Маркази биотехнологӣ

Сардор
н.и.б, дотсент, узви вобастаиАкадемияи муҳандисии ҶТ
Бобоҷонова Х.И.

   «Маркази биотехнологӣ» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009 № 667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707» («Таъсиси маркази биотехнологӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон») бо фармони ректори ДМТ аз 29.12.2009, № 653-09  дар назди Институти илмию-таҳқиқотии  ДМТ таъсис дода шуд.

   Маркази биотехнологӣ дар асоси Оинномаи ИИТ-и ДМТ ва Нақшаи чорабиниҳои ДМТ ҷиҳати иҷрои банди 8-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти рақами № 667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707» ва Низомномаи Маркази биотехнологии, ки бо имзои ректори ДМТ аз 1 декабри соли 2010 тасдиқ шудааст,  фаъолият дорад.

   9 декабри соли 2011 озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологӣ ба таври расмӣ боиштироки Нозимов А. – Сардори раёсати илм ва маорифӣ дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Раҳимов Ф.Қ.- муовини вазири Вазорати маорифи ҶТ ва намояндаҳои воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ гардид.

Мақсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодии он мебошад.

Вазифаҳои асосии марказ аз рушди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология; инкишофи пажӯҳиши бунёдї ва амалӣ; тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос; ҷустуҷӯи самтҳои таҳқиқоти замонавӣ иборат мебошад.

Самтҳои афзалиятноки Маркази биотехнологӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Аз ҷумла:  омӯзиши биологияи узвҳо ва бофтаҳои растанӣ; ба даст овардан ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани маводи мукаммали кӯчатӣ барои таҳқиқоти селексионӣ ва истеҳсоли тиҷоратӣ; такмили раванди афзункунии босамари микроклоналӣ ва нигаҳдории дарозмуддати маводи генетики растаниҳои муҳим, нодир ва нестшаванда;  омӯзиши таъсири омилҳои экологӣ ба муҳити зист ва ташшаккули усулҳои биотехнологии барқарор намудани экосистема.

   Бояд кайд кард, ки самтҳои интихобкардашудаи марказ ба  Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, №362),  Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №114),  номгӯйи самтҳои афзалият доштаи таҳқиқотҳои илмӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2000, №167) мувофиқат доранд.

Дар ташаккули Марказ, дар пешбурди корҳоии илмию тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.б., профессор А. Мӯминҷонов ва н.и.б. М. Анварова,  академики АИ  Ҷумҳурии Қазоқистон И.Р. Рахимбаев ва д.и.б. Э.М. Раманкулов,  олимони Ҷумҳурии Беларус д.и.к. Н.В. Кухарчик хеле зиёд аст.  

     Аз авали таъсисёбӣ Маркази биотехнологӣ бо чандин институтҳои илмию тадқиқотӣ шартномаҳои дуҷониба дорад. Аз ҷумла, бо Маркази миллии биотехнологияи Ҷумҳурии Қазоқистон (ш. Остона), Институти биология ва биотехнологияи Ҷумҳурии Қазоқистон (ш.Алмато), бо факултаи ҷуғрофи-биологии Академияи иҷтимої-гуманитарии ш.Самара, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Институти боғпарварї ва сабзавоткории Академия кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази илмии ш. Хуҷанд, бо якчанд сохторҳои илмии Академияи миллии илмии Ҷумҳурии Беларус (Институти ҷангал, Институти генетика ва ситология, Институти мевапарварӣ,  Институти ботаникаи эксперементалӣ ба номи В.Ф. Купревич) алоқаи хуби илмӣ дорад. Ва ин буд, ки дар асосӣ шартномаи дуҷониба кормандони Марказӣ биотехнологӣ С.Ф. Абдулалишоева ва С.Х. Бабаева) дар Институти мевапарварии АМИ ҶБ сатҳи донишу малаки худро баланд бардоштанд.

Мавзӯи илмии маркази биотехнологӣ «Коркарди тарзи тайёр намудан ва афзун гардондани маводи кӯчатии солимгардонидашудаи навъҳои маҳаллии  ангур дар шароити «invitro»  аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 тасдиқ гардид. Коллексияи Марказ 70 навъи ангурро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар Маркази биотехнологӣ 3 нафар номзадони илм ва 11 нафар мутахассисони ҷавон раванди корҳои илмиро ба уҳда доранд.

Дар марказ машварати илмӣ амал менамояд, ки моҳе ду маротиба баргузор мегардад ва дар он олимони варзида, меҳмонони мамлакат даъват мешаванд ва бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни биотехнологияи муосир баромад мекунанд. Аз натиҷаи тадқиқотҳои илмии кормандони марказ дар давоми се соли фаъолият (солҳои 2010-2012) бо маърӯзаи илмӣ дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун баромад намуда, дастовардњои илмии тољиконро ба ҷаҳониён муаррифї намудаанд. Аз тарафи кормандон дар муддати кӯтоҳ 23 мақолаю фишурдаҳои корҳои илмӣ-тадқиқоти дар Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Беларус, Олмон ва ИМА нашр шудаанд.