Созмони ҷавонон

 

СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОХИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

 

Созмони ҷавонони Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои  таркибии сохтори донишгоҳ мансубмеёбад. Созмони ҷавонон барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду  вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мондааст. Созмони ҷавонон тибқи Низомномаи худ як чанд вазифаҳо дорад,ки барои амали гаштани онҳо пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Иштирок дар амалӣ гардидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон». Саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мактаби олӣ оид ба масъалаҳои донишҷўён. Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўён, кормандон ва олимони ҷавон. Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дўстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷўён ва олимони ҷавон. Ҳифзи ҳуқуқи донишҷўён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва маълумот. Ҷалб кардани ҷавонону донишҷўён ба идора  ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон. Тарбияи донишҷўён дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забо ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд. Ташкил кардани шўро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои донишҷўён. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ оиди масъалаҳои ҷавонони эҷодкор ва донишҷўён. Ҷалб намудани фондҳои махсуси гуногун (байналмиллалӣ, ватанӣ), корхонаҳои сарпараст барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва камбизоат. Таҳия ва ба Шўрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оиди беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии донишҷўён, кормандон ва олимони ҷавон. Мусоидат ва  саҳмгузорӣ дар самти рушди фарҳангу маданият ва корҳои эҷодии донишҷўён. Дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои судманд, ки баҳри тараққӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии донишҷўён нигаронида шудаанд. Барқарор сохтани робитаву алоқа ва ҳамкориҳои муфид бо ташкилотҳои марбут ба ҷавонон. Ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои донишҷўён, кормандон, олимони ҷавон ва ташкилотҳои онҳо. Омўзиш ва ба низомдарории пешниҳодоте, ки аз ҷониби донишҷўён ва ташкилотҳои онҳо дар масъалаи беҳдошти иҷроиши Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сурат мегирад. Дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароѓатии донишҷўён ва ташкилотҳои онҳо. Гузаронидани фестивалҳо, конфронсҳо, вохўриҳо, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷўён ва олимони ҷавон.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org