Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ дар самти масъалаҳои таълим, меҳнат, истироҳат ва корхои маданӣ-оммавӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.

Дар ДМТ то соли 1979 Кумитаи иттифоқи касабаи устодону донишчуён якxоя амал мекарданд ва дар яке аз конференсияҳои Xумҳуриявӣ ҳамон сол масъалаи xудо намудани Кумитаи иттифоқи касабаи донишxўён аз ҳайати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон гузошта шуда, ҳалли худро ёфт. Cабаби xудо намудани Кумитаи иттифоқи касабаи донишxўён аз ҳайати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон афзудани сафи донишxeён дар Донишгоҳ буд.

Кумитаро дар солҳои мавҷудияташ шахсони зерин роҳбарӣ намудаанд:

Ёқубов Мукам Холович , Расулов Абдуллоҷон, Аминҷонов Илҳом, Ниёзов Пӯлод.

Кумита дар солҳои фаъолияташ барои беҳтар намудани шароити таълиму истироҳати донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб корҳои назаррасро анxом додааст. ҳамчунон дар коркарди лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон таъмир ва ободонии хобгоҳҳо, ташкили истироҳатгоҳҳои саломатию варзишӣ, корҳои маданӣ-маърифатӣ ва пойгоҳҳои варзишӣ ширкати фаъолона меварзад.

Солҳои роҳбарии Ёқубов М.Х азбаски Кумита навташкил буд корҳои ташкилӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин солҳо дар назди Кумита клуби варзишӣ, клуби маданият ташкил карда шуд.

Ташкили санатория – профилакторияи «Шифо» истироҳатгоҳи солимгардонии «Ҷавонӣ», ташкили ансамбли «Наврўз» ба кўшишу заҳматҳои бевоситаи Расулов А.  вобастагӣ дорад.

Кумита дар солҳои роҳбарии Аминҷонов И. ва Ниёзов П. барои дастгирии донишҷўёни ятиму бепарастор ва камбизоат кўмакҳои беғаразона расонидааст.

Бо кўшишу заҳматҳои зиёди Ниёзов П. соли 1998 санатория -  профилакторияи «Шифо» аз хобгоҳи №2 ба марказ яъне ба хобгоҳи №3 кўчонида шуд. Дар ин солҳо хобгоҳи №3 баъди якчанд соли аз фаъолият бозмондан аз нав таъмир карда шуда, донишҷўёни эҳтиёҷманд ба манзил таъмин карда шуданд. Дар солҳои аввали роҳбарии Самиев З. билетҳои аъзогӣ иваз карда шуда, сафи аъзоён зиёд гардид.

Маҳз бо ташаббуси Самиев З. ва дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мунтазам фаъолият намуданани санаторияи «Шифо» маблаuҳои зарeрӣ xудо мегардад ва дар як вақт метавонад ба 40 нафар донишҷўёни ба табобат эҳтиёҷдошта хизмат расонад.

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён дар тақсими масоҳати истиқомати дар хобгоҳҳои Донишгоҳ бе восита иштирок намуда барои беҳтар намудани шароити истиқомат саҳм мегузорад.

Барои таъмин намудани талаботи донишҷўёни ба манзил эҳтиёҷ дошта, айни замон 5 хобгоҳи Донишгоҳ амал мекунад, ки дар онҳо 1860 нафар донишxe истиқомат мекунанд.

Дар пешбурди фаъолияти Кумита саҳми аъзоёни бюро Холиқназаров А. , Восконян Т., Машрабов., Авезов  Фарҳод,  Иззатуллоев А., Сангов А. Икромов Раҷабалӣ ва Собиров Н. назаррас аст.

Аз соли 2003 то имрўз Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўёни Донишгоҳро Самиев Зоҳидxон Қурбонович ба ўҳда дорад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org