яке аз шогирдони шўъбаи таърих Охунҷон Каримов (собиқ корманди кумитаи партиявии яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон, оянда корманди КМ ПК Тоҷикистон, яке аз роҳбарони радиои ҷумҳурӣ)  низ ҳамроҳи мо имтиҳон супорида буд».

Ҳамзамон  бояд  кайд  кард, ки  сатҳи  дониши  аксари  дохилшудагон  хеле  паст буд.  Дар  бисёр  мактабҳои  мамлакат  аз  сабаби  душвориҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва   фарҳангӣ,  ки  оқибатхои  ногувори  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  буданд  ва  ба   иллати  кам  будани  муаллимони  фанҳои  математика,  физика,  химия,  забонҳои  хориҷӣ  ва  улуми гуманитарӣ  таълим  дода  намешуданд. Аз  ин  сабаб  дар  баъзе  шўъбаҳо  нақшаи  қабул  бо  душворӣ  50-60  фоиз  иҷро  шуд.  Дар  маҷмўъ  ба  се  факултети  Университет 200 нафар  донишҷўён  қабул  шуданд: ба  факултети  хокшиносию  геологӣ - 55 нафар, таъриху  филология-90  нафар ва  ба  факултети  биология - 55 нафар,  ҳамзамон ба  курси  2-уми  биология-50  нафар  қабул  шуданд ва  теъдоди  кулли  донишҷўён  250 нафарро  ташкил  медод.

Ҷалби устодон: Душанбеи ҷавон ҳоло кадри омӯзгорӣ надошт

Устод Зариф Раҷабов  чун сарвари  Университети  навтаъсисёфта  дар   интихоби  устодҳои  он  низ  кўшиши зиёде ба  харҷ  медод.  Дар навбати  аввал  онҳоеро  ба  кор  даъват мекард, ки  ба  донишу  хирад ва  масъулиятшиносии онҳо  боварии  том  дошт. Яке аз  аввалин  устодоне, ки  ба  Университет  даъват  шуданд, узви  вобастаи  Академияи илмҳои  Иттифоқи  Шўравӣ Михаил  Степанович  Андреев (1873-1948) зодаи  ш. Тошканд   буд. Эшон пеш аз  Инқилоби Октябри  соли 1917  инспектории  омўзишгоҳҳои  халқии  музофотҳои  Хуҷанду  Ҷиззахи  вилояти  Самарқандро ба ўҳда  дошт.  Аз  соли  1920  то  охири умраш  дар  мактабҳои  олӣ ва  университетхои  Тошканд,  Алмаато  ба  сифати  устоди  забони  форсию  тоҷикӣ  кор кард.  Устод  З.Ш.Раҷабов  эшонро  бевосита  дар  солҳои 30-юм  дар  вакти  дар  Институти тоҷикинпроси  Тошканд  кор  карданаш ва баъд  солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар  вақти  директори  Институти  таърихи АИ Ўзбекистон  буданаш  мешинохт  ва  қадр  мекард.

 Олими  маъруф  академик  Александр  Александрович  Семенов (1873-1958),  ки  бо  даъвати  аллома  Бобоҷон  Ғафуров  ба  вазифаи директори  Институти  таърих,  мардумшиносӣ  ва  бостоншиносии  Академияи  илмҳои навтаъсисёфтаи  Тоҷикистон  пазируфта  шуда  буд,  худи ҳамон соли 1951 бо хоҳиши ректори  Университет дар ин Донишгоҳ ба шогирдон аз курсҳои махсуси «Хронологияи Шарқ» ва  «Метеорологияи Шарқ» сабақ  омўхт.

Адабиётшинос Шарифҷон Ҳусейнзода яке аз аввалин устодони Донишгоҳ низ бо даъвати  З.Ш.Раҷабов  ба ин даргоҳ пазируфта шуд.

Тавре ки  аз  хотироти   З.Ш.Раҷабов  дида  мешавад,  бо  эшон  ў  аз  соли  1929 дар  ш.  Тошканд   шинос шуда  будааст.  Соли  1932  дар  вақти  ба  Сталинобод  ба  Академияи  педагогӣ  омаданаш  боз  бо  Шарифҷон Ҳусейнзода  вомехўрад  ва  дар  як  хона  зиндагӣ  мекунанд. Баъдтар  дар хотираҳои  худ  менависад: «Ман  дар  симои Шарифҷон Ҳусейнзода минбаъд  олими  нуқтасанҷ,  серталаб  ва  ҳамеша  ҷўяндаи илмро  дарк  намудам».

Дар  соли  аввали  таъсисёбии  Университет  котиби  ҳизбии вилояти  Сталинобод  нахустин  академики  ояндаи  Иттифоқи  Шўравӣ  Мулло  Эркаев  низ  бо ҳидояти  устод  Зариф  Раҷабов  ба  вазифаи  омўзгории  Донишгоҳ  ба кор  мегузарад.  Устод  ўро  ҳанўз  дар  тоҷикинпроси  Тошканд таҳсил  карданаш  медонист.  Дар  ин  хусус  худи  Мулло  Эркаев  чунин  ёдовар  шудааст: «Соли  1948 дар  пойтахти  ҷумҳуриямон   Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистон  таъсис  ёфт  ва  ман  бо  даъвати  ректори  он  З.Ш.Раҷабов  аз  ҷумлаи  аввалинҳо  ба  кори  таълиму  тарбия  даъват  шудам. Таҳқиқи  таърихи  халқи  хеш,  ҷумҳуриямон  кайҳост  дар  замирам  реша  гузошта,  он  маро  аз  хонаи  бачагон  то  ба  ҷодаи  илм  нерўи  тоза  мебахшид».

Ташкили базаи моддӣ-техникӣ

Яке  аз  масъалаҳои  муҳимтарини  ташкили  Университет,  бешубҳа  ҳал  намудани  масъалаи  базаи  моддӣ-техникии  он, аз  ҷумла  бинои  таълимгоҳ ва  хобгоҳ  барои  устодон  ва  донишҷўён  ба  ҳисоб  мерафт.  Дар  шароити  душвори баъдиҷангӣ  ҳал  намудани  ин  масъала  хеле  душвор буд.  Ҳоло  маълум  набуд, ки  донишҷўён  дар  куҷо,  дар кадом  бино  таълим  мегиранд.  То  таъсисёбии  Университет  ду нафар  кормандони  ректорати  он  дар  як  утоқи  хурди  бинои  Филиали   АИ  СССР  ҷой  гирифта  буданд.  Аввалин  бинои  хобгоҳи  донишҷўён  воқеъ  дар  хиёбони  Кўйбишев дар  паҳлўи  Вазорати  молия  ҳануз  барои  истифода  омода  набуд.  Аз  ин  сабаб  абитурентҳои  Университет-хатмкунандагони  мактаб-интернатҳои  Душанбеву  Хуҷанд ва  ноҳияҳои  дигарро  бо  осоишгоҳи  Қаратоғ  оварда  буданд.

Соли  нахустини  таълим  дар  Университет  дар  бинои  таълимии  Институти  омўзгории  ба  номи  Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи  омўзгории  ба  номи  устод  С. Айнӣ)  оғоз  гашт.  Маъмурияти Донишгоҳ низ дар  ҳамин  бино ҷой  гирифта  буд.

Сохтори  Университети давлатии Тоҷикистон мувофиқи  Қарори Шўрои Вазирони СССР аз 21 марти соли 1947 таҳти рақами 643 аз 4 факултет: физикаю математика (бо шўъбаи химия), хокшиносӣ-геологӣ-география, биология, таъриху филология  ҳамроҳ бо шўъбаи шарқшиносӣ ташкил меёфт. Кафедраҳои университет бошад, мутобиқи фармони Вазорати маълумоти олии СССР аз 9 июли соли 1948, зери рақами 991 «Дар бораи кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» муайян гашта буд. Дар он пешбинӣ шуда буд, ки аз 1 августи соли 1948 дар Донишгоҳ 13 кафедраҳои зерин таъсис дода шавад: кафедраи марксизм-ленинизм, кафедраи таърих, кафедраи забон  ва  адабиёти  рус,  кафедраи  забон  ва  адабиёти  тоҷик,   кафедраи  геологияи  умумӣ,  кафедраи  математикаи  умумӣ,  кафедраи  химияи умумӣ, кафедраи зоологияи  умумӣ,  кафедраи ботаникаи  умумӣ, кафедраи  физикаи  умумӣ,  кафедраи забонҳои  ҳориҷӣ,  кафедраи  тайёрии ҳарбӣ  ва  инчунин   кафедраи  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш.

Мувофиқи  Фармони  мазкур   ректори  Донишгоҳ  ўҳдадор  карда  шуда  буд, ки  номзадҳои   мудирони   кафедраҳоро  мувофиқи  тартиботи  муқарраршуда  барои  тасдиқ  ба  Вазорати  маълумоти  олии СССР пешниҳод  намояд.

Воқеан дар  иҷрои  Қарори  Шўрои  Вазирони  СССР  ва  ҳам Фармони Вазири  маълумоти  олии  мамлакат  баъзе  тағйиротҳо  ворид карда шудаанд, ки онҳо ба шароитҳои мавҷудаи ҷумҳуриамон  алоқаманд  буданд.

Соли  1948 дар  ҳайати  университет  се  факултет:  геологӣ-хокшиносӣ (декан профессор А.С.Раевский), биология (декан профессор  В.А.Ратсиборский)  ва  таъриху филология  (декан- Т.П. Маниулова) ташкил  ёфтанд.  Худи  ҳамон  сол  кафедраҳои  умумиуниверситетии  марксизм-ленинизм   (мудираш  дотсент С.Б.Морочников),  забонҳои  хориҷӣ  (мудираш Т.П.Мануилова), тарбияи  ҷисмонӣ ва  спорт (мудираш Ф.С. Павлюк),  ҳарбӣ (мудир  генерал-майор В.В.Болезнов)  таъсис  ёфтанд.  Ҳамзамон  дар  ҳайати  факултетҳо  кафедраҳои  зоология (мудир профессор В.А.Ратсиборский), ботаника (мудир О.И.Морозова), геология (мудир  профессор С.М.Юсупова), таърих (мудир н.и.т. З.Ш.Раҷабов),  забони  русӣ ва  адабиёт (мудир  дотсент М.И. Сойфер),  забон ва  адабиёти тоҷик (мудир профессор  А.М.Мирзоев),  химия (мудир профессор А.С. Раевский)  ташкил  карда  шуданд.

Ниҳоят омодагӣ ба оғози расмии кори Университети давлатии Тоҷикистон  фаро  расид. Рўзи охири  моҳи  августи соли  1948  рўзномаҳои  ҷумҳурӣ  маводи зиёдеро бахшида ба кушодашавии аввалин Университети  Тоҷикистон ба  табъ расониданд. Аз ҷумла, рўзномаи «Коммунист  Таджикистана»  мақолаи  ректор Зариф Раҷабов ба сўи илм, табрикномаҳои  Вазири  маълумоти Олии СССР С.Кафтанов, раёсати Университи давлатии  Ўзбекистон,  инчунин  орзуву  таассуроти аввалин донишҷўён Ф.Каримов  З.Раҷаббеков, М.Ҳафизов, шеъри Хуршеда  Отахонова  ва  дигаронро оид ба ин Донишгоҳ чоп кард. Шоми 31 август  дар  бинои  Театри  опера ва  балети  пойтахти  Тоҷикистон  шаҳри  Сталинобод (Душанбеи  имрўза)  дар  вазъияти  тантанавӣ, шодию  сурур,  хушнудию  рўҳбаландии  аҳли  толор- намояндагони  корхонаву  муассисаҳои  шаҳр ва деҳоти  атрофи он, кормандони илму  адаб  ва  ҳунар, васоити  ахбори  умум, аввалин  устодон ва донишҷўён ба муносибати кушодашавии Университеташон  дар ҷумҳурӣ ҷамъомади  расмӣ баргузор   гардид.  Дар ин маросими  пуршукўҳ  роҳбарони  ҳизб ва  Ҳукумати  Тоҷикистон,  меҳмонони  зиёде  низ  иштирок  доштанд.  Онро  ба  сухани  ифтитоҳӣ  муовини  раиси  Шўрои  Вазирони  РСС  Тоҷикистон А.Имомов кушод. Ҳозирин  маърўзаи ректори Университет З.Ш.Раҷабов ва табрикоти меҳмононро шуниданд. Дар хотима ба ифтихори ин санаи фархунда аз ҷониби ҳунарпешагони маъруфи санъати Тоҷикистон консерти калон барпо гашт.

Солҳои аввали кор ва фаъолияти Университет

        Оғози таълим дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, чун дигар мактабҳои Иттифоқи Советӣ якуми сентябр шуруъ шуд. Он рўз соати 8-субҳ дар рў ба рўи қаноти чапи Институти омўзгории Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омўзгории ба номи устод С.Айнӣ) ҷамъомад барпо гашт. Дар он раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов оид ба аҳамияти бузурги фарҳангӣ доштани Унверситетро барои дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, барои устодон ва шогирдони он комёбиҳо таманно карда, ҳозиринро ба муносибати кушодашавии Университет табрик гуфт. Ҳамзамон дар бораи вафоти бемаҳали арбоби барҷастаи ҳизби болшевикӣ А.Жданов бо андўҳ хабар дод.  Ў лентаи сурхро бурида ҳозиринро ба Боргоҳи нави дониш ворид гаштан  ҳидоят намуд. Маросими бошукўҳи кушодашавии Университетро кормандони тоҷикфилм ба навор сабт намуданд.

Тавре ки қаблан ёдовар  шудем, аз оғози  фаъолияти  Донишгоҳ се факултет, чаҳор кафедраҳои  умумиуниверситетӣ  ва ҳафт кафедраҳо  дар  ҳайати  факултетҳо  амал  мекарданд. Он  замон дар  роҳбарияти факултетҳо  аз намоядагони маҳаллӣ касе набуд, аз 11- кафедраҳои Донишгоҳ танҳо се кафедра: геология, таърих, забон ва адабиёти тоҷикро олимони тоҷик сарварӣ менамуданду халос. Дар байни устодони Универстет низ он гоҳ вазъият чунин буд. Аксарияти онҳоро олимони ғайримиллати маҳаллӣ ташкил медоданд, вале ҳамаи роҳбарони  факултетҳо ва кафедраҳо, ҳамаи устодони  университет баҳри равнақу ривоҷи он, тайёр намудани мутахассисони соҳибҳунар қатъи назар аз миллату халқияти худ, аз душвориҳои  замон аз таҳти дил ва фидокорона ба кор шурўъ карданд.

            Дар байни 200 нафар шогирдони ба курси авввал дохилшуда, 110 нафари онҳоро ҷавонони тоҷик ташкил медоданд. Дар байни донишҷўён ўзбеку русҳо, украину беларусҳо арману туркменҳо, яҳудиёну тоторҳо ва намояндагони миллатҳои дигар  чун як оилаи тифоқ таҳсил мекарданду умр ба сар мебурданд.

         Яке аз хусусиятҳои хоси ҳайати донишҷўёни соли аввал аз он иборат буд, ки дар байни онҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат кам набуданд. Масалан, танҳо дар гурўҳи тоҷикии шўъбаи таърих Абдусаттор Ҳоҷибоев (иштирокчии паради рўзи Ғалаба дар Маскав соли 1945), Рауф Дадабоев, Маннон Маҷидов, Муҳаммадҷон Азимов, Насрулло Мирсаидов панҷ сол таҳсил намуда универистетро хатм намуданд. Иштирокчиёни дигари  ҶБВ, ки  дар ин шўъба буданд, бо сабабҳои гуногун универиситетро тарк намуданд. Собиқадорони ин гурўҳ Отаҷон Акрамов, Охунҷон Каримов, Собирҷон Хоҷаев, Абдулатиф Одилов, Баротҷон Фозилов, Абдураҳмон Мадаминов  ва  дигарҳо  низ университетро  бомуваффақият хатм карданд.  Чунин ҳолатро дар гурўҳу факултетҳои дигар низ дидан мумкин буд. Дар қатори онҳо донишҷўёне низ  буданд, ки  мактаби миёнаро нав ба итмом  расонида,  аз пастию  баландиҳои  рўзгор  то андозае бехабар буданд. Онҳо аз бузургони ҳамсабақи худ дар хониш ва хусусан дар зиндагӣ (муносибат бо одамон, маданияти  нишаст, то ҳатто чойнўшиву хўрокхўрӣ ва ғайра) сабақ меомўхтанд,  обутоб меёфтанд. Ба шарофати онҳо аз байни насли ҷавони донишҷўёни он солҳо  арбобони илму  ҳунар  ба воя расиданд. Вале ин ҳама  баъд аз хатми  Донишгоҳ.

            Ҳоло  онҳо  дар  рўзи  аввали  таҳсил қарор доранд. 1 сентябр донишҷўёни ҳамаи факултетҳо  қатъи назар аз ихтисоси  ояндаи  онҳо соати аввал дар ошёнаи  сеюми  Иниститути  педагогӣ, дар толори  калони  маҷлисгоҳ, ки муҷассамаи  бошукўҳи  мулоқоти Сталин ва Ленин дар Горкий зеб медод, лексияи  номзади илмҳои фалсафа (баъдтар доктор, профессор) С.Б.Морочниковро, ки аз фанни  асосҳои марксизм - ленинизм ба забони русӣ озод ва хеле бо маҳорати баланди методӣ қироат намуда буд, шуниданд.

        Ҳамин тавр, барои устодон  фаъолияти педагогӣ дар Донишгоҳи  нави ҷумҳурӣ,  барои шогирдон  -давраи донишҷўи панҷсолаи  тўлонӣ ибтидо гирифт. Он замон дар курси якуми  се факултети  Донишгоҳ 200 нафар ва дар курси дуюми шўъбаи биология 50 нафар ҳамагӣ  250-нафар ҷавонону духтарон таҳсил мекарданд. Теъдоди устодони  Донишгоҳ бошад, аз 17 кормандони доимӣ ва 19-нафар  соатбаъйҳо иборат буданд, ки ду нафари инҳо унвони профессор  ва  ҳашт нафарашон унвони дотсентиро доштанд. Дар байни донишҷўёни  соли аввал хатмкунандагони интернатҳо хеле зиёд буданд. Онҳо аксарият фарзандони табақаҳои эҳтиёҷманд буда, наметавонистанд бе стипендия таҳсили худро давом диҳанд. Бо кўмаки Ҳукумат 120-нафар чунин донишҷўён  дар  мактаб-интернати  духтаронаи шаҳр бо секарата  хўроки гарм таъмин карда шуданд. Иттифоқи касабаи студентӣ бо кўшиши  раиси он олим ва дипломати  оянда Абдураҳмон Мадаминов барои  донишҷўён ғамхории зиёде зоҳир менамуд, ҳатто  барои  онҳо кор ҳам пайдо мекард.

     Асоси моддию техникии Донишгоҳ мувофиқи имкониятҳои мавҷудаи он солҳо бо сарварии З.Ш.Раҷабов беҳтар мегашт. Баъд аз як сол – 1949 бинои собиқ Кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр ба ихтиёри Донишгоҳ дода шуд, ки он ҳоло чун бинои асосӣ маъруф аст. Он замон ҳамаи донишҷўён дар ин бино таълим мегирифтанд, вале таҳсил дар се навбат мегузашт. Дар тамоми синфхонаву кабинетҳо ва ҳатто баъзе даҳлезҳои ошёнаи сеюм аз соати 8-и субҳ то соати 23 дарсҳо давом мекарданд. Қироатхонаи китобхонаи Донишгоҳ низ ба аудитория  табдил дода шуда буд. Зеро хобгоҳи донишҷўён дар хиёбони Кўйбишев (ҳоло ба номи академикҳо Раҷабовҳо) эҳтиёҷмандонро пурра қонеъ карда наметавонист. Устодон ҳам эҳтиёҷманди хонаи зист буданд. Аз ин ҷост, ки як қисми бинои марказӣ ба хобгоҳи устодон ва донишҷўён табдил дода шуда буд. Дар соли таҳсили 1951-1952 қариб сад нафар донишҷўён дар даҳлезҳои бинои асосӣ истиқомат мекарданд. Дар хобгоҳ ба ҳар донишҷў ду метри муррабаъ ҷой рост меомад.

Бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Раёсати Донишгоҳ барои ҳалли ин муаммо борҳо ба идораҳои гуногуни Тоҷикистон ва ба Вазорати маълумоти олии СССР муроҷиат намуда, зарурияти дар муддати кўтоҳтарин сохтмони бинои истиқоматӣ барои устодону донишҷўён собит мекард, то ки бинои марказӣ аз рўи таъинот истифода карда шавад. Кўшишу дархости роҳбарияти ДДТ ва хоҳиши роҳбарияти ҷумҳуриро ба инобат гирифта, ба Вазорати маълумоти олии СССР ба сохтмони ду бинои хобгоҳ дар кўчаи Айнӣ иҷозат дод ва маблағгузорӣ намуд.

Дере нагузашта ин ҳарду бино ба истифода дода шуданд. Якеи онро барои хобгоҳ ба донишҷўён ва дигареро ба хобгоҳи муаллимон табдил доданд. Аввали соли 1954 бинои мактаби сохтмончиёнро (воқеъ дар наздикии бозори Шоҳмансур) ба ихтиёри Донишгоҳ доданд, ки дар он факултети биология ва толори варзишӣ ҷой дода шуданд. Дар чунин шароит таълими шогирдон, корҳои илмӣ, тарбиявию ҷамъиятӣ дар Донишгоҳ ҷараён мегирифт.

Соли аввали таҳсил дар Донишгоҳ ташкилотҳои ҳизбию ҷамъиятӣ: иттифоқҳои касаба, иттифоқи ҷавонон, ҷамъияти бонувон, иттифоқи илмии донишҷўён созмон дода шуданд. Котиби ҳизбӣ – донишҷўи курси аввали шўъбаи филологияи рус, иштирокчии ҶБВ, шоир Александр Сергеевич Неверин, котиби иттифоқи ҷавонон – донишҷўи курси аввали шўъбаи таърих, иштирокчии ҶБВ Рауф Дадабоев, раиси иттифоқи касаби донишҷўён –донишҷўи курси аввали шўъбаи таърих– Абдураҳмон Мадаминов интихоб шуда буданд. Бо сарварӣ ва иштироки бевоситаи онҳо дар байни донишҷўён корҳои самарабахши тарбиявӣ гузаронида мешуд. Донишҷўёни Донишгоҳ ҳанўз солҳои 1948-1949  дар шанбегиҳо дар сохтмони кўлҳои комсомолии шаҳр, дараи Варзоб, дар ободдонии хиёбонҳои шаҳр, аз ҷумла, ниҳолшинонии он, Боғи ботаникӣ, ғунучини  пахта дар колхозҳои гирду атрофи шаҳр фаъолона иштирок мекарданд. Дар ин ҳама кор ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ сарварӣ менамуданд. Ҳамзамон дар ин маъракаҳои соли аввал сарвари кафедраи ҳарбии Донишгоҳ марди қоматбаланди ришу бурути кўтоҳи ба ў шинам генерал Василий Василевич Болезнев бо иштироку суҳбату аксиягўиҳои худ ҳамагонро шод менамуд ва илҳоми тоза мебахшид.

 Таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бе номи ректорони он,аз ҷумла аввалин ректори он Зариф Шарифович Раҷабов (1906-1991) * наметавон тасаввур кард.

Эшон дар муддати қариб шаш соли аввали душвортарини Донишгоҳ дар вазифаи ректор (аз 27 феврали соли 1948 то 20 январи соли 1954) корҳои хеле зиёд ва мураккаби ташкилӣ, маъмурӣ, таълимӣ-илмӣ ва тарбиявиро якҷоя бо нахустин ноибони худ Б.А.Корчагин, К.Н. Гаврилкин, С.Ш.Табаров ба анҷом расонида, таҳкурсии қавӣ ва боэътьимоди Донишгоҳро барои солҳои минбаъда гузошт. Дар ин солҳо 5 факултет – биология, геология, хокшиносӣ, таъриху филология (1948), физикаву риёзиёт, ҳуқуқшиносӣ (1949), 21 кафедра, аз ҷумла 5 кафедраи умуми- университетӣ ва 16 кафедраи факултетӣ таъсис ёфтанд.

Ва факултаҳои дигар

Соли таҳсили 1951-1952 дар заминаи факултети таъриху филология шўъбаи тарҷумаи бадеӣ кушода шуд. Дар шароити онвақта хеле кам будани теъдоди кадрҳои илмӣ-педагогӣ, маҳдудияти базаи моддӣ- техникӣ (биноҳои таълимиву хобгоҳҳо), паст будани сатҳи дониши абитурентҳову шогирдон (шароити душвори солҳои ҶБВ ва баъдиҷангӣ) ва ғайра ташкили факултетҳо, ҷараёни таълимиву илмӣ-тарбиявиро душвор месохт.

Роҳбарияти  университет, ректори  он  З.Ш.Раҷабов  барои  ҳалли  ин  муаммоҳо ва бартараф  намудани душвориҳо чораҳои  зарурӣ  андешид.

    Барои  дарёфти  кадрҳои педагогӣ  Университет ба воситаи Вазорати  маълумоти олии СССР ба мутахассисон  муроҷиат намуд, ки  барои  кор ба  Университети  навтаъсисёфта  биёянд. Олимон  В.А. Ратсиборский,  С.Ф. Машковтсев, Г.И.Коляда, М, Сойфер,  В.С. Библер,   А.Г. Слонимский,  Д. Е.Хайтун,  Ю.А.Шибаева, С.Д.Володарский, Д.М. Чедия,  Л.И. Алперович ва дигарон даъвати Тоҷикистонро пазируфта  ба  Душанбе  ба кор  омаданд.  Ба ин восита  Донишгоҳ  дорои  кадрҳои  педагогӣ мешуд. Ҳамзамон,  устод Зариф  Раҷабов  роҳи дигари  ҳалли  масъалаи кадрҳоро ба  миён гузошт:  аз байни устодони  ҷавон ва  хатмкунандагони худи Донишгоҳ хушсалиқаҳояшонро ҷудо намуда ва аз ҳисоби онҳо тайёр намудани устодони соҳибунвонро таъмин бояд кард. Барои  амалӣ гаштани ин  нақша роҳбарияти  Донишгоҳ ба  Вазорати  маълумоти олии СССР муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки барои  ташкили  шўроҳои  ҳимояи  рисолаҳои  илмӣ  ёрӣ  расонад. Ин  хоҳиш  аз  ҷониби Вазорат  мусбӣ  пазируфта шуд. Соли  таҳсили 1952/1953  аз ихтисосҳои геологияи умумӣ,  биология, забон ва адабиёти  тоҷик, таърихи халқи тоҷик (1954)  шўроҳои ҳимояи рисолаҳои илмӣ  таъсис дода шуданд. Дар солҳои ректории устод З.Раҷабов аз соли 1951 то соли 1954 дар шўроҳои дифои Университет 30 нафар унвонҷўйҳо рисолаҳои диссертатсионии худро дифоъ намуданд, аз ҷумла, 16 нафар аз таърихи халқи тоҷик, 13 нафар аз филологияи тоҷик ва 7 нафар аз соҳаи биология. Дар таърихи  шўрои ҳимояи  Университет  аввалин шахсе, ки рисолаи  илмии худро барои  дарёфти  унвони  номзади  илмҳои таърих дифоъ намуд,  мудири кафедраи таърихи КПСС Мулло Эркаевич Эркаев  буд.

 Ин айём фаъолияти ДДТ дар самтҳои таълим, пажўҳиши илмӣ низ рўз аз рўз мураттаб мегашт. Теъдоди  донишҷўён  ва  омўзгорон сол аз сол  меафзуд. Нақшаи қабули донишҷўёни соли  дуюми  таҳсил  225-нафарро дар назар дошт. Он қариб  дар ҳамаи  факултетҳо ба иҷро расид. Охири соли таҳсили 1950-1951 дар Донишгоҳ 566-нафар, аз ҷумла,  дар факултети  таъриху филология 149-нафар, геология 92-нафар, физикаю математика 69-нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Гуфтан бамаврид аст, ки  дар факултети  физикаю математика, ки соли таҳсили 1949-1950 таъсис ёфта буд, дар солҳои аввал аз сабаби  нарасидани  абитурентҳо конкурс вуҷуд надошт. Вале дар факултетҳои дигар қабули донишҷўён  дар асоси конкурс  сурат  мегирифт. Соли таҳсили 1953/1954 теъдоди  донишҷўёни Донишгоҳ беш аз як ҳазор нафарро  ташкил кард. Ҳамзамон  дар он соли таҳсил шўъбаҳои шабона ва ғоибона  кушода шуданд, ки дар ҳар кадоми он 424-нафарӣ  донишҷў  таҳсил  мекарданд.

   Аз ибтидои фаъолияти Донишгоҳ дар он раванди ягонаи себахша-таълим, тарбия ва пажўҳиши илмӣ бо алоқамандии ҳамдигар ҷараён дошт. Устодони Донишгоҳ баробари дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таълим, ба тадқиқу таҳқиқ ва таълифи рисолаҳои илмӣ низ мутаваҷҷеҳ мегардиданд. Дар Донишгоҳ аввалин конфронси илмии донишҷўён моҳи апрели соли 1951 барпо гардид, ки дар он донишҷўёни соли сеюми шўъбаи таърих Рауф Дадабоев, Маннон Маҷидов, Охун Каримов, Абдулатиф Одилов донишҷўи шўъбаи филологияи тоҷик Абдуқодир Маниёзов бо мавзўҳои илмӣ аз таърих ва адабиёти халқи тоҷик маърўзаҳои худро қироат намуданд. Соли 1952 дар пойтахти ҷумҳурӣ аввалин намоиши корҳои илмии донишҷўён гузаронида шуд. Дар он солҳо дар соҳаҳои гуногуни илм беш аз 40 рисолаҳои илмии донишҷўёни мактабҳои олии шаҳр ба озмун пешниҳод шуданд, ки дар улуми ҷамъиятӣ рисолаи донишҷўи шўъбаи таърихи ДДТ М.Бобохонов «Оид ба масъалаи ташаккули муносибатҳои сармоядорӣ дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон», ки зери роҳбарии устод З.Ш.Раҷабов навишта шуда буд, ғолиби озмун гардид.

     Панҷ  соли таҳсили  нахустин донишҷуёни Донишгоҳ  ҳам  1-уми июли соли 1953 ба итмом  расид. Ба ин муносибат  6-уми июл дар «театри» тобистонаи Донишгоҳ, ки  дар ҷои ҳозираи  факултети  физика  сохта шуда буд, маросими бошукўҳи супоридани дипломҳои  хатмкунандагони аълохон баргузор гардид. Қариб 200-нафар тамомкунандагони аввалин Донишгоҳи Тоҷикистон  бори нахуст дар таърихи халқи тоҷик  соҳиби чунин дипломҳо  шуда  сафи мутахассисони барои кишвари  куҳанбунёд хеле зарурро  пурратар карданд. Соли 1952 беш аз 30-нафар ҷавонон  факултети биологияро  хатм карда буданд.

     Бояд хотирнишон кард, ки аввалин  донишҷўёни  Донишгоҳ, агарчи мактаби миёнаро  дар солҳои  душвори  ҶБВ хатм карда буданд ва натавонистанд  дар ҷараёни таҳсили он дониши мукаммале гиранд, аксарияти онҳо  дар  тўли панҷ сол дар  натиҷаи кўшишу ғайрати худ тавонистанд, чун мутахассисони хуб ба камол расанд. Онҳо дар пешрафти  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои  дигари  Иттифоқи Советӣ саҳми муносиби худро  гузоштанд.

   Раёсати  Донишгоҳ бо сарварии  устод Зариф Раҷабов кўшиш карданд, ки сафи устодони факултету кафедраҳоро аз ҳисоби хатмкунандагони болаёқат пур намоянд. Нахустин хатмкунандагони аълохони шўъбаи таърих –Рауф Дадабоев, Ҳомидҷон Аҳмадов, Элмурод Саидов, аз шўъбаи филологияи тоҷик –Кимиё Шукурова, Хуршеда Отахонова, Муҳаммадвафо Бақоев, Исмоил Саидов; аз шўъбаи геология – Наримон Мадалиев, Эркин Тоҳиров ва бисёр дигарон барои кор дар Донишгоҳ пазируфта шуданд, Гурўҳи дигари хатмкунандагони аълохон барои кор ба дигар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, хатмкунандагони шўъбаи таърих Додохон Мирбобоев ба Институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии ба номи академик Б.Ғафурови шаҳри Хуҷанд), Ҳақназар Назаров ба Институти педагогии шаҳри Кўлоб, Геннадий Кулагин ба Институти тиббии ба номи Абўалӣ ибни Сино, Эркиной Ғуломова ба Институти илмӣ-тадқиқотии таърихи ба номи Дониши АИ Тоҷикистон, Идея Бунтина ба Институти марксизм – ленинизми назди КМ ПК Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ба кор рафтанд.

  Ҳамин тавр, дастпарварони Донишгоҳ  на танҳо дар инкишофи таълимгоҳи худ,  балки дар пешрафти дигар  мактабхои олӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар соҳаҳои  хоҷагии халқи  Тоҷикистон  ва ҷумҳуриҳои  дигар  низ  ширкат варзиданд.

Боз як падидаи муҳиме, ки дар давраи ректории З.Ш.Раҷабов дар фаъолияти Донишгоҳ ба миён омадааст, таъсиси шўъбаи ғоибона мебошад. Он 1 сентябри соли 1953 бо фармони ректор чун деканати  ғоибона бо сарварии ҳуқуқшинос дотсент Р.С.Гимпелевич таъсис ёфт. Баътар, дар солҳои ректории академик С.А.Раҷабов  марти соли 1956 ба ҷои он вазифаи проректор оид ба таҳсили ғоибона ва шабона ҷорӣ карда шуд, ки он вазифаро Р.Гимпелевич, В.Мелкумов, Ҷ.Р.Ҷалилов Ҷ.Ҷ.Бузуруков ва А.Орифов бар ўҳда доштанд.

    Дар ҳамаи ин комёбиҳои  ДДТ хизмати  аввалин ректори  он  устод  Зариф Шарифович Раҷабов ва инчунин ноибони ў С.Ш.Табаров, Н.К.Гаврилкин ва дигар фаъолони ДДТ хеле бузург аст. Хизматҳои бузургу нотакрори устод Зариф Шарифович Раҷабов баҳри беҳбудии халқ ва рушди Ватани  хеш аз ҷониби Давлати шўравӣ ва Тоҷикистон қадр карда шуданд. Эшон бо унвони баланди Ходими шоистаи илми Тоҷикистон,Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ва инчунин бо ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ»  ва медалҳо сазовор гашт  гашт.Барои абадӣ гардондани хотираи устод дар шаҳри Хуҷанд нимпайкараи эшон дар маркази шаҳр гузошта шуд. Дар шаҳри Душанбе яке аз кўчаҳои марказӣ ба номи академикҳо Раҷабовҳо гузошта шуданд. Дар ДМТ ба муносибати 100 солагии рўзи мавлуди эшон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт, ки дар он шогирдон ва дўстону мухлисони эшон маърўзаву гузоришҳои худро қироат карданд, осорхонаи мавсуфро бунёд гузоштанд. Ин ҳама дар бораи обрў ва эътибори бузурги устод шаҳодат медиҳад. Илова ба ин қалби ҳазорҳо нафар пайравону мухлисони устод ба маъвои абадии эшон табдил ёфта, роҳи ҳаёти ояндаи онҳоро мунаввар месозад.   

Ибодулло  Қосимович  Нарзиқулов

Дуюмин шахси ректори  Донишгоҳро ба ўҳдадошта олим ва  ташкилотчии шинохтаи  ҷумҳурӣИбодулло  Қосимович  Нарзиқулов  (1912-1973) буд. Дар солҳои  сарварии номзади илми иқтисод,  профессор, академики АИ Тоҷикистон  И.Қ.Нарзиқулов (аз 12 феврали соли 1954 то 1 июни соли 1956), ки ҳамагӣ ду солу се моҳро  ташкил медиҳад,  дар Донишгоҳ  дигаргуниҳои  назаррасе ба вуқўъ пайваст. То ба  вазифаи  ректори  Донишгоҳ  таъин шуданаш  мактаби  бузурги  маҳорати  роҳбариро  дар  идораҳои  давлатӣ-комиссариати  халқии саноати  матлубот,  ёрдамчии  раиси  Совети комиссариати халқӣ, раиси Госплани  РСС  Тоҷикистон ва  инчунин ҷонишини раиси Президиуми  Филиали тоҷикистонии АФ СССР,  академик-котиби АИ РСС Тоҷикистон гузашта таҷрибаи бои ташкилотчигиро  омўхтааст. Табиист, ки ин ҳама дар  давраи  вазифаи  ректориро бар дўш  доштани ў  натиҷаҳои хуби  худро  дод. Бесабаб нест, ки  ин солҳо таъсиси факултети нави иқтисодӣ (1954),  чаҳор  кафедраи  нав, ба монанди кафедраҳои  иқтисодиёти  соҳавӣ (1954-мудир  И.Қ.Нарзиқулов),  педагогика (1956-мудир Б.А.Кияновский),  геология ва  палеонтология (1954-мудир В.Д.Шестаков), ҳуқуки ҷиноятӣ ва  гражданӣ  (1954-мудир В.И.Коретский) ва  инчунин панҷ  кафедра: забонҳои хориҷӣ ва адабиёти хориҷӣ, ботаника,  физиологияи одам ва ҳайвонот,  математика,  физика тақсим шуда,  дар асоси онҳо  кафедраҳои нав  бунёд  ёфтанд.

Дар Донишгоҳ  таъсис ёфтани шўрои ҳимояи  рисолаҳои  илмӣ дар соҳаи фалсафа соли 1955 ба номи И.Қ.Нарзиқулов алоқаманд аст. Дар ҳаёти мактабҳои олии СССР,  аз ҷумла, ДДТ Қарори Шўрои  Вазирони  СССР  аз 30 августи  соли 1954 «Дар бораи беҳтар кардани  тайёрӣ,  таҳсил  ва  истифодаи  мутахассисони  дорои  маълумоти  олӣ  ва миёнаи махсус» нақши бузурге дошт.  Дар қарор  як қатор  нуқсонҳои ҷиддие, ки дар мактабҳои олӣ  ва  муассисаҳои  таълимии  миёнаи  махсуси  мамлакат ҷой дошт, ошкор карда шуданд. Аз ҷумла,  дар  Қарори  мазкур  қайд карда шуда буд, ки  дар мактабҳои  олии мамлакат  кадрҳои  баландихтисос намерасад, вақти зиёди студентон ба дарсҳои аудиторӣ  банд буда, барои  машғулиятҳои мустақилонаи  беруназдарсӣ диққати зарурӣ дода нашудааст. Бунёди моддӣ-техникии мактабҳои олии мамлакат ба талаботи замон ҷавобгў нест.  Ҳамзамон дар қарор  таъкид шуда буд, ки  теъдоди  кадрҳои  баландихтисос дар мактабҳои олии  мамлакат хеле кам буда,  ба талаботи  рўз мувофиқат  намекунад. Бояд зикр кард, ки нуқсонҳои дар Қарор инъикосёфта  ба мактабҳои олии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба ДДТ низ хос буд. Роҳбарияти ДДТ дар навбати аввал И.Қ.Нарзиқулов барои бартараф намудани  камбудиву  нуқсонҳои ҷойдошта чораҳо андешид: аз  рўи  ҳамаи  ихтисосҳои  мавҷуда  планҳои нави таълимӣ таҳия карда шуданд;  миқдори  дарсҳои аудиторӣ дар  як ҳафта  ба  36 соат оварда шуда, барои  машғулияти  мустақилонаи  донишҷўён имконият пайдо шуд. Аз рўи нақшаҳои  нави  таълимӣ дар Донишгоҳ курсҳои нави лексияҳо татбиқ гашта, кафедраю  ихтисосҳои  нав ба вуҷуд омаданд. Дар асоси  ҳуҷҷати  мазкур корҳои методӣ, тарбиявӣ  низ сифатан  тағйир  ёфт. Дар гурўҳҳои  академикӣ  ахбори  сиёсӣ ҷорӣ карда шуд. Кори мустақилонаи донишҷўёни ҳамаи факултетҳо  ба  талаботи замон мутобиқ  карда шуд. Чорабиниҳои  нави замонавӣ мувофиқи  талаботи  Қарор  мавриди  таъмини  амалӣ  гашта, барои беҳтар  намудани  сифати кори Донишгоҳ  мусоидат намуд.

Ҳамин тавр, ҳашт соли сипаригашта барои марҳалаи нави рушди он  заминаи воқеӣ гузошт, зеро дере  нагузашта  И.Қ.Нарзиқулов  ба  вазифаи  баланди давлатӣ -ноиби  Сарвазири  Тоҷикистон пазируфта  шуд.

Академик Ибодулло Қосимович Нарзиқулов марди хушқаду қомат, зебову нуронӣ, гарчанде дар ДДТ нисбатан кам сарварӣ карда бошад ҳам, барои беҳтар намудани интизоми меҳнатӣ ва муттаҳид намудани коллектив нақши калон бозид. Бо маҳорати баланду муомилаи кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва хоксории худ дар байни устодону кормандон, аспирантҳову донишҷўёни ДДТ сазовори обрў ва эътибори бузург дошт ва аз худ дар Донишгоҳ хотираи хуб боқӣ гузошт.

Марҳалаи нави рушди Донишгоҳ

Дар нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми асри  ХХ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои мамлакати советӣ дигаргунҳои назаррасе ба вуқўъ пайваст. Баҳри ҳалли масъалаҳои пайдошуда, пеш аз ҳама, кадрҳои баландихтисос зарур буданд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон низ чун дигар мактабҳои олии мамлакат камари ҳиммат баст, то сифати касбии хатмкунандагон ба талаботи замон ҷавобгў бошад. Ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан зарур ба солҳои роҳбарии ректори сеюми Донишгоҳ Солеҳ Ашўрхўҷаевич Раҷабов (1912-1990) рост омад. Он кас аз 24.01.1956 то 28. 04.1971 роҳбарии Донишгоҳро ба ўҳда доштанд.

Дар он солҳо баҳри иҷрои вазифаҳои дар пешистода бо сарварии С.А.Раҷабов ва ноибони ў А.А.Адҳамов, Б.Кияновский, Ф.П.Репа, Ҳ.У.Содиқов сохтори университету факултетҳо такмил дода шуда, раванди корҳои  таълимӣ,  илмӣ -тадқиқотӣ ва тарбиявӣ рў ба беҳбудӣ оварда буданд.

Дар Донишгоҳ факултетҳову кафедраҳо ва ихтисосҳои нав таъсис ёфтанд. Талаботи рўзафзуни хоҷагии халқи мамлакатро ба инобат гирифта, соли 1956 дар заминаи факултети табиатшиносӣ факултетҳои геология (декан Ҷ.Ҷ.Бузуруков), биология (декан И.К.Лопатин), соли 1959 химия (декан Х.М.Раҷабова), соли 1965 дар натиҷаи ҷудошавӣ аз факултети физика ва математика, факултети физика (декан Ҳ.У.Содиқов) механикаву математика (декан Х.У.Субҳонқулов) ташкил шуданд.

Мувофиқи талаботи замон соли 1963 факултети забон ва адабиёти рус (декан В.Г.Астахов), соли 1966 дар заминаи факултети таъриху филология факултети таърих (декан М.Б.Бобохонов), филогогияи тоҷик (декан М.Н.Қосимова) ва соли 1970 дар шароити бедории халқҳои мамолики Осиё факултети филологияи Шарқ (декан Ҳ.К.Каримов) таъсис ёфтанд. Ин иқдом барои дар оянда бештар ва хубтар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос нақши намоёнро бозид.

Ҳамзамон ин солҳо дар ДДТ шаш кафедраи умумидонишгоҳӣ педагогика ва психология (мудир Б.А.Кияновский), мудофиаи гражданӣ (мудир М.Бобокалонова), материализми диалектикӣ ва мантиқ (мудир М.Н.Болтаев), забони русӣ (мудир В.Г.Астахов), назарияи комунизми илмӣ (мудир С.А.Раҷабов), материализми таърихӣ (мудир В.Г.Бобилёв) ташкил ёфтанд. Илова ба ин дар ин солҳо дар ҳайати факултетҳо кафедраҳои зиёди тахассусӣ, воҳидҳои ёвар, ба мисли Боғи ботаникӣ, Маркази ахбор ва ҳисоббарорӣ ва ғайра ташкил ёфтанд. Боиси ёдоварист, ки дар ин солҳо бо кўшиши С.А.Раҷабов дар ДДТ шаш шўрои нави ҳимояи  рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои физикаю математика, геологияю минералогия, иқтисод, ҳуқуқ, педагогика ва химия фаъолияти худро оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки мавсуф дар ин кор тамоми имкониятҳоро истифода мебурд. Муаллифи сатрҳои мазкур шоҳиди он аст, ки боре Солеҳ Раҷабов дар кабинети худ дар назди Вазири мактабҳои олии СССР Елютин В. П., ки он рўзҳо дар Душанбе дар сафари корӣ буд,  масъалаи шўроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докториро бардошт ва гуфт:

- Вячеслав Петрович Таджикистан в подготовке кадров отстаёт даже от Киргизии, прошу помоч нам в  подготовке докторов наук.

Дар ҷавоб меҳмони олирутба гуфт:

-Соли Ашурович, у киргизов доктора наук привозные. Это конечно не для утешения Вас. Вы ставите важный вопрос. При ознакомлении с вузами я первым долгом спрашиваю: Сколько у вас докторов наук? Если скажут один- два, отвечу: Вам ещё  надо расти да расти. Если у вас будет пять шесть докторов можно воспроизводить кадров с учёными степенями. Поможем Соли Ашурович. Ташкили шўроҳои ҳимоя албатта натиҷаи фаъолияти самарабахши сарвари Донишгоҳ С.А.Раҷабов ва ҳамзамон ноибони раис, роҳбарони кафедраҳову  дастгирии роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки эшон дар амалӣ намудани асноди ҳизбӣ ва давлатии умумииттифоқии Қонуни Шўрои Олии СССР «Дар бораи мустаҳкам намудани робитаи мактаб бо ҳаёт ва дар бораи минбаъд инкишоф додани системаи маорифи халқ» (1958), қарори КМ ҲКИШ ва Шўрои Вазирони СССР «Дар бораи беҳтар кардани тайёрии  мутахассисон ва такмили роҳбарӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар мамлакат» (1966) ва дигар қарорҳои ҳизбӣ ва давлатии СССР маҳорати хуби ташкилотчигии худро нишон дод. Санадҳои номбурда дар ҳаёти мактабҳои олии мамлакат, аз ҷумла, дар ДДТ тағйиротҳои калони мусбӣ ворид намуд. Барои мисол Қонуни Шўрои Олии СССР (1958)-ро мегирем. Мувофиқи ин қонун Вазорати маълумоти олии СССР аз рўи ихтисосҳои гуногун нақшаю барномаҳоро таҳия намуд, ки мувофиқи он беҳбудии таълим, тағйироти куллии таҷрибаомўзии донишҷўён, ба ҳаёти воқеӣ наздик намудани онро пешбинӣ менамуд.

Аз руи ин қонун ҳайати иҷтимоии донишҷуён ба куллӣ тағйир ёфт. Дар маросими қабули абитурентҳо ба сафи донишҷуён ба баромади иҷтимоии онҳо диққати махсус дода мешуд. Дар натиҷа соли 1960 дар ДДТ дар шуъбаи рузона 11,4% студентони коргар ё худ фарзанди коргар буданд, 5%-и онҳоро колхозчӣ ё фарзанди деҳқон ташкил медоданд. Соли 1970 дар натиҷаи амалӣ намудани ин қонун дар ДДТ қариб 70% донишҷуёнро коргару колхозчӣ  ва фарзандони коргару деҳқон ташкил медоданд. Аз соли 1958 эътиборан аз ноҳияҳои дурдаст, қатъи назар аз сатҳи дониши хатмкунандагони мактабҳо  онҳо ба ҳайси донишҷўи Донишгоҳ пазируфта мешуданд. Соли 1964 дар донишгоҳҳои мамлакат мувофиқи қарори Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР муддати таҳсил ба 4 сол фароварда шуд. Аз ин хотир дар ДДТ низ мувофиқи нақшаҳои таълимии роиҷи факултетҳо ҳаҷми машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ва омўзгорӣ зиёд карда шуд. Ба таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён диққати зиёд дода шуд. Донишҷўён мебоист мустақиман ба ҷои кори ояндаашон ба таҷрибаомўзӣ мерафтанд ва дар айни замон Донишгоҳ мебоист бо корхонаву муассисаҳо шартнома мебастанд. Таълими чорсола дар мактабҳои олӣ, хусусан университетҳо дар маҷмўъ натиҷаи дилхоҳ  надод. Аз ин ҷост, ки баъд аз як сол таҳсили 5 сола дар университтетҳо ҷорӣ карда шуд. Барои баланд бардоштани савияи дониши чунин абитурентҳо қарори КМ ҲКИШ ва Шурои Вазирони СССР аз 20 августи соли 1969, зери рақами 681 «Дар бораи дар мактабҳои олӣ ташкил намудани шуъбаҳои тайёрӣ»  нақши калон бозид. Соли 1969 дар ДДТ бори аввал шуъбаи тайёрӣ кушода шуд, ки ба он, пеш аз ҳама, фарзандони коргару деҳқон ва ҷавонҳои аз сафи Армияи Советӣ баргашта, қабул карда шуда, бо хобгоҳу стипендия таъмин мешуданд. Онҳо имконият доштанд мувофиқи шароити худ дар шуъбаҳои рузона, шабона ва ё ғоибона таҳсил намоянд. Солҳои минбаъда доираи ихтисосҳои шуъба афзуд. Агар дар солҳои аввали ташкили шуъбаи тайёрӣ аз руи ду ихтисос – физикаю риёзиёт сад нафар хоҳишмандон қабул шуда бошад, баъд аз як сол теъдоди он ба дусад нафар расид. Дар шуъбаи тайёрӣ ихтисосҳои таърих, филологияи тоҷик, ҳуқуқ ва иқтисодӣ низ кушода шуданд.

   Дар солҳои ректории С.А.Раҷабов, хусусан солҳои таҳсили 1956/57-1970/71 теъдоди донишҷуён аз 1124 нафар (рузона 275, шуъбаи шабона 424 ва шуъбаи ғоибона 436 нафар) то 12467 нафар (рузона 5551, шуъбаи шабона 2348  ва шуъбаи ғоибона 4568 нафар) афзуд. Теъдоди хатмкунандагони Донишгоҳ бошад, дар ин муддат беш аз шаш маротиб (аз 286 то 1800 нафар) зиёд шуданд.

Афзудани шумораи кафедраҳо, шуъбаву факултетҳои нав, зиёд шудани теъдоди студентону устодони донишгоҳро низ бештар намуд. Агар соли аввали таҳсил дар ДДТ ҳамагӣ 26 нафар устодони штатӣ бошанд, баъд аз даҳ сол, яъне 1958/1959 теъдоди онҳо ба 112 ва соли таҳсили 1970/1971 миқдори муаллимон ба 750 нафар расид.

     Дар ин муддат ҳайати устодон сифатан низ беҳтар гашт, теъдоди муаллимони унвондор афзуд.

Дар байни ҳимоянамудагон устодони Донишгоҳ низ зиёд буданд. Бояд илова намуд, ки дар ин солҳо устодони Донишгоҳ дар дигар шаҳрҳои иттифоқӣ низ рисолаҳои худро ҳимоя кардаанд.

Боиси таваҷҷўҳ аст, ки дар солҳои ректории академик Солеҳ Ашўрхоҷаевич Раҷабов ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ дар Донишгоҳ ба баландтарин нуқтаи худ расидааст. Аз соли 1951 то соли 1997 танҳо дар нўҳ шўроҳои дифои рисолаҳои диссертатсионии Донишгоҳ 1019 нафар унвонҷўйҳо рисолаҳои илмии худро барои дарёфти унвонҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд, ки 358 нафари он ба ин солҳо рост меояд.

    Мувофиқи тақозои замон ва санадҳои ҳизбиву давлатӣ ва Шурои Олии СССР дар охири солҳои 60-ум дар таҷрибаомузии донишҷуёни мактабҳои олии мамлакат, аз ҷумла, дар ДДТ тағйироти назаррасе ба вуқуъ пайваст. Донишҷуён таҷрибаи истеҳсолию омузгориро дар корхонаҳои саноативу муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ гузарониданд. Дар факултети таърихи ДДТ бошад, бори аввал дар таърихи Донишгоҳ таҷрибаомузии ихтисосӣ – дар шаҳрҳои таърихии СССР, мутобиқи кафедраҳо сурат гирифт. Он дар ибтидо тавассути кафедраҳои таърихи СССР, таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин аз руи барномаҳои қаблан аз ҷониби кафедраҳо таҳия шуда ва дар шурои олимони факултет тасдиқ гашта ҷараён гирифт. Донишҷуёни курси сеюми факултети таърих ба таҷрибаомузии сеҳафтаина бо сарварии устодони таҷрибадор, дотсентон Қурбон Асадуллоев, Хуршед Муҳиддинов (кафедраи дунёи қадим ва асрҳои миёна), Лутфӣ Темирхонов (кафедраи таърихи наву навтарин), Олуболу Боқиев, Игор Стетсенко ва Мусаммир Иброҳимов (кафедраи таърихи СССР) ба шаҳрҳои таърихии Осиёи Миёна –Панҷакент, Самарқанд, Хуҷанд ва Хева; ба шаҳрҳои бостонии Федератсияи Россия –Маскав, Владимир, Ленинград, Волгоград, Новгород, Калининград; шаҳрҳои Кафказ – Ереван, Боку, Тибилиси  ва шаҳрҳои дигар сафар намуда, бо як ҷаҳон таассурот бармегаштанд. Чунин таҷрибаомузӣ ба ғайр аз дониши ҳамаҷониба андухтан, дар ҷаҳонбинии донишҷуён осори амиқе мегузошт. Солҳои минбаъда, то соли 1982 доираи ин таҷрибаомузӣ васеъ гашт ва муттасил давом кард. Донишҷуёне, ки ба ихтисоси таърихи КПСС,  атеизми илмӣ ва аз соли 1975 кафедраи таърихи халқи тоҷик вобаста буданд, дар чунин таҷрибаомузӣ иштирок карданд. Чунин таҷрибаомўзӣ дар тарбияи интернатсионалии мутахассисони оянда, дар барпо ва мустаҳкам намудани робитаҳои дўстии ҷавонони мамлакати паҳновари шўравӣ нақши бузурге дошт. Дар ин бора робитаҳои донишҷўёни факултети таърихи ДДТ ва донишҷўёни факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград шаҳодат медиҳад.

Гурўҳи донишҷўёни ДДТ бо сарварии дотсенти кафедраи таърихи СССР Олуболу Боқиев барои таҷрибаомўзӣ ба Ленинград рафта бо устодону шогирдони он ҷо шинос мешаванд ва дар нашри яке аз шумораҳои рўзномаи бисёртиражаи «Ленинградский университет» мувофиқи маслиҳати пешакии ду факултет иштирок мекунанд. Дар рўзнома зери сарлавлаи «Вохўрӣ бо Тоҷикистон» мақолаи декани факултети таърих М.Бобохонов «Иттиҳод», котиби ташкилоти ҳизбии факултет О.Боқиев «Талаби замон», раиси ҷамъияти илмии донишҷўёни факултет Эркин Ғафуров «Зинаҳои илм», раиси маҳфили интернатсионалии «Ситора» Мунзифа Бобоҷонова ба чоп мерасанд. Дар ин мақолаҳо аз ҳаёт, фароғат ва корҳои илмиву ҷамъиятии донишҷўёну устодони ДДТ сухан мерафт. Ҳамзамон донишҷўи Университети Ленинград М.Иванов таҳти унвони «Газетаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон – меҳмони мо» аз таассуроти конфронси умумииттифоқии донишҷўён, ки дар ДДТ сурат гирифта буд, бо як самимият арзу сипос нақл мекард.  Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкили чунин таҷрибаомузӣ худ ба худ муяссар нагаштааст. Барои ин амали хайр мудирони кафедраҳо, садорати факултет, ректори ДДТ, академик С.А.Раҷабов ва аз соли 1972 ректор, академик П.Б.Бобоҷонов кўшишҳои зиёде ба харҷ доданд.

Банақшагирии чорабиниҳои дурнамои тайёр намудани кормандони илмӣ – номзаду докторҳои улум; нашри китобҳои илмиву тадрисӣ,  таълимиву тарбиявӣ ва ғайра низ ба номи ректор С.А.Раҷабов марбут аст. Бо ташаббуси ў чунин чорабиниҳо, ба монанди “Тадбирҳои ДДТ ба номи В.И.Ленин доир ба иҷрои қарорҳои анҷумани ХХIIҲКИШ”; “Чорабиниҳои ДДТ оид ба ҷашнгирии Инқилоби Кабири Октябр ва 100 солагии рузи таваллуди В.И. Ленин”  ва ғайра чун китобчаи алоҳида ба табъ расидаанд. Вақтҳои муайян дар ҷаласаҳои шурои олимон ва ҷаласаҳои ҳизбии Донишгоҳ иҷроиши ин чорабиниҳо мавриди муҳокима қарор мегирифт. Дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳ шахсони масъул аз ҷараёни иҷроиши ин ё он масъала ҳисобот медоданд. Аз ин хотир чунин “чорабиниҳо” барои ба низом омадани корҳои Донишгоҳ мусоидат мекард. Боиси зикр аст, ки коллективии ДДТ маҳз дар ҳамин солҳо дар соҳаи таълим ва тарбияи насли наврас дар байни мактабҳои олии СССР ғолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ гашта ба гирифтани ифтихорномаи ҷашни ленинӣ сазовор гашт.

Чанде аз воқеаҳои таърихии ДДТ низ бевосита бо номи ректори он академик С.А.Раҷабов алоқаманд мебошанд. Маҳз дар солҳои ректории мавсуф 7-ноябри соли 1956 аввалин шумораи рўзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и ДДТ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор шуд. Соли 1965 дар заминаи маҳфили адабӣ –драмавии факултети таъриху филологияи Донишгоҳ Ансамбли вокалӣ –интрументалии ДДТ бо сарварии донишҷўи шўъбаи таърих Амон Холиқназаров таъсис ёфта, минбаъд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ бомуваффақият ҳунарнамоӣ мекарданд ва шўҳрати ДДТ-ро баланд мебардоштанд.

Дар соли 1969 дар Донишгоҳ бори аввал шўъбаи тайёрии рўзона кушода шуд. Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ДДТ дар заминаи факултети кимиё таъсис ёфтани Хонишҳои синоӣ мебошад. Он бо кўшишу ибтикороти пайвастаи декани онвақтаи факултети номбурда профессор Ҳ.М.Ёқубов сурат гирифтааст. Дар он олимони бузургтарини ҷаҳон, ба монанди се карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи ленинии СССР, Б.П.Николский, академикҳои Академияи илмҳои СССР Ю.А.Овчинников, В.А.Легасов ва дигарон мебошанд. Хонишҳои синоӣ то  имрўз давом доранд, ки он на танҳо арзиши илмию назариявӣ, инчунин аҳамияти баланди амалӣ ва тарбиявиро низ доро мебошад.          

            Далелҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Солеҳ Ашурхоҷаевич Раҷабов дар рушду такомули ДДТ хизмати босазое кардааст. Аз ин ҷост, ки эшон сазовори обру, эътибор гашта буд. Ў дар съездҳои 12-14 ПК Тоҷикистон узви КМ интихоб гашта, дар даъватҳои 7-8-уми Шурои Олии РСС Тоҷикистон чун вакил пазируфта шуд буд. Устод барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу ватан бо 5 ордени “Нишони фахрӣ”, 11 медалҳои СССР, ифтихорномаҳои Ҳукумати Тоҷикистону Узбекистон сарфароз гардидааст.  Нимпайкараи у дар маркази хиёбони зодгоҳаш- шаҳри Хуҷанд чун нишони қадрдонӣ гузошта шудааст. Номи неки устод дар қалби ҳазорҳо нафар шогирдону устодони ДМТ абадан маъво гирифтаст.

  Коллективи бисёрҳазорнафараи ДДТ дар тўли беш аз ёздаҳ соли минбаъда (аз 12 июли 1971 то 16 маи соли 1982) зери сарварии ректори он, олими шинохта, доктори илмҳои физикаву математика, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҷумшиноси маъруфи ҷаҳонӣ Пўлод Бобоҷонович Бобоҷонов ва ноибони он профессор В.И.Приписнов, профессор М.Н.Назаршоев на танҳо беҳтарин анъанаҳои Донишгоҳро дар тамоми самтҳои фаъолияти он давом дод, балки ба рушди ояндаи он такони наве бахшид. Дар ин солҳо факултети иқтисодӣ (1976, декан Т.Н.Назаров), факултети баплангирии иқтисодӣ (1980, декан Г.Б.Бобосодиқова) ва факултети баҳисобгирии молиявӣ (1980, декан Ҳ.Қ.Қурбонов) таъсис ёфтанд. Ҳамзамон дар натиҷаи тақсими кафедраҳои умумиуниверситетии материализми диалектикӣ ва мантиқ (мудир М.Н.Болтаев) –кафедраҳои материализми диалектикӣ ва таърихӣ (барои факултетҳои гуманитарӣ –(мудир В.И.Приписнов) ва кафедраи ҳамном барои факултетҳои табиатшиносӣ (1973, мудир дотсент Ф.М.Турсунзода) ва кафедраи таърихи КПСС соли 1976 (барои факултетҳои гуманитарӣ (мудир Ҳ.А.Аҳмадов) ва кафедраи таърихи КПСС барои факултетҳои табиатшиносӣ (мудир Ф.Н.Иванов), кафедраи иқтисоди сиёсӣ кафедраи байнифакултетии иқтисоди сиёсӣ ва бо чунин ном дар факултетҳои иқтисодӣ таъсис ёфтанд.

    Ҳамзамон дар ҳайати факултетҳои Донишгоҳ низ мувофиқи талаботи замон кафедраҳои нав кушода шуданд. Чунончӣ, соли 1972 дар факултети геология кафедраи геологияи инжинерӣ ва гидрогеология (мудир А.М. Мамонтов), дар факултети биология соли 1974 кафедраи биохимия (мудираш М.М.Ёқубова); дар факултети таърих соли 1974 кафедраи таърихи халқи тоҷик (и.в. мудир М.Б.Бобохонов); дар факултети забон ва адабиёти рус соли 1972 кафедраҳои адабиёти классикии рус  ва назарияи адабиёт (мудир В.Г. Астахов), адабиёти советӣ ва умумӣ (мудир Н.А.Содиқова), дар факултети иқтисодӣ соли 1973 кафедраҳои иқтисодиёти меҳнат (мудир А.М. Соломонов), кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ (1973, мудир Г.Ю.Каримов); соли 1981 кафедраи географияи иқтисодӣ (мудир А.Ҷ.Ҷўраев); кафедраи иқтисоди сиёсӣ (мудир М.Н.Мамадназарбеков); дар факултети ҳуқуқ соли 1981 кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (мудир В.Г. Мелкумов) ташкил карда шуданд. Дар факултети механикаву математика кафедраҳои математикаи амалӣ (1978, мудир Э.Г.Самандаров), механика ва усулҳои баҳисобгирӣ (1978, мудир Б.Алиев); дар факултети забонҳои Шарқ кафедраи филологияи Эрон (1981, мудир Ҳ.К.Каримов); дар факултети забон ва адабиёти рус кафедраи забони русӣ ва услуби таълими он (1974, мудир Қ.Н. Содиқова), кафедраи инкишофи муоширати русӣ (1976, мудир М.С.Иброҳимова); дар факултети физика кафедраи астрофизика (1979, мудир П.Б.Бобоҷонов), кафедраи услуби таълими физика (1980, мудир М.Д.Ҷамолов), дар факултети ҳуқуқ кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ (1973, мудир Ш.Р.Розиқов),   ҳуқуқи меҳнатӣ ва хоҷагӣ (1980, мудир В.А. Ойгензихт) таъсис ёфтаанд.

   Дигаргуниҳо дар сохтори Донишгоҳ ва факултетҳои он дар солҳои 70-уми асри ХХ яке аз самтҳои фаъолияти раёсат бо сарварии академик П.Б. Бобоҷонов буда, онҳо аз Қарори КМ ҲКИШ ва Шурои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои минбаъдаи такмил додани маълумоти олӣ дар мамлакат» (июли 1972, №535) бармеомад. Дар асоси Қарори мазкур Вазорати маорифи Тоҷикистон бо сардории ректори Донишгоҳ П.Б.Бобоҷонов шурои ректоронро таъсис дод. Он дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мактабҳои олии ҷумҳурӣ нақши мусбӣ бозид. Шурои номбурда дар такмили барномаҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Бояд ёдовар шуд, ки Қарори мазкур мақоми донишгоҳҳоро дар системаи маълумоти олии мамлакат баланд бардошт. Мувофиқи ин Қарор Вазорати маорифи Тоҷикистон ДДТ-ро ўҳдадор карда буд, ки барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ кадрҳои илмиву педагогӣ тайёр намояд. Ин дастур раёсати Донишгоҳ ва факултету кафедраҳои онро водор мекард, ки дар иҷрои чунин вазифаҳои хеле муҳими давлатӣ масъулияти бештаре эҳсос намуда, дар иҷрои он чораҳои заруриро андешанд. Хатмкунандагони боистеъдоди факултетҳои гуногуни  Донишгоҳ барои кор ба донишкадаҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд ва аксарияти онҳо вазифаи худро содиқона иҷро намуданд.

 Дар ҳаёти халқи мамлакат, дар нашъунамои минбаъдаи илму маърифат ҳуҷҷатҳои ҳизбиву давлатӣ «Дар бораи инкишофи минбаъдаи мактаби олӣ ва беҳтар кардани сифати тайёр кардани мутахассисон» (1974), «Дар бораи баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии таълим (1978), «Дар бораи инкишофи минбаъдаи мактаби олӣ ва баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон» нақши бузург доштанд.

Шўроҳои олимони Донишгоҳу факултетҳо, кафедраҳо, ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҷлисҳои худ масъалаҳои беҳтар намудани сифати лексияву дарсҳои амалӣ, роҳҳои такмили минбаъдаи онҳоро муҳокима намуда, коллективи 800 нафараи устодони ДДТ – ро ба иҷрои қарорҳои қабулкарда сафарбар  менамуданд.

    Дар маҷлисҳои кафедраҳо, шўроҳои методии факултетҳо матни лексияҳои устодон, сабти магнитофонии лексияҳои онҳо  дар ҷараёни дарс мавриди муҳокима қарор мегирифтанд. Ҳамзамон баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи методии устодон онҳоро ба курсуҳои  махсуси такмили ихтисос мефиристоданд.

    Дар солҳои 70-ум зимни тағйиротҳои сохтории Донишгоҳ дар ҳайати устодони он низ дигаргуниҳои миқдорӣ ва ҳам сифатӣ ба амал омаданд. Шумораи устодон дар солҳои таҳсили 1971/1972 ва 1981/1982 аз 749 нафар то ба 842 нафар расида, сафи кормандони унвондор хеле афзуд. Ҳамзамон теъдоди донишҷўёни шўъбаи рўзона дар ин муддат аз 5551 то ба 6280 нафар зиёд шуд.

    Дар мамлакат системаи такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, аз ҷумла, устодон, мудирони кафедраҳо, деканҳои факултетҳои мактабҳои олӣ вуҷуд дошт. Дар ин самт ДДТ низ истисно набуд. Бо даъвати Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР кормандони Донишгоҳи мо ҳам дар муддатҳои муайян барои такмили ихтисос асосан ба Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав рафта, дар семинару курсҳои такмили ихтисос аз таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони худ баҳраманд мешуданд.Чунин ҷамъомадҳо барои мудирони кафедраҳо, деканҳои факултетҳои мактабҳои олии Тоҷикистон бо ташаббуси  Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ДДТ мегузашт, ки сарварии онро раиси ректорҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ академик Пўлод Бобоҷонов тўли даҳ сол ( 1974-1983 ) бар ўҳда дошт. Иштирокчиёни чунин семинарҳо одатан соҳиби шаҳодотномаи махсус мегаштанд.

Академик Пӯлод Бобоҷонов

Хизмати Пўлод Бобоҷонов чун сарвари Донишгоҳ дар ташкили шўроҳои ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ низ бузург аст. Дар ин солҳо бо Қарори ВАК (Комиссияи олии аттестатсионӣ)-и СССР иловатан дар ин ҷо шўроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шуданд. Дар солҳои ректории академик Пўлод Бобоҷонов танҳо дар шўроҳои диссертатсиони ДДТ (солҳои 1971-1980) 270 рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда шуданд. Ҳамзамон кормандони Донишгоҳ дар шаҳрҳои марказии мамлакат низ дифоъ намуда буданд.

    Соли 1973 дар Тоҷикистон таҷлили 25 солагии ДДТ баргузор гардид, ба ин муносибат бо ташаббуси ректор Пўлод Бобоҷонов медали хотиравӣ таҳия гашта кормандони пешқадами Донишгоҳ бо фармони сарвари он сарфароз мегаштанд. Ба муносибати ин ҷашни бошукўҳ конфронси илмӣ-амалии устодон, аспирантҳо ва донишҷўён доир гашт. Ҳамзамон фаъолияти коллективи ДДТ дар тўли чоряк аср ҷамъбаст шуда барои пешрафти ояндаи он нақшаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

Зикри чунин далел бамаврид аст, ки дар ҳамин сол мувофиқи Қарори Шўрои Вазирони Тоҷикистон сохтмони шаҳрчаи нави Донишгоҳ ба масоҳати умумии 140 га замин шурўъ шуд, ки он барои 8000 нафар донишҷўёни шўъбаи рўзона пешбинӣ гашт.

Баъд аз панҷ сол 22 ноябри соли 1978 бахшида ба сисолагии таъсиси Кохи бузурги илму маърифати Тоҷикистон конфронси илмии профессорону муаллимон барпо гардид. Онро бо сухани муқаддимави раиси Донишгоҳ академик П.Б.Бобоҷонов кушод. Сипас ҳозирин маърўзаҳои  профессор М.Б.Бобохонов- «Инкишофи илмҳои гуманитарӣ дар Университет ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо»; профессор М.Д.Чедия- «Проблемаҳои густариши фаъолияти донишҷўён дар дарк намудани дониш ва пажўҳиши ин масъала дар ДДТ (дар мисоли факултетҳои геология, биология ва таърих)»; профессор Т.Н.Назаров - «Густариши илмҳои иқтисодӣ дар Донишгоҳ ва роҳҳои минбаъдаи инкишофи онҳо»-ро шуниданд. 23 ноябр дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷаласаи бахшҳои конфронси мазкур барпо гардид. Дар маърўзаҳои деканҳо, мудирони кафедраҳои донишгоҳӣ натоиҷи илмҳои гуногун ҷамъбаст ва дурнамои он муайян карда шуданд. Ба муносибати  30 солагии ташкилёбии ДДТ низ махсус медали хотиравӣ таҳия карда шуда буд.

Баъд аз як моҳ, 22 декабр дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба 30 солагии ташкилёбии Университет маҷлиси тантанавӣ барпо гашт. Дар он маърўзаи ректор П.Б.Бобоҷонов «30 солагии ташкилёбии Университети ба номи В.И.Ленин» шунида шуд. Роҳи дар се даҳсола тайнамудаи коллектив дар маърўзаи ректор П.Б.Бобоҷонов ва мақолаи ў «Сӣ соли комёбиҳо» ифодаи худро ёфтааст.

Боиси зикр аст, ки дар солҳои ректории академик П.Б.Бобоҷонов дар  Донишгоҳ бори аввал шўъбаҳои таҳрирӣ –интишорӣ (1980) ва патентӣ (1982) таъсис ёфтанд.

 Обрў ва эътибори ДДТ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари мамлакати паҳновари Иттифоқи Советӣ ва берун аз қарамрави он боз ҳам баланд гашт, ки дар ин ҳама пешравиҳо нақши ректори он Пўлод Бобоҷонов, ноибони ў, деканҳо ва мудирони кафедраҳо назаррас аст. Дар бораи обрў ва эътибори ДДТ чунин делели ҷолиб низ шаҳодат медиҳад, ки он ба аъзогии Ассотсиатсияи университетҳои ҷаҳон қабул карда мешавад.

Дар воқеъ барои комёбиҳо дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мамлакатҳои хориҷӣ ва босамарона пеш бурдани корҳои илмию таҳқиқотӣ бо ҳамкории онҳо соли 1974 ДДТ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо пазируфта шуд.

Дар натиҷаи бастани созишномаҳои байнидавлатӣ таҳсил, таҷрибаомўзӣ, аспирантура ва дикторантураро намояндагони беш аз 50 мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Лаос, Ветнам, Хитой, инчунин давлатҳои қитъаҳои Африка, Австралия, Олмон, ИМА, Америкаи Лотинӣ дар ДДТ таълим гирифтанд. Бесабаб нест, ки ин ҳама падидаҳои фараҳбахш диққати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба худ ҷалб карда буд. Эшон дар ҷашни 50-солагии ДМТ бо қаноатмандӣ қайд карда буд, ки Донишгоҳ 20 сол боз барои дигар давлатҳои дуру наздик низ мутахассис ва кормандони илмӣ тайёр мекунад, ки ин нуфузу эътибори онро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар  мебардоранд.

    Боиси таваҷҷўҳ аст, ки дар солҳои ректории мавсуф даъвати устодони ДДТ ба мактабҳои олии Афғонистон, аз ҷумла, ба университети Кобул, институти политехникӣ ва ғайра бештар гашт. Дар солҳои 70-ум ва аввали 80-ум як зумра устодони шинохтаи Донишгоҳ, ба мисли Отаҷон Акрамов, Актам Бобоев, Иброҳим Усмонов, Зуҳуриддин Юсупов, Солибой Ҳасанов, Маъруф Мирзошарипов, Ниёзбадал Мирзоев ва дигарон чун устодони беҳтарин дар пешравии таълим ва густариши илмҳои гуногун, тайёр намудани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олии Ҷумҳурии Афғонистон нақши амиқ гузоштанд ва бо номи нек ба Ватан баргаштанд. Бисёр устодон ва донишҷўёни факултети шарқшиносии Донишгоҳ барои кор ба мамолики Араб даъват шуданд. Ин ҳама номи ДДТ – ро боз ҳам баланд бардошт.

Ректори Донишгоҳ Пўлод Бобоҷонов ҳамзамон дар корҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва раиси Шўрои мактабҳои олии Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси шўъбаи Тоҷикистонии анҷумани умумииттифоқии астроному геодезҳо, муҳаррири масъули маҷаллаи илмии « Комета ва метеорҳо » ва ғайра фаъолона иштирок намуд.

Мавсуф дар як муддати кўтоҳ бо хислатҳои ба худ хоси масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа, маданияти баланди зоҳирӣ ва ботинӣ, муносибати холисонаву одилона нисбати кормандон, серталабӣ нисбати худ ва ҳамкорон, интизоми қавии меҳнатӣ, ҳалолкорӣ, мубориза зидди ҳамагуна сохтакориву дасисабозиҳо ва ғайра соҳиби обрў ва эътибори коллективи бисёрҳазорнафара гашт.

Хизматҳои Пўлод Бобоҷонов дар соҳаи илму маорифи Тоҷикистону   Иттифоқи Советӣ бо ду ордени « Нишони фахрӣ», ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», медалҳои « Ветерани меҳнат», «Барои меҳнати шоён» ва ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Академик Талбак Назаров
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ зери сарварии доктори илмҳои иқтисодӣ, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, профессор Талбак Назарович Назаров (солҳои 1982 -1988) дар самтҳои мухталифи фаъолияти Донишгоҳ ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуд.

Профессор Т.Н.Назаров барои коллективи Донишгоҳ бегона набуд. Эшон баъд аз хатми Институти  молиявию иқтисодии Ленинград соли 1960 фаъолияти меҳнатии худро дар факултети иқтисодии ДДТ аз вазифаи ассистент сар карда то мудири кафедраи молия ва кредит, ҷонишини декан, декан ва проректори шўъбаи шабонаи Донишгоҳ сабзида расидаст. Солҳои ҳаштодуми асри бист дар ҷаҳони сотсиалистӣ, дар Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон замони тағйирёбандаву пуртазод буд. Моҳи апрели соли 1985 дар мамлакат марҳалаи наве бо номи «бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ » оғоз ёфт. Он мутобиқи замон мақсад дошт, ки  тамоми камбудиҳои мавҷударо решакан кунад. Вале оқибати он барои халқҳои советӣ, тоҷикон низ басо вазнин буд. Фаъолияти ректории Т.Н.Назаров дар арафаи чунин давра оғоз ёфта, марҳалаи «бозсозӣ»-ро ҳам то августи соли 1988 дар бар мегирад.

Чун дар тамоми Иттиҳоди Шўравӣ дар сохтори Донишгоҳу факултетҳо ва кафедраҳо тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, соли 1982 дар заминаи факултети молиявию баҳисобгирӣ факултети  молиявию иқтисодӣ ташкил карда шуд. Чунин тағйирот дар кафедраҳои умимидонишгоҳӣ низ ба вуқўъ пайваст. Соли 1982 кафедраи педагогика ва психология ба ду кафедра ҷудо карда шуд - кафедраи педагогика (мудир- Р.И.Искандарова) ва психология (мудир-Р.А.Атахонов) ва соли 1988 кафедраи забони тоҷикӣ (мудир- А.Каримов), соли 1986 барои студентони шўъбаи тайёрӣ кафедраи забони русӣ (мудир- Қ.Н.Содиқова)  таъсис ёфтанд.

Ҳамзамон дар ҳайати факултетҳо низ кафедраҳои нав бунёд ёфтанд, баъзе кафедраҳо тақсим карда шуданд. Масалан, соли 1984 дар факултети молиявӣ-баҳисобгирӣ дар заминаи кафедраи баҳисобгирӣ ва таҳлили иқтисодӣ  кафедраи баҳисобгирӣ (мудир Д.У.Уроқов) ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ (мудир-Т.Қ.Қазоқбоев), соли 1985 дар факултети молиявӣ-иқтисодӣ кафедраи АСОЭИ (мудир-З.А.Раҳимов); дар факултети геология соли 1987 дар заминаи кафедраи геологияи нафту газ кафедраи геология ва кофтукови (разведка) канданиҳои фоиданок ташкил шуданд.

   Соли 1988 дар факултети филологияи тоҷик кафедраи усули (методика) таълими забон ва адабиёти тоҷик ( мудир-Х.Шарипов) ва ҳамон сол дар факултети забонҳои Шарқ кафедраи филологияи ҳинду (мудир-Ҳ.Раҷабов), дар факултети биология бошад, кафедраи экология (мудир-М.Дарвозиев) таъсис ёфтанд.

    Ин ҳама далелу маълумотҳо оид ба таъсиси факултету  кафедраҳо шояд дилгиркунанда намояд ва барои аксарияти хонандагон ҷолиб ҳам набошанд, вале ин ҳама маълумотҳое мебошанд, ки дар паси он меҳнати содиқонаи сарварони Донишгоҳ, факултетҳо, кафедраҳо ва билохира коллективи калони ин Боргоҳи маърифатӣ ниҳон аст. Маълумотҳои мазкур дар замони хеле ҳассоси давраи ошкорбаёнии мардуми мамлакат, аз фаъолияти самараноки аҳли Донишгоҳ ва тақдири минбаъдаи халқу мамлакат бевосита алоқаманд аст.

    Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки профессор Талбак  Назаров ба масълаҳои умдатарини Донишгоҳ, аз қабили беҳтар намудани сифати таълим, илм, тарбия ва инчунин ба мустаҳкам намудани бунёди моддӣ-техникии он диққати махсус медод.

Мувофиқи Қарори КМ КПСС ва Шўрои Вазирони СССР моҳи марти соли 1987 ДДТ ба қатори мактабҳои олии мамлакат, ки корҳои илмии аҳамияти муҳими хоҷагии халқ доштаро ба иҷро мерасонданд, дохил шуд. Соли 1988 дар ин Махзани асрор докторантура таъсис дода шуд, ки дар тайёр намудани олимони олирутбаи на танҳо ДДТ, инчунин мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва баъзе бахшҳои илмии АИ Тоҷикистон нақши калон дошт. 

    Дар ин солҳо обрў ва эътибори байналхалқии ДДТ боз ҳам афзуд, ки дар ин бора талаботи мамолики хориҷӣ, аз ҷумла, Афғонистон ба устодону олимони Донишгоҳ шаҳодат медиҳад. Масалан, дар солҳои 1983-1986 як зумра устодони ДДТ Бекмурод Сиёев, Аҳмадҷон Неъматов, Эшонхоҷаева Роҳбар ва дигарон ба муддати аз як то се-чор сол ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Афғонистон дар тайёр намудани мутахассисон барои ин кишвар нақши намоён гузоштанд.

       Дар ин солҳо  гурўҳи калони коромўзони як қатор мамлакатҳои Осиё-Афғонистон (Абдулхолиқ Вафоӣ, Абдулқайюм Қавим, Абдул Раззоқ ва дигарон), аз Аврупо-Олмони шарқӣ (Аннет Пол, Мартина Зифке), аз Булғория (Тодор Костодинов), Чехия (Пискачек Ярослав), Дания (Улла Томсен), ИМА (Шоберлейн Ҷон Самуэл) ва мамлакатҳои дигар барои баланд бардоштани савияи донишҳои худ ба ДДТ ба муддатҳои гуногун омада буданд. Онҳо бо як ҷаҳон таассурот ва арзи сипос ба устодон ва сарварони ДДТ ба ватани худ баргаштанд.

    Ҳамин тавр, ректори ДДТ Талбак  Назаров дар таърихи ин Донишгоҳ нақши назаррасе гузоштаст. Барои хизматҳои ҳамаҷонибаи худ дар назди ДДТ ва коллективи он эшон ба унвонҳои баланди илмӣ, омўзгорӣ ва давлатӣ сазовор гардид.

Дар ин давра роҳбарияти ҳизбиву давлатии Тоҷикистон зарур донистанд, ки Талбак Назарович Назаровро ба вазифаи масъулноктари давлатӣ пешбарӣ намоянд, ки фоидавор аст. Ин буд, ки эшонро ба вазифаи Вазири маорифи Тоҷикистон таъин карданд.

Исмоил Давлатов шашумин ректори Донишгоҳ

 Солҳои  роҳбарии ректори  шашуми  Донишгоҳ  доктори  илмҳои иқтисодӣ,  профессор  Давлатов  Исмоил  Давлатович  (августи 1988 то апрели 1990) -қариб ду сол,  вале хеле  ҳассосу  пуртазоди  ҳодисаҳои  сиёсӣ ва  фарҳангӣ иборат буд.  Эшон  кўшиш кард, ки  барои Донишгоҳи  хеш  содиқона  хизмат намояд.

Исмоил Давлатов дар таърихи Донишгоҳ аввалин ректоре буд, ки  аз ҷониби  намояндагии  устодону кормандон  ва  донишҷўён ба таври  алтернативӣ  ба ин вазифаи  баланд интихоб шуд. Ў кўшиш  намуд, ки  дар ҳаёти  Донишгоҳ дар шароити  рушди бемайлони худшиносии  мардум  принсипҳои  демократиро  роиҷ ва  пойдор  намояд. Бо ин мақсад  шўроҳои  олимони  факултетҳои  Донишгоҳ  деканҳо  ба тарзи  интихоби  озоди  алтернативӣ  интихоб  шуданд.

Исмоил Давлатов  чун хатмкунандаи  боистеъдоди  факултети  иқтисодӣ  ба ҳамин Донишгоҳ  ба кор қабул шуд. Минбаъд  эшон  дар кафедраи  иқтисоди сиёсии ин Борогоҳи  маърифат  бо ахлоқи ҳамидаи меҳнатдўстӣ,  кордонӣ,  истеъдоди баланди  ташкилотчигӣ  аз ассистенти  қаторӣ  то  ба дараҷаи  дотсентӣ, профессорӣ  ва  мудири  кафедра  сабзида расид. Табиист, ки  ректори  нав анъанаҳои беҳтарин он, бурду бохт ва  проблемаҳои  Донишгоҳи  давлатиро  аз наздик хуб медонист.  Аз ин сабаб Исмоил Давлатов  ба проблемаҳои  кадрҳо,  таълим,  илм,  беҳтар намудани сифати  мутахассисони  оянда,  беҳбудии зисти  устодону донишҷўён аҳамияти ҷиддӣ  дод.

  Фаъолияти  ташкилотчигии  профессор  Исмоил Давлатов   хусусан дар вазифаи  сарварии  ДДТ буданаш  хеле  равшан  зоҳир  гардид. Маҳз дар ин давра  ў депутати  халқии ҷумҳурӣ  интихоб  шуд. Солҳои  ректории Исмоил Давлатов  барои Тоҷикистон  чун тамоми  Иттиҳоди  Ҷамоҳири Шўравӣ  солҳое буданд, марҳалаи бамиёноии бўҳрони  шадиди  сиёсиву  иқтисодӣ ва фарҳангист. Дар ин  вазъ  роҳбарияти ҷумҳурӣ лозим донист, ки  чунин  корманди боистеъдоду  ояндадорро  ба вазифаи  боз ҳам баланду  масъулиятноктар-Вазири маорифи  ҷумҳурӣ  пешбарӣ  намояд. 

 Яке аз шартҳои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисон дар тамоми донишгоҳҳо, аз ҷумла дар ДМТ ба миқдори зарурӣ вуҷуд доштани шогирдони баландсавияву хушсалиқа мебошад. Аз ин рў, ДМТ дар ин солҳо низ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши касбию тахассусии худи шогирдон таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Яке аз роҳҳои ба ин мақсад ноил шудан копютеркунонии раванди таълим ба ҳисоб меравад.

Раёсати Донишгоҳ имрўзҳо ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад ва ҳамзамон коллективи онро барои боз ҳам хубтар амал кардан сафарбар менамояд. Имрўз ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳ аз таваҷҷўҳи рўзафзуни Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла, ба Донишгоҳи миллӣ рўҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Роҳбари Давлатро   ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамунсоз  қабул карда, баҳри иҷрои онҳо мудом сайъу кўшиш доранд. Воқеан, дар суханронии Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлиси машваратӣ, инчунин дар  мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо ҳайати устодону донишҷўёни Донишгоҳ (аз 06.03.2015) ҳама паҳлўҳои соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла, вазъи воқеии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлилу натиҷагирии амиқ қарор гирифт. Президенти мамлакат аз ҳайати профессорону  омўзгорони Донишгоҳ  баҳри ислоҳи камбудию нуқсонҳо ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳо ва тавсияҳо доданд. Ҳайати профессорону  омўзгорон ва кормандони  Донишгоҳи  миллӣ низ аз мулоқоту ғамхориҳои мудавоми Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рўҳбаланд гардида, баҳри тадриҷан баланд бардоштани сифати мутахассисони оянда  саъю кўшиш менамоянд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org