Муовини ректор оид ба таълим

KhojaevХоҷаев Тоир Абдуллоевич - муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим

Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Хоҷаев Тоир Абдуллоевич 29. 05. 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.   Мавсуф соли 1989 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1989 дар ДМТ шурӯъ ва дар тӯли солҳои фаъолияташ дар ин даргоҳи илму маърифат дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз ҷумла, ба ҳайси лаборанти калони кафедраи физикаи ядрои факултети физикаи ДМТ (1989-1992), аспиранти шуъбаи ғоибона кафедраи физикаи ядро факултети физика (1992-1995), мудири лабораторияи ЭЛУ-6 (1995-1998), асистенти кафедраи электроникаи физикии факултети физика (1998-1999), корманди калони илмии НИОФКС ДМТ (2000-2005), муаллими калони кафедраи электроникаи физикии факултети физика (2005-2008), дотсенти кафедраи электроникаи физикии факултети физика (2008-2011), ҷонишини декани факултети физика оид ба таълим (2011-2013), сардори раёсати таълими ДМТ (2013 -2017 ), аз 15.09.2017 то ҳол муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ фаъолият намудаистодаанд.

Хоҷаев Т. барои иштирок дар ҳамоишҳи илмию амалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Марокко, Малта, Испания, Греция, Турция, Венгрия, Афғонистон, Россия ва Узбекистон сафар карда, маърӯзаҳо қироат намудааст.

Барои хизматҳои шоён дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони соҳиб касб ба нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2011)» мушарраф гаштааст.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org