Маркази тестӣ ва МСТ

Маркази тестӣ ва мониторинг

Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим пас аз мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони ректори Донишгоҳ аз 21.01.2010, №30-09 дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим таъсис дода шудааст. Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим фаъолияти кории худро дар ду самт роҳандозӣ менамояд:
Самти аввали фаъолияти кории марказ баргузории интихобии мониторинги давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои академии шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи  донишгоҳ ва ҳамзамон тибќи нақшаи комплексии гузаронидани чорабиниҳои донишгоҳ мониторинги сифати таълим ва назарпурсиҳои омӯзгорону донишҷӯён  маҳсуб меёбад. Мақсади гузаронидани мониторинг дар баробари санҷиши давомоти донишҷӯён ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби онҳо  ҳолати дастраси омӯзгор будани маводи зарурӣ аз қабили матни лексия (ёддошт-конспект) дар шакли чопи компютерӣ, барномаи таълимӣ ва корӣ аз фанни таълимии тадрисшаванда, китобҳои дарсии зарурӣ, вобаста ба зарурат истифода аз воситаҳои техникӣ ва айёнии таълим, ҷадвалу нақшаҳо ва адабиёти солҳои охир, тарзи ташкил ва гузаронидани дарс аз ҷониби омӯзгорон, аз рӯи меъёри муқарраргардида ба қисмҳо ҷудо намудани соати таълимӣ ва риояи он ва ҳолати нигоҳдории журналҳои қайди давомоти донишҷӯён мавриди таҳлил қарор дода мешавад.
        Ҳангоми баргузории мониторингҳои сифати таълим  ҳамзамон, ҳолати таҳлили натиҷаи баҳогузории донишҳои фосилавии донишҷӯёни низоми таҳсилоти кредитӣ вобаста ба рейтингҳо, фаъолияти касбии омӯзгорон тавассути иштирок дар машғулиятҳои дарсии онҳо баҳогузорӣ ва тавассути пурсишномаҳои гуногун мушкилоти раванди таълим муайян ва баҳри рафъи он тибќи пешниҳои марказ аз ҷониби раёсати донишгоҳ чораҷӯйиҳо карда мешавад.
Натиҷаҳои мониторингҳои баргузоргардида дар ҷаласаҳои раёсат, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои олимони донишгоҳ баррасӣ ва мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои мавриди назар қисми таълим, садорат ва мудирони кафедраҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ вазифадор карда мешаванд, то фаъолияти Шӯрои методии факултетҳо ва комиссияҳои методии кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар самти ҷустуҷӯйи роҳҳои беҳтар кардани сифати машғулиятҳои дарсӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо пурзур карда шуда, дар ҷаласаҳои кафедра барномаҳои кории фаннӣ ва матни лексия (ёддошт-конспект)-ҳое, ки аз ҷониби омӯзгорон таҳия карда мешаванд, мавриди талаб, муҳокима ва тасдиқ қарор дода шаванд. Ҳамзамон аз ҷониби раёсати таълим нисбат ба фаъолияти омӯзгороне, ки ба машғулиятҳои дарсӣ дер ва илова бар ин бе барномаҳои кории фаннӣ, матни лексияҳо (ёддошт-конспект) ворид мешаванд, тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Ҳамзамон ҷиҳати дар муҳлати муқарраргадида иҷро намудани дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ва фармонҳои аз ҷониби он ба тасвибрасида, тавассути омӯзгорони фаннӣ баҳогузории фосилавии дурусти донишҷӯён ва ғ. вазифадор карда мешаванд.
Самти дигари фаъолияти кормандони Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ сохтани саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои компютерӣ, чопи варианти саволномаҳои тестӣ, ворид кардани ҷавоби саволномаҳои тестӣ ба барномаи компютерӣ, ворид кардани варақаҳои имтиҳонии донишҷӯён ба компютер ва чопи натиҷаи имтиҳон ба шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи иттилоотӣ дар давраи қабули имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии донишҷӯёни курсҳоии 1-4 дар гурӯҳҳои анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ мебошад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org