Бо мақсади иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи морифи ҷумҳурӣ аз 22-юми декабри соли 2005», бо дарназардошти зарурати воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.09.2004, таҳти №698, мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 28.06.2007, протоколи №12 дар бораи гузариши тадриҷии ихтисосҳои ДМТ ба низоми кредитии таҳсилот, фармони ректори Донишгоҳ дар хусуси тасдиқ намудани Низомнома дар бораи ташкили ҷараёни таълим дар ДМТ бо истифодаи низоми кредитии таҳсилот ва аз оғози соли таҳсили 2007-2008 ба мавқеи иҷро вогузор кардани он, 3-юми сентябри соли 2007 таҳти №363-09 ба имзо расид.
Раванди воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ зарурати мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва талаботи Стандартҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро ба Стандартҳои байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Навъовариҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар одатан дар шакли татбиқи низомҳои нави таҳсилот (низоми бисёрзинагӣ – бакалавр, магистр ва доктори фалсафа (докторӣ PhD) ва низоми кредитии таҳсилот) ворид гардида истодаанд.
Шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ барои таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои меёрии ҳуқуқии низоми таҳсилоти кредитӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, назорати ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитии донишгоҳ сафарбар карда шудааст.
Имрӯз қариб тамоми ихтисосҳои донишгоҳ дар низоми таҳсилоти кредитӣ қарор дошта, дар 19 факултети донишҷӯён аз рӯйи ин низом таҳсил доранд.