Шурои олимон

 

sh olШӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимон ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 06.01.2009, №10-09 дар ҳайати 35 нафар таъсис дода шуда, бо пайдо шудани зарурат ба ҳайати он аъзои нав ворид гардида, фаъолият менамояд. Ба ҳайати Шӯрои олимони донишгоҳ ректор, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ шомил ҳастанд. Аз 36 нафар аъзои Шӯрои олимон –12 нафари он доктори илм, 22- нафар номзади илм, 1- нафар бе унвони илмӣ мебошанд.

Нақшаи кории Шӯрои олимони донишгоҳ дар ҷаласаи аввали  Шӯрои олимон аз 09.10.2015, суратҷаласаи №1 қабул ва тасдиқ шуда, тибқи он дар соли таҳсили 2015-2016 масъалаҳо оид ба фаъолияти омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баҳри дар амал  татбиқ гардидани сиёсати давлатӣ оид ба илм ва маориф, иҷрои дастуру  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълиму тарбия  ва  илм, инчунин фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, ҷамъиятӣ ва масъалаҳои иқтисодии донишгоҳ баррасӣ  гардида, 
қарорҳои судманд қабул карда мешаванд.

Дар Шӯро пайваста масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию  методӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ мавриди  баррасӣ ва муҳокима  қарор мегиранд.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушду такмили раванди таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавон, инкишофи минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ, баланд бардоштани нақши он дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ Шӯрои олимон масъалаҳои рӯзмарраро  мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Шӯрои олимон барои беҳтар намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус медиҳад. Аз ин рӯ,  ҳар сол фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ аз назорати аъзои Шӯрои олимон гузашта, вазъи раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин бахшҳо дар ҷаласаҳои Шӯро баррасӣ мегарданд. 

Дар соли сипаришуда вазъи корҳои таълимӣ ва илмию методӣ дар кафедраҳои донишгоҳ муҳокима гардида, оид ба ин масъалаҳо қарори мушаххас қабул шудааст. Дар баробари ин, роҳҳои беҳтар намудани ҷараёни таълим, илм ва рафти сессияҳои cанҷишӣ-имтиҳонӣ ва натиҷаҳои он дар мадди назари аъзои Шӯрои олимон қарор дорад.

Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолияти Шӯро баррасии масъалаҳои корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, тарбиявию маъмурӣ ва хоҷагидорӣ дар донишгоҳ ва сохторҳои таркибии он мебошад.

Масъалаи дигаре, ки пайваста мавриди баррасии Шӯро қарор мегирад, ин пешниҳоди омӯзгорон барои гирифтани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессории Комиссияи олии аттестатсионии ФР мебошад. Шӯрои олимони донишгоҳ дорои аккредитатсияи Вазорати маориф  ва илми Федератсияи Россия буда, ҳуқуқи пешбарии довталабонро ба унвонҳои дотсент ва профессори кафедра, инчунин дотсент ва профессор аз рӯйи ихтисосро дорад.

Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон фаъолияти кафедраҳо ва ҳисоботи мудирони кафедраҳо ҳаматарафа баррасӣ шуда, бурду бохти онҳо дар ҷабҳаи фаъолияти илмӣ-методӣ, таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ муайян гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳо қарорҳои мушаххас қабул карда мешавад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org