Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва КМҶ

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Сардори Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон - н.и.ҳ Ғаффорзода Илёс  Ғаффор
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявӣ пайваста бо таҷрибаомӯзиҳои таълимию омӯзгорӣ, истеҳсолию пешаздипломӣ пеш бурда мешаванд. Аз ин ҷост, ки таҷрибаомӯзӣ як қисмати муҳимми ҷараёни таълим маҳсуб гардида, дар тайёр кардани донишҷӯён ҳамчун мутахассис аҳамияти бузург дорад.
Таҷрибаомӯзӣ ҷанбаи дониш ва фаҳмиши донишҷӯёнро боло бурда, имконият фароҳам меоварад, ки дар ҷараёни таълим мукаммалгардии донишҳои касбии онҳо сифатнок сурат гирад ва бо ҳамин роҳ пешбурди муназзами назария ва амалия татбиқ мегардад.  
Соли 1953 бо таъсис додани шуъбаи таълим дар сохтори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар таркиби қисми таълим бахши таҷрибаомӯзӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, масъулияти пешбурди кори ин самт ба уҳдаи Серебренников С. гузошта мешавад.  
            Сол то сол бинобар сабаби зиёд шудани шумораи донишҷӯён ва мувофиқи нақшаи тасдиқкардаи собиқ Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР соли 1964 муҳлати баргузории таҷрибаомӯзиҳо дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин зиёд карда шуда, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ таъсис дода мешавад.
           Баробари зиёд шудани теъдоди хатмкунандагони шӯъбаи рӯзона дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин соли 1981 шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон таъсис дода шуда, то соли 2006 бо ҳамин ном фаъолият намудааст.
            Соли 2006 бошад шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон ба сектори таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон табдил дода шуда, то соли 2008 бо ҳамин ном фаъолияти худро давом медиҳад.
            Аз солҳои аввали фаъолият ва таъсиси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон роҳбарии ин шуъбаро як идда устодони варзидаву олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Серебренников С., Зайдов П. З., Бойматова Л. Ш., Миралиев А. М. ва Ғиёсиев М. И. ба ӯҳда доштанд.
Аз 9-уми декабри соли 2008 дар сохтори нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон таъсис дода шуд. Мудирии ин шуъбаро то соли 2013 номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология, барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ ба уҳда дошт ва айни ҳол мудирии шуъбаро  номзади илми филология, дотсент Ҳамрохон Дӯстов ба уҳда доранд.
             Айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 шакли таҷрибаомӯзӣ: таълимӣ (дар қисме аз факултетҳои марбутаи донишгоҳ таҷрибаомӯзии технологӣ, китобшиносӣ, бойгонӣ, фолклоршиносӣ, шевашиносӣ), омӯзгорӣ,  истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ роиҷ аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ новобаста аз шакл ва низоми таҳсил (рӯзонаю ғоибона, магистратура ва маълумоти 2-юм, низоми анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ), маблағгузорӣ (буҷавӣ, шартномавӣ), забони таҳсил (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) тибқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.
Яке аз вазифаҳои асосии шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён мебошад. Дар ин росто бо мақсади иҷрои банди 27-уми Протоколи маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 апрели соли 2010, №1с 27-6 ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2011, №19209/16.1 ҷиҳати вусъат додани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликияташон лоиҳаи матни Шартномаро ба тасвиб расонидааст.
Раёсати донишгоҳ ва шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ҷиҳати иҷрои протоколи мазкур бо 90 корхонаву идораҳо, муассисаву вазоратҳои кишвар, ки мувофиқ ба ихтисоси донишҷӯён аст, созишномаи ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ба имзо расонидааст.
Дар баробари мавзеъҳои тачрибаомӯзии Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии ба номи Ҷ.Ҷ.Бузруков (деҳаи Зиддии н. Варзоб), Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (деҳаи Зиддии н. Варзоб), Фароғатгоҳи таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити ш. Ваҳдат), тули солҳои 2009-2013 дар донишгоҳ Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ этнологияи факултети таърих (н. Фархор), Маркази биотехнология, лабораторияи таълимӣ-истеҳсолии коркарди сангҳои ороишии назди Парки технологӣ, лабараторияи геоматикаи кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология, студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика ва маркази таълимии мубориза бар зиди хариду фурӯши одамон дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуданд.
Самти дигари фаъолияти шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони шуъбаи рӯзонае, ки аз ҳисоби буҷаи давлат гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳро хатм намудаанд, ташкил мекунад.
Бинобар сабабҳои объективию субективӣ ва дигар шудани вазъи сиёсию иқтисодии собиқ кишварҳои иттифоқ, аз ҷумла ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ бо ҷойи кор як навъ мушкилиеро пеш овард. Ин буд, ки 2-юми июли соли 2009, №391 қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси ҳамин қарори тасдиқшуда тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба роҳ мондааст. 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org