Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим

Раҷабзода Фаридун Кишвар – муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим

Раҷабзода Ф.К. (тав. 20.02.1993), номзади илмҳои биологӣ, дотсент.  Дотсент Раҷабзода Ф.К. яке аз омӯзгорони ҷавон, масъулиятшинос ва донишманд буда,  соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо ихтисоси дорусозӣ хатм кардааст. Раҷабзода Ф.К. дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи фарматсияи факултети фарматсевтии ДМТ,  соли 2017 магистранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, соли 2020 муовини декани факултети фарматсевтии ДМТ оид ба тарбия,  солҳои 2019-2021 унвонҷӯйи кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии ДМТ, солҳои 2020-2021 муовини декани факултети фарматсевтии ДМТ оид ба таълим ва солҳои 2021-2022 сармутахасиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ – ро ба уҳда дошт.

Раҷабзода Ф.К. аз моҳи апрели соли 2022 то 2024 декани факултети фарматсевтии ДМТ буд. 

Дотсент Раҷабзода Ф.К. дар баробари таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин, ба пажӯҳиши самтҳои мухталифи соҳа машғул буда, муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Мавсуф дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф ва ҷавонон мебошад.

Раҷабзода Ф.К. дорандаи чандин ифтихорномаву сипосномаҳои сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи ДМТ, Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисто, Ифтихорномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника” (2024) мебошад.