Бахши кор бо духтарон ва бонувон

Бахши кор бо духтарон ва бонувони донишгоҳ

Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  мақоми зан  боз ҳам фарогир шуда, имконияти иштироки  фаъоли онҳо  дар тамоми  бахшҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда  шудааст.       Бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ   фаъолияти  худро дар заминаи сиёсати давлат оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ,  фармонҳо ва супоришҳои Ректори ДМТ  ба роҳ мондааст.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 900 нафар занону духтарон кору фаъолият мекунанд. Дар шӯъбаҳои  рӯзона, ѓоибона ва магистратураи донишгоҳ  4771 нафар  духтарон таҳсил мекунанд.      Ба тариқи квотаи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар дар донишгоҳ  302  нафар донишҷӯдухтарон ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org