Мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилии ДМТ – Талабшо Иҳромов
Фаъолияти Марказ. Бо фармоиши ректори ДМТ аз 31.12.2019, таҳти №590-6 идораи нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ба Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ тағйри ном кард. Марказ дар як вақт ҳам кори нашрия ва ҳам фаъолияти сомонаи донишгоҳро (www.tnu.tj) пеш мебарад.
Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст, ки аввалин сармуҳарририи онро устоди факултети забон ва адабиёти рус В. Петрушков ба уҳда дошт. Нашрия аввалин маротиба 7.11.1956 чоп шудааст. Дар аввал нашрия дар ҳаҷми 2 саҳифа нашр мешуд.
Баъдан бо ташаббуси сармуҳаррири он Иззатмоҳ Афғонова (соли 1978), ки беш аз сӣ сол дар ин вазифа фаъолият кардааст, ба 4 саҳифа расонида шуд. Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» дар аввал гоҳнома, баъдан моҳнома ва ахиран ба ҳафтаномаю рӯзнома табдил ёфт. Ҳамин тавр дар солҳои ахир роҳбарии онро Сангин Гулов, Ҳафиз Раҳмонов ва Кароматулло Исмонов ба дӯш доштанд, ки дар давраи фаъолияти онҳо нашрия аз 4 саҳифа ба 16 саҳифа, аз як ранг ба чаҳор ранг ва аз сатҳи донигоҳӣ ба сатҳи ҷумҳуриявӣ расонида шуд.
Сомонаи донишгоҳ www.tnu.tj мебошад, ки он тамоми фаъолияти сохторҳои донишгоҳро инъикос менамояд. Дар саҳифаҳои сомона маълумоти мухтасар роҷеъ ба таърих ва фаъолияти илмию таълимӣ, тарбиявию хоҷагидории донишгоҳ гирдоварӣ шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавод нашр мекунад. Дар солҳои охир масъулияти сомона ба дӯши Бобосодиқова Нигина ва Бобоев Фузайл буд. Аз моҳи октиябри соли 2019 масъули сомона Бахтиёрова Амонсултон мебошад.
Кормандони Марказ дорои вазифаҳои зерин мебошанд: Муовини мудири Марказ (муовини сармуҳаррир), масъули сомона, хабарнигорон, тарроҳи марказ, корманди техникии сомона (оператор). Кормандони Марказ фаъолияти сомонаи факултетҳоро низ назорат менамояд.