Тиббӣ

Декани факултет

доктори илмҳои тиб, профессор

Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф

Факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 таъсис ёфтааст.
Мутобиқи банди 118-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 33,53-и «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба сохтори Донишгоҳ тағйирот дар бораи таъсиси факултет аз 01.09.2015 дар заминаи факултети тиббию фарматсевтӣ факултети тиббӣ таъсис дода шуд.
Дар факултети тиббӣ 54 нафар омӯзгорони асосӣ, аз онҳо 1 академики Академияи илмҳои Россия, 4 нафар докторони илмҳои тиб, 20 нафар номзадҳои илм, 29 ассистент кор ва фаъолият мекунанд.

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ:

Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Турсунов Рустам Абдусамадович

Муовини декан оид ба тарбия Муллоев Вайсиддин Сайфидиннович

Эдвайзерони факултет:
Шералиев Муҳиддин Наҷмиддинович
Ашурова Нигора Саидовна
Чивонова Умеда Аъзамшоевна

Коргузори факултет:
Саидзода Фарзона Сироҷиддин

Айни ҳол дар факултет зиёда аз 1500 – нафар донишҷӯ аз рӯи 3 – ихтисос «Кори табобатӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ» ва «Электроникаи тиббӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба сохтори таркибии факултети тиббӣ ихтисосҳои зерин шомил карда шуданд:
1-79010100 – кори табобатӣ аз курси 1 то курси 6;
1- 79010400 – кори тиббӣ-ташхисӣ аз курси 1 то 5;
1- 31040306 – электроникаи тиббӣ аз курси 1 то 4.

КАФЕДРАҲОИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ
Кафедраҳои зерин ба таври зайл ба самти илмии факултети тиббӣ мутобиқ гардонида шуданд:

1. Кафедраи «Терапия» соли 2015 таъсис дода шудааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Солиев Фатто Гаппаралиевич мебошад. Дар кафедраи мазкур 1 нафар академики Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои тиб, профессор, 5 номзади илмҳои тиб, 6 ассистент ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Ин кафедра дар заминаи Беморхонаи клиникии №5 ш. Душанбе ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷойгир шудааст. Дар кафедра фанҳои бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, малакаҳои клиникӣ дар терапия, таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ва асабшиносӣ омӯзонида мешаванд.

2. Кафедраи «Ҷарроҳӣ» соли 2016 таъсис дода шудааст. Мудири кафедра доктори илмҳои тиб, дотсент Полвонов Шукрулло Бобоевич мебошад. Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб, 4 номзади илмҳои тиб, дотсент, 1 ассистент ва 1 лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи беморхонаи «Мадади Акбар» ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои ҷарроҳии умумӣ, амалиёти ҷарроҳӣ, осебшиносӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ, малакаҳои амалӣ дар ҷарроҳӣ, анестезиология ва реаниматология дарс мегӯянд.

3. Кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ» соли 2016 таъсис дода шудааст. Мудира кафедра н.и.т., дотсент Каримова Олтиной Абдусаломовна мебошад. Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб, профессор, 2 н.и.т., 1 ассистент ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ–гинекологӣ ва перинатологии ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои акушерӣ – гинекологӣ ва генетикаи тиббӣ дарс дода мешавад.

4. Кафедраи «Морфологӣ» соли 2016 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Нуралиев Маҳмадалӣ Дустмуродович мебошад. Дар кафедра 2 дотсент, 9 ассистент, 1 омӯзгори калон, 1 лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра фанҳои анатомияи одам, физиология, анатомияи патологӣ, физиологияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология омӯзонида мешаванд. Кафедра дар заминаи Маркази миллии тиббии “Шифобахш” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҷойгир шудааст.

5. Кафедраи «Эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ» соли 2014 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Ҳомидова Тӯҳфанисо Маруфовна мебошад. Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб, профессор, 3 н.и.т., 1 омӯзгори калон ва 1 ассистент кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра фанҳои эпидемиология, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакона, беҳдошти умумӣ, беҳдошти иҷтимоӣ, фтизиатрия, бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ, иқтисод ва идораи тандурустӣ, беҳдошти фарматсевтӣ омӯзонида мешаванд.

6. Кафедраи «Ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ» соли 2016 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра н.и.б., дотсент Ашурова Зебо Ҷамаловна мебошад. Кафедраи мазкури факултет дар заминаи бинои таълимии №3 ҷойгир аст. Дар кафедра 6 омӯзгор ва 1 лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Омӯзгорон аз фанҳои микробиология, биохимияи клиникӣ, ташхиси шуоӣ, иммунология, патология, ташхиси хун ва биоэтика дарс мегӯянд.

7. Кафедраи «Электроникаи тиббӣ» соли 2011 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Ғафуров Сафархон Ҷурахонович мебошад. Дар кафедра 3 омӯзгор ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Кафедра дар бинои таълимии № 3 ДМТ ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои математика, физика, геометрияи тасвирӣ, ҷузвҳои электронӣ ва сенсорҳои биотиббӣ, воситаҳои электронии ташхиси лабораторӣ, истеҳсоли маводи оптикӣ, маводи сохтмони биологӣ, дастгоҳҳои тиббӣ, система ва комплекс, таҳия ва технология, дастгоҳи электронии тиббӣ, асосҳои нигоҳдории энергия ва ғайра дарс мегӯянд.

8. Кафедраи «Асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ» соли 2016 таъсис дода шудааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна мебошад. Кафедра дар бинои таълимии № 3 – и ДМТ ҷойгир шуда, дар он 4 омӯзгор ва 1 лаборант кор ва фаъолият менамоянд. Аз онҳо 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 дотсент, 1 нафар омӯзгори калон ва 2 нафарашон ассистент мебошанд. Дар кафедра аз фанҳои асосҳои тайёрии тиббӣ, мудофияи шаҳрвандӣ, психологияи тиббӣ ва асосҳои тибби иҷтимоӣ дарс мугӯянд.

Факултети тиббии ДМТ бо 20 муассисаҳои тандурустии ш. Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад:

1. Муассисаи Давлатии маркази ҷумҳуриявии эспертизаи тибби судӣ;
2. ҶДММ «Мадади Акбар»;
3. Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул;
4. Беморхонаи клиникии сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе;
5. Дармонгоҳи дандонпизишкии шаҳрии №2;
6. Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»;
7. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»;
8. Беморхонаи клиникии шаҳрии №5;
9. Муассисаи Давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»;
10. Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ;
11. Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони ш.Душанбе;
12. Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
13. Пажуҳишгоҳи акушерӣ – гинекологӣ ва перинатологӣ;
14. Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон;
15. Беморхонаи клиники шаҳрии №3;
16. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм;
17. Беморхонаи клиникии сироятии шаҳрӣ;
18. Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина.
19. Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ – гинетикӣ
20. Муассисаи Давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2
Донишҷӯёни факултет машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии худро дар ин беморхонаҳо мегузаронанд.