Шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми ТК

Шӯъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин аз қабили болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон равона карда шудааст. Татбиқи чунин сиёсат бевосита ислоҳоти куллии соҳаи маориф, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба         Стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва технологияи кредитии таълим, тақозо мекунад. Аз ин рӯ, бо мақсади иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи морифи  ҷумҳурӣ аз 22-юми декабри  соли 2005», бо дарназардошти зарурати воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.09.2004, таҳти №698, мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 28.06.2007, протоколи №12 дар бораи гузариши тадриҷии ихтисосҳои ДМТ ба низоми кредитии таҳсилот, фармони ректори Донишгоҳ дар хусуси тасдиқ намудани Низомнома дар бораи ташкили ҷараёни таълим дар ДМТ бо истифодаи низоми кредитии таҳсилот ва аз оғози соли таҳсили 2007-2008 ба мавқеи иҷро вогузор кардани он, 3-юми сентябри соли 2007 таҳти №363-09 ба имзо расид.

    Раванди воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ зарурати мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва талаботи Стандартҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро ба Стандартҳои байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Навъовариҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар одатан дар шакли татбиқи низомҳои нави таҳсилот (низоми бисёрзинагӣ – бакалавр, магистр ва доктори фалсафа (докторӣ PhD) ва низоми кредитии таҳсилот) ворид гардида истодаанд.

        Бо мақсади татбиқи ин гуна навъовариҳо ва дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ», Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ» «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007 №330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гуруҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ҶТ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ бо усули бисёрзинагии таълим ва бо фарогирии дараҷаҳои академии «бакалавриат», «магистратура» ва «мутахассис» бо фармони ректор аз 26.04.2007 №482-09 дар таркиби шуъбаи таълими донишгоҳ – Сектори барномасозӣ, мониторинг ва назорати сифати таълим таъсис дода шуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9-уми декабри соли 2008) ворид намудани тағйирот дар сохтори донишгоҳ, сектор ба шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ, ки аз 5 воҳиди корӣ (мудир ва мутахассисон) иборат аст, табдил дода шуд. Сарварии ҳам сектори барномасозӣ, мониторинг ва назорати сифати таълим ва ҳам шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии дар заминаи он таъсисёфтаро аз моҳи майи соли 2007 то соли 2013 номзади илмҳои биология, дотсент М.С. Нарзуллоев ба уҳда дошт ва айни ҳол мудирии шуъбаро Қурбонова Робия Туйчиевна ба уҳда доранд.  

       Шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ барои таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои меёрии ҳуқуқии низоми таҳсилоти кредитӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, назорати ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ дар гуруҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитии донишгоҳ сафарбар карда шудааст.

      Донишгоҳ ва ихтисосҳои он дар давраи гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ қарор дошта, аз оғози соли таҳсили 2007-2008 то ба имрӯз ҷараёни таълим дар байни 75 ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ аз рӯйи 62 ихтисосҳои дар назди 17 факултет амалкунанда тибқи ин низом тањсил доранд. 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org